#Се сафедор дар рӯймоли сурх". Ё қатли гулдухтарони ғармӣ
Explore tagged Tumblr posts
shahlohurshed · 4 months ago
Text
"Се сафедор дар рӯймоли сурх". Ё қатли гулдухтарони ғармӣ
sulayman.qanuni
Замони ёдоварӣ аз омӯзгороне расида, ки ба дасти каллабурҳои Фузайл Махсум афтоданд. Нашрияи «Комсомоли Тоҷикистон» дар пайравӣ аз як романи Чингиз Айтматов онҳоро «се сафедор дар рӯймоли сурх» номидааст.
Ин се нафар Сайрамбӣ Абдуллоева, Маълумбӣ Қосимова ва Оламбӣ Гадоева ном доштанд. Ҳамроҳи онҳо раиси ҷамоат Чиллабибӣ Ҳакимова низ боздошт шуда буд. Ин бонувони ҷавон тақрибан 20 сол доштанд. Онҳо пеш аз донишҷӯйи Шӯравӣ шудан хати форсиро, ки то соли 1928 дар Тоҷикистон истифода мешуд, хонда ва навишта метавонистанд. Ҳамчунин асосҳои дониши диниро омӯхта буданд. Онҳо тақдири гуногун, вале мушкили ба ҳам монанд доштанд.
Чиллабибӣ, духтари Ҳакими заргар ба як тоҷири афғон бо номи Асадулло, ки аз ӯ 20 сол калон буд, ба шавҳар баромада буд. Афғон ба Ҳаким, ки соҳиби серфарзанд буд, маҳри калон дода, хонаводаи занашро нигоҳубин мекард ва Чиллабибиро наранҷонда, ҳатто ба тасмими омӯзгор шудани ҳамсараш мухолифат накардааст. Ӯ бо тиҷорати фаромарзӣ машғул буд ва ба Афғонистон мерафту меомад. Дар ҷараёни яке аз ин сафарҳо ғоратгарон ба корвони савдогарон ҳамла карда, Асадулло дигар ба назди ҳамсари ҳомилааш, ки он замон раиси ҷамоат буд, барнагашт.
Духтари дигарӣ Оламбӣ низ тақдири душворе дошт. Ӯ падарашро дар ёд надошт ва модарашро зуд аз даст дод. Баъди модар хоҳараш ҳам фавтид. Кӯдаки 12-соларо шавҳари хоҳари фавтидааш ба занӣ гирифт ва духтар ҳамеша аз ӯ пинҳон мешуд. Ба гуфтаи ҳамдеҳагон, ҳамаи 105 ин бонуҳо зебо буданд, вале Сайрамбӣ ҳусни фавқулодае дошт. Дар ин бора рӯзноманигор Диловари Мирзо навиштааст (Гулҳои камари кӯҳ. Садои мардум, нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Се бонуи кӯҳистонӣ баъд аз поёни кур��и яксолаи омӯзгорӣ дар Ғарм ба зодгоҳи худ баргаштанд, то дар мактаби ҳафтсолаи деҳаи Ҳисорак, ки соли 1925 боз шуда буд, ба кӯдакон дарс диҳанд. Кӯдакон дар ин мактаб якҷоя, яъне духтарону писарон дар як синф, дарс мехонданд.
Дар мактаб барои калонсолони зану мард ҳам курсҳои саводомӯзӣ ташкил шуда буд.
Ба ҷуз аз се омӯзгор ва раиси ҷамоат Чиллабибӣ Ҳакимова, қаҳрамони панҷуми мо, Файзиннисо Шоҳназарова, духтари Шоҳназари човандоз ва куштигиру бузкаши машҳур ҳам ҳаст. Ӯ ҳамагӣ 18 сол дошта, ба омӯзгорони деҳа мадад мекард ва барои ба курси омӯзгорӣ рафтан ба Ғарм дар тирамоҳи он сол омодагӣ медид.
Босмачиҳо Файзиннисоро рӯзи 21-уми апрели он сол дар деҳаи Тахт дастгир карда, барои қатл бояд ба Ҳоит мебурданд, аммо духтари ҷасури паҳлавон дар роҳ, дар болои пули рӯди «Оби Кабуд» худро аз асп ба об партофт. Ӯ шино карда, ба берун аз деҳаи Ҳоит, дар ҷое, ки «Оби Кабуд» ба рӯди «Сурхоб» мерезад, ба соҳил баромада, ғайб мезанад.
Он замон босмачиҳо Оламбӣ, Маълумбӣ, Сайрамбӣ ва Чиллабибиро боздошт карда, ба Қалъаи Ҳоит, ки онҷо одамони зиёд ҷамъ шуда буданд, мебурданд. Фузайл барои ҷомаи «қонунӣ» бахшидан назари эшону муллои маҳаллиро дар робита ба эъдоми бонувон тариқи ба доровезӣ мепурсад, ва онҳо зуд розигии худро баён карданд.
Файзиннисоро бо гумони он ки дар дарё ғарқ шудааст, дигар намекобанд. Чиллабибӣ Ҳакимоваро, ки он замон ҳомила буд, огоҳии қатъӣ медиҳанд, то аз хидмати ҳокимияти «кофирон» даст кашад.
Босмачиҳо пеш аз қатл мехостанд чашмони духтаронро бибанданд, аммо Маълумбӣ ба ин иҷозат надода, мегӯяд, онҳо дузд ё хоин нестанд, ки аз кардаашон шарм доранд.
Файзиннисо ва Чиллабибӣ умри дароз диданд.
Қатли омӯзгор.
Фузайл Махсум ҳамроҳи духтарон мудири шуъбаи маорифи Ҳоит Каримҷон Хусейнзода, бародари адабиётшиноси маъруф Шарифҷон Ҳусейнзодаро ба қатл расондааст. Омӯзгори 28-сола, ки аз Конибодом ҳамчун мудири шуъбаи маориф ба Қаротегин фиристода шуда буд, вақте гурӯҳи Фузайл наздик мешавад, ба Ғарму Душанбе бо изтироб менависад, ки ба ҷуз аз омӯзгорони худ ба каси дигар бовар надорад ва кумаки мусаллаҳона талаб мекунад.
Ба ӯ кӯтоҳ ҷавоб медиҳанд, ки аслиҳа нест, сарбоз нест, нигоҳ доред ва ташвиқ кунед. Вақте гурӯҳ ҳуҷум кард, Каримҷон дар кӯҳсор ғайб зад, вале аз аҳолӣ касе хиёнат накард. Ӯро аз 21 то 27-уми апрел дар ҳабс нигаҳ дошта, сипас ба қатл расонданд. Ба гуфтаи маҳбусон, Каримҷон Ҳусейнзода худро «хеле уст��вор нигаҳ дошта, маргро мар-донавор қабул кардааст».
Духтаронро бо амри Фузайл дафн карданд. Маросим тибқи урфу одати мусалмонӣ набуд. Бо онҳо ҳамчун бедин муносибат карданд.
Ҷасадҳоро дар як қуттӣ партофта, дар канори деҳа ҷудо аз қабристони умумӣ ба хок супурданд.
Бо гузашти бист сол, вақте соли 1949 дар Ҳоит заминларзаи сахт сурат гирифт, офати табиӣ ба таври муъҷизавор қабрҳоро ��обуд насохт. Баъди заминларза, дар наздикии Ҳоити таърихии зерихокмонда деҳаи Ҳоити 2 бунёд карда шуд. Ҷасади духтаронро соли 1967 ба ҳудуди мактаби миёнаи ба номи Каримҷон Ҳусейнзода дар Ҳоити нав интиқол дода, онҷо муҷассамаи ёдгориеро бо ситораи сурх ва лавҳаи номҳо гузоштанд.
Баъдан (санаи дақиқ барои муаллиф маълум нест, вале тахминан панҷ сол пеш аст) вақте мактабро васеъ карданд, муҷассама дубора ба ҷойи дигар интиқол дода шуд. Ҳамдеҳагони духтарон боқимондаи ҷасадҳоро дубора кафан карда, дар қуттии нав гузоштаву дар болои қабр як муҷассамаи хоксоронатареро бо ситораи панҷгӯша монданд, вале бидуни лавҳаи номи онҳо. Каримҷон Ҳусейнзодаро ба фарқ аз духтарон дар рустои Полезаки ноҳияи Тоҷикобод, дар паҳлуи қабри диншиноси маъруф Мавлоно Нозим бо ифтихор ба хок супурданд.
Рӯзноманигор Диловари Мирзо ва таърихшинос Абдулло Ғафуров пажӯҳишҳои худро ба қисмати фоҷиавии таърихи тоҷикон бахшидаанд, ки ба эъдоми омӯзгорон марбут аст. Образи умумии аввалин муаллимонеро, ки аз тарафи мутаассибони динӣ таъқиб шуда буданд, шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода соли 1954 дар достони худ «Ҳасани Аробакаш» офаридааст. Зайнаби ӯ дар иҷрои ҳунарманди хушном Мукаррама Камолова дар филми «Ҳасани Ароба-каш»-и Борис Кимиёгаров маъруф аст, ки соли 1965 ба навор гирифта шудааст. Зайнаб дар хотираи тоҷикон бо осебпазирӣ, вале беҳамтоии «сафедор дар руймоли сурх» мемонад.
Нақши бонувон дар таърих ва дин.
Албатта, сарнавишти се зани кӯҳистонӣ, ки 95 сол пеш ба дор овехта шудаанд, ҳатто дар байни онҳое ҳам, ки имрӯз аз ҷунбиши босмачиён ва Фузайл Максум ҷонибдорӣ мекунанд, эҳсоси нороҳатиро ба вуҷуд меорад.
Ҳарчанд таърихнигорон, рӯзноманигорон ва адибон ба ин ҳодисаи ҷанги шаҳрвандӣ баҳо додаанд, дар умум имрӯз дар Тоҷикистон касе аз ин се омӯзгор ёд намекунад. Ба номи онҳо на муҷассама гузошта шудааст, на мактаб ва на кӯчае номгузорӣ гаштааст. Чаро? Шояд барои он ки суннати таърихии тоҷикон ҳамеша мардро дар маркази рӯй-додҳо қарор додааст ва сабаб нобаробарии гендерист? Занон дар миёни пешвоёни ҷомеаи мусулмонӣ набуданд ва нахоҳанд буд. Онҳоро роҳ намедиҳанд, зеро шахсияти мардон нисбат ба занон муҳимтар дониста мешавад. Дар зимн, замоне ки таърихи тоҷикон гардишҳои фоҷеабореро пеш мегирад ва шоҳиди хунрезӣ мешавад, қурбонии асосӣ заифтарин қишри ҷомеа - занҳо мешаванд. Саргузашти «сафедорҳои тоҷикӣ дар рӯймоли сурх» ва ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандии ахир далели ин гуфтаҳоянд.
Дар ҷомеаи мусулмонӣ ҳар касе, ки ба қудрат мерасад, нахуст тавассути ташкили назорат бар занон талош мекунад, то мавқеи худро устувор созад. Қадами аввалини «бек»-и худхонда Фузайл Махсум ҳам ба қатли оммавӣ ҳамчун эътироз ба қабули занон дар соҳаи ма-ориф ва тадриси якҷояи намояндагони ҳар ду ҷинс бесабаб набуд.
Гурӯҳи «Толибон» дар Афғонистон низ ҳамин гуна рафтор карданд ва ҳоло ҳам мекунанд. Дар дин ва маориф, мардон нақши мураббӣ ва омӯзгорро инҳисор (монополия) кардаанд. Ин нобаробарии ҷинсӣ на танҳо дар Ислом, балки дар Масеҳият низ мушоҳида мешавад. Занон аз имкони ворид кардани таҷриба ва нуқтаи назари худ ба ташаккули фарҳанги расмии динӣ маҳруманд. Занон бояд чи гуна либос пӯшанд, чи гуна рафтор кунанд, барои онҳо чи иҷозат аст ва чи не, бидуни иштироки онҳо муайян карда мешавад.
Эроди дигар дар бораи воқеаҳои фоҷиавии охирҳои баҳори соли 1929 дар Қаротегин. Боис ба таассуф аст, ки касе аз наслҳои минбаъдаи ҳамватанони қаҳрамонони очерки мо ҷуръат накард, ки маросими дафни ҷасади онҳоро дуруст анҷом диҳад. Дар сари тобути мусалмонон ҳамеша барои оромиши рӯҳ дуо хонда мешавад, аммо ҷасади он духтарон имрӯз мунтазири интиқол ба қабристон ва анҷоми расму ойинҳои зарурӣ ҳастанд.
Камолуддин Абдуллоев 15-уми июли соли 2024.
Tumblr media Tumblr media
2 notes · View notes