Don't wanna be here? Send us removal request.
Text
الوضع فى شمال أفغانستان: بيان المركز الصحفي للجنة الدولة للامن الوطني لجمهورية طاجيكستان
0 notes
Text
در مورد وضعیت در شمال افغانستان. بیانیه مرکز مطبوعات نیروهای مرزبانی کمیته دولتی امنیت ملی جمهوری تاجیکستان
0 notes
Text
О СИТУАЦИИ НА СЕВЕРЕ АФГАНИСТАНА. Заявление Пресс-центра Пограничных войск ГКНБ Республики Таджикистан
0 notes
Text
ON THE SITUATION IN NORTHERN AFGHANISTAN. Statement of the Tajik Border Troops Press Center
0 notes
Text
ОИД БА ВАЗЪИЯТ ДАР ШИМОЛИ АФҒОНИСТОН. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ
0 notes
Text
О СИТУАЦИИ НА СЕВЕРЕ АФГАНИСТАНА. Заявление Пресс-центра Пограничных войск ГКНБ Республики Таджикистан
0 notes
Text
МАСЪАЛАИ ТАШАККУЛИ ИНСОН ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Муқаддима
Дарки воқеияти иҷтимоӣ, муайян кардани ниёзҳои мардум, масъалагузорӣ ва ҳаллу фасли онҳо аз рукнҳои асосии сиёсати давлатдорӣ мебошанд. «Тавре мебинем, ҳама гуна давлат як навъ муколамаро мемонад, машварат ҳам кӯшиши (stokhadzontai) ин ё он некӣ карданро дорад. Гузашта аз ин, аз ҳама бештар ва аз ҳама накуиҳо оне волотар аст, ки муҳимтарин бошад ва чунин муколама кулли самтҳоро дар бар гирад. Ана ҳамин муколама давлат ном дорад ё ин ки муколамаи сиёсист» (Аристотель. Политика. − М.: Рипол классик, 2010. − С. 24).
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат (26-уми январи соли 2021) ҳамин манзалатро дорад.
Дар Паём муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти давлат – сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавӣ ва таъмини амнияти давлатӣ, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм мавриди таҳлил, арзёбӣ ва хулосабарорӣ қарор гирифтаа��д.
Илова бар ин, рушди фитрати инсонӣ, аз ҷумла, масъалаҳои таълим ва тарбияи омма, ташаккули хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аз мавзӯъҳои калидии Паём маҳсуб мегарданд.
Боиси қаноатмандист, ки зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар соҳаи мактаб ва маориф насли нав ба камол расид. Он дар кулли самтҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар муваффақона фаъолият мекунад. Имрӯз ва ояндаи рушди мамлакат ба дониш, касбият, таҷриба, ҷаҳонбинӣ, маънавиёт, эҳсоси масъулият ва ҷавонмардӣ, яъне сифатҳои шахсии насли нав пайвастаг�� дорад. Ва маҳз ба ҳамин хотир ин ҷараёни солим ва табиии рушди ҷомеа сазовори дастгирии ҳамаҷониба мебошад.
Сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳқиқоти алоҳидаи мукаммал ниёз дорад. Он бояд дар асоси методҳои сирф илмӣ мавриди омӯзиши густурда қарор бигирад. То насли имрӯза ва оянда бидонанд, ки дар солҳои навадуми асри гузашта ва даҳсолаҳои минбаъда тавассути хизматҳои ҷоннисоронаи Сарвари давлат дар мамлакат чӣ гуна инқилобҳои маданӣ ва фарҳангӣ сурат гирифтанд ва онҳо дар рушду такомули инсон ва ҷомеа чӣ натиҷаҳо ба бор овардаанд.
Кӯшиши ҳаддалимкони дарки муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат дар соҳаи маънавиёт, илму маориф ва тарбияи инсон мавзӯи баҳси мо мебошад.
Иқтисодиёт ва маориф
Маълум аст, ки дар муносиботи ҷамъиятӣ ҷанбаҳои иқтисодӣ мавқеи муайянкунанда доранд. Ва муҳтавои ҷаҳонбинӣ, шеваи тафаккури инсон дар ҷомеа аз онҳо сарчашма мегирад.
Арзишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавиёт, маҳз тавассути муносибатҳои истеҳсолӣ ташаккул меёбанд ва низоми муайян пайдо мекунанд. Дар ин ҷараён омилҳои дигар, аз қабили характери миллӣ, оила, муҳит, муҳтавои тарбия ва таълим низ, албатта, таъсиргузор ҳастанд. Аммо шакли иштирок дар фаъолияти дастҷамъонаи истеҳсолӣ, ки ба пешрафти ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа нигаронида шудааст, дар рушди инсон нақши аслӣ дорад.
Маҳз ба ҳамин хотир, Роҳбари давлат ҳангоми муҳокимаҳои муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ қисмати асосии суханрониҳои хешро дар асоси маълумоти дақиқ ва таҳлилҳои амиқ ба соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат мебахшад. Ҳамзамон бо ин, илм, фарҳанг ва маънавиёти ҷомеаро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи пойдевори мамлакат мешуморад. Кӯшиш менамояд, ки ҷаҳонбинии ҷомеа аз ҷараёни тараққиёти иқтисодии давлат ақиб намонад ва ҳатто дар ҳолатҳои муайян аз он пештар қадам гузорад ва омили таконбахши рушди ҷомеа бошад.
Омӯзиши асарҳо, аз ҷумла Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки масъалаҳои ҷаҳонбинӣ ва ба ҳаёти давлатдории навин мувофиқ гардонидани маънавиёти миллиро Сарвари кишвар дар алоқамандии ногусастанӣ бо таърихи миллат мешуморад. Усули ба эътибор гирифтани ирсият, пайдарпайӣ, яъне муттасилиро дар ташаккули маънавиёти миллӣ омили муассири бунёди давлати миллӣ медонад.
Принсипи таърихият ва масъалаҳои рушди тафаккур
Роҳбари давлат ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолият дар сарсухани худ ба «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аз ҷумла таъкид карда буд: «Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ни��гонамон сабақ мегирифтем, шояд тӯфони офатбори ҷанги гражданӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт. Охир як сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо мероси таърихӣ аст. То хотираи қавии таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостон маҳфуз аст, ҷомеа аз худ накунад, аз хираду заковати гузаштагонамон баҳраманд нашавад, дар тамоми риштаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонад» (Б. Ғафуров. «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав». – Душанбе: Дониш, 2008. − С. 5).
Таваҷҷуҳи хос ба принсипи таърихият дар Паёми навбатии Пешвои миллат аз ҳамин мантиқи хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ сарчашма мегирад: «Дар ин сол мо ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандиро дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО таҷлил кардем».
Таҳқиқ ва омӯхтани маводи таърихӣ дар асоси далелҳои муътамад ба мақсади муайянсозии ҳақиқати таърихӣ яке аз ҷанбаҳои мавриди таваҷҷуҳи махсуси Раҳбари давлат мебошад. Ӯ донистани қонунмандӣ ва ҳаракати тафаккурро ба хотири дарки раванди шаклгирии воқеияти тақдири миллат пояи маърифатнокӣ мешуморад.
Ҷараёни расидан ба қадри Ватани аҷдодӣ, шинохти аслияти фардӣ ва арзишҳои миллиро бо зарурати дарки суботу оромиш ва сулҳу осоиш ҳамчун асоси пешравии ҷомеа, дар андухтани донишҳо, аз бар кардан ва омӯхтани сарнавишти миллати тоҷик медонад.
Мантиқи диалектикӣ ва инкишофи ҷаҳонбинӣ
Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки дар назди давлати миллии мо қарор дорад, сохтани ҷаҳонбинӣ, ба вуҷуд овардани ҳисси баланди хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аст. Таъкиди доимии Пешвои миллат иборат аз он аст, ки тарбия ва таълим бояд қудрати бузурги дигаргун сохтани инсонро ба манфиати ҷомеа ва рушду нумӯи он дошта бошад.
Бидуни шак, аз ёд кардани порчаҳои назмиву насрӣ, хондани китоб ва аз худ намудани донишҳо оғози кор аст.
Агар мағзи инсон тамоми асрори дунёро дар худ ҷо кунад, аз донишҳо ғанӣ гардонад, аммо онҳоро таҳлил, баррасӣ, арзёбӣ ва ҳамвазн бо воқеияти зиндагӣ истифода карда натавонад, рафтору амали ҳаррӯзаи хешро тибқи ин донишҳо ҷараён набахшад, монанд ба китобхонае мешавад, ки пур аз сарвати илму маърифат, аммо беҷон аст. Амал карда наметавонад.
Ақидаҳои хурофотие, ки ҳатто ба тафаккури мардуми доно ва огаҳ, дар ҷанбаҳои гуногуни илм, махсусан илмҳои дақиқ, аз ҷумла зистшиносӣ, одамшиносӣ ва табиатшиносӣ ҳоким ҳастанд, аммо моҳияти масъалаҳои тараққиёти табиат, ҷамъият ва тафаккурро ҳамчун падидаи фавқуттабиӣ мефаҳманд ва тафсир мекунанд, аз ҳамин мафкура маншаъ мегиранд. Яъне доштани тавони инъикоси объективии шаклҳои мантиқӣ бо хосияти аслии онҳо дар майнаи инсон кори чандон саҳлу осон нест.
Қонунмандии ҳаракат ё наздикшавии тафаккур ба донистани воқеияти реалӣ тавассути донишҳои илмӣ ҷузъи муҳимми мундариҷа ва сифати идрок аст. Ин нукта водор месозад, новобаста аз ҳуҷҷати тасдиқкунандаи тахассусмандӣ, дараҷаи маълумот (миёна, олӣ, унвонҳои илмӣ), машғулият дар сохтори давлати дунявӣ (миллӣ) ба инобат гирифта шавад, ки дараҷаи тасаввуроти илмии шахсияти мавриди назар дар кадом поя аст. Соҳибилм аст ё донишу ҷаҳонбиние, ки дорад, ҳанӯз ба илм тавъам ва ҳамвазну ҳамгун нагаштааст, «зуҳуроти хизматӣ», муваққатӣ, аз рӯйи зарурат, як навъ намоишкорӣ ва ҳатто тавре ки маъмулан мегӯянд, «изҳори фазл» аст.
Дар истиноди ёдшудаи Роҳбари давлат дар муқаддимаи асари «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров, ки қимати як асари бузурги илмиро дорад, мантиқи диалектикӣ бо истифода аз ҷумлаҳои мураккаби сертаркибаи мансуб ба шарт, сабаб ва натиҷа омадааст ва дар он омилҳои фоҷиаи дарозмуддати миллӣ ниҳоят дақиқ, амиқ, возеҳу равшан, бо дарки масъулияти бузурги давлатдорӣ ва тақдирсозии ҳидояткунанда, асоснок тафсир шудаанд. Аз нигоҳи ӯ маҳз надонистани гузаштаи миллат «сабабгори тӯфони офатбори ҷанги шаҳрвандӣ» гардидааст, ки бешубҳа ва бемуболиға дуруст аст.
Дар таълимоти Пешвои миллат илм, дониш, маърифат ва фарҳанг аз омилҳои наҷотбахши давлати миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ шуморида мешаванд. Аз мантиқи даъвати рӯй бар ин ганҷ ниҳодани Сарвари кишвар бармеояд: мо ҳамон вақт ҳадафмандона, оқилона ва муваффақона давлати миллии худро месозем ва онро аз таҳти дил, бо тамоми ҳастӣ − бошуурона ҳимоя карда метавонем, агар хонем, омӯзем.
Озмунҳои «Тоҷикистон − Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фуруғи маърифат» дар баробари ин ки инқилоби фарҳангии Пешвои миллат доир ба ташкилу танзими тарзи ҳаёти нав мебошанд, оғозгари таҳавуллоти ҷиддиву бунёдӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат низ ба шумор мераванд.
Методологияи таҳияи Паём ва сохтори мантиқии он низ, тавре хотирнишон шуд, таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунад. Яъне мардум вақте ҷиддан, бори дигар дар сатҳи олӣ ба хондани китоб даъват гардид, ки имконоти комил ва дастрасӣ ба ин ғизои маънавиро пайдо кард: Ватанаш осуда, хонааш обод, дастархонаш пур аз неъмат, хотираш ҷамъ гашт. Мулк равшан шуд. Корхонаҳо ба кор даромаданд. Киштзору мазраву боғҳо саб��у хуррам ва серҳосил шуданд. Роҳу нақбҳо бунёд гардид. Дидори якдигарии қавми чор мулки асл, ки қаблан фаслҳо дошт, васл ва муттасил гашт. Тибқи урфу одати миллӣ қонунмандӣ пайдо кард. Мулк ваҳдатобод, Тоҷикистон гулистон ва умедгоҳи ҳама ҳамватанон шуд. Беҳтарин мактабҳо бо шароиту имконоти сатҳи олӣ, ки макони хуби донишандӯзианд, бунёд гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз усули муқоисавӣ−таърихӣ рақамҳоеро мисол меорад, ки умумият ва фарқияти соҳаи маорифро дар самти тайёр кардани кадрҳо дар гузашта ва имрӯз баръало нишон диҳад: «Чунонки борҳо хотирнишон карда будам, то замони истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекард.
Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст» (Ҳамон ҷо. − С. 25).
Сифат ва масъалаҳои таълим
Дар баробари дастовардҳо дар соҳаи рушди инфрасохтории маориф, Роҳбари давлат ба он ишора мекунад, ки тағйироти миқдорӣ ҳанӯз нишонгари дараҷаи касбият ва тахассусмандии хатмкардагони мактабҳои олӣ буда наметавонад. Зеро ниёзҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар маҳз тавассути сатҳи баланди касбии кадрҳо таъмин карда мешаванд. Аз ин рӯ, ӯ доир ба касбомӯзӣ ва омодагии кадрҳо сухан ронда, таъкид месозад, ки кордонӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ бояд сифатҳои воқеии корманд бошанд.
Тағйироти мусбати миқдории инфрасохтори соҳаи маорифро ёдовар шуда, Сарвари миллат ҳамчунон ишора мекунад: «Бо вуҷуди ин, таъкид месозам, ки аз ҷониби роҳбарони Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар масъалаи қабули довталабон ва тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифат эътибори аввалиндараҷа дода шавад» (Ҳамон ҷо. − С. 5).
Тахассусмандӣ ва сифатҳои шахсии соҳибкасб аввалин аломатҳое ҳастанд, ки омма онҳоро зуд эҳсос мекунад. Интизории ҷомеа аз хатмкардагони мактабҳои миёна, олӣ, соҳибунвонҳои илмӣ он аст, ки тибқи дараҷаи эълоншудаи маълумот шахс аз худ амалҳои судманди баробарвазн ва ҳатто зиёда аз онро нишон диҳад.
Маориф ва сиёсат
Маънии марказонидашудаи давлат – таъмини амнияти ҷомеа, рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аст. Ин мафҳумҳо бо мактаб, маориф, ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти ҷомеа робитаи мустақим доранд.
Одамон ҳама вақт дар он сохти ҷамъиятие зиндагӣ мекунанд, умр ба сар мебаранд, ки дар натиҷаи тарбия ва таълим ба он расидаанд. Ба ибораи дигар, ҷомеа сазовори сохти давлатдорӣ ва сифати зиндагиест, ки афроди он дар давраи муайяни таърихӣ, тавассути ҳосил кардани донишҳо, сохтани ҷаҳонбиниҳо, эътиқодҳо ва боварҳо ҳамин сохти давлатдорӣ ва сифати зиндагиро ба вуҷуд овардаанд. Зеро низомҳои сиёсие, ки аз беруни давлат ба ҷомеа таҳмил карда мешаванд, тарзе таърих исбот кард, ноустувор ва ҳалокатбор хоҳанд буд.
Дар ҷомеае, ки ба пайдоиши а��оматҳо ва зуҳуроти бегонапарастӣ, зиддимиллӣ, иртиҷоӣ, хурофотӣ бетафовутӣ зоҳир шудааст, гурӯҳҳои муайяни ҳукуматхоҳ аз фурсат истифода карда, қудрати сиёсиро ба даст гирифтаанд. Дар ин раванд, арзишҳои миллӣ, ки асоси истиқлолият ва рушди давлатро ташкил мекунанд, поймол мешаванд. Мардумони ғафлатзадаи он то даҳсолаҳои дигар ҳам умеди бозгашт ба асли хешро надоранд. Ҳамин тариқ, муътақид бояд буд: «Шакли раҳбарӣ, пешбарии қудрате, ки мо дорем, қисмате аз тарбияи моро ташкил мекунад» (К. Гельвеций. О человеке. − М.: Азбука, 1928).
Тарбия ва таълим муҳимтарин воситаҳои ҳимояи сохти давлатдорианд. Зеро, дар сурати беэътиноӣ маҳз онҳо омили тағйири сифатӣ − шикасти давлат ва ҷомеа шуда метавонанд.
Вақте дар бораи тарбия сухан меравад, он танҳо мактаб ва низоми маорифро дар назар надорад. Дар ин маврид, муносибат ва имконоти таъсиррасонии давлат ба ҳар як шаҳрванд, сарфи назар аз синну сол, шуғл, манзалати иҷтимоӣ, эътиқодмандӣ ва макони зисти ӯ низ ба эътибор гирифта мешавад. Манзалати ифтихории «шаҳрванд» − ҳуқуқ ва вазифаҳои ӯ чунин муносиботи ҷамъиятиро танзим мекунад, таъмин месозад ва кафолат медиҳад.
Кӯшишҳои нобасомони гурӯҳакҳое, ки мехоҳанд масъулияти давлатро нисбат ба тарбияи кӯдак, наврас ва калонсолон зери шубҳа гузоранд, содалавҳӣ, ғайриилмӣ, аммо бошууронаву мақсаднок ва аз лиҳози ҳуқуқию сиёсӣ комилан беасос аст.
Принсипҳои соҳибистиқлолӣ, ҳуқуқбунёдӣ, ягонагӣ ва дунявият талаботеро ба миён мегузоранд, ки давлат барои нигоҳ доштани сохти конститутсионӣ, ташаккули ҷаҳонбинии ба он мувофиқ уҳдадорӣ ва вазифаи истисноии худро мустақиман, аз ячейкаҳои одӣ то сатҳи олии ҷомеа бояд иҷро кунад. Ин вазифаи давлат, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, ихтиёрӣ нест. Онро Конститутсия муайян кардааст. Давлат тавассути ҳукумат муваззаф аст, масъулияти хешро «бо кулли имконоти дарихтиёрбуда» (ибора аз Конститутсияи ИМА) таъмин намояд.
Ҳамин тариқ, муайян кардани барнома, мундариҷа, моҳияти тарбия ва таълими омма аз вазифаҳои бузурги давлатдорӣ маҳсуб мегарданд.
Баъзе мухолифони сохти давлатдории миллии мо бар зидди ин воқеияти ҳуқуқӣ амал карда, бо ҳамин роҳ фитнабарангезӣ карданӣ мешаванд. Тавре мебинем, чунин амали хато аз адами завқи ҳузуру надонистани назми умури давлатдорӣ, ки барабас орзуи онро доранд, шаҳодат медиҳад.
Алоқамандии бевосита ва масъулияти давлатро дар тарбияи одамон дар доираи мактаб, маориф, донишгоҳ, коргоҳҳои хизмати давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, масҷид, маъракаҳои суннатӣ ва муассисаҳои таълими динӣ бузургтарин мутафаккирони олам Афлотун, Суқрот, Абулқосим Фирдавсӣ, Унсуралмаолӣ Кайковус, Низом ул Мулк, Саъдии Шерозӣ, Аҳмад Махдуми Дониш, Садриддин Айнӣ ва садҳо хирадмандони дигар низ эътироф, таъйид ва ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ таъкид кардаанд.
Барои мисол, Аристотел, ки ӯро аз асосгузорони илмҳои энсиклопедии олам – фалсафа, сиёсатшиносӣ, тиб, математика, назмшиносӣ ва мантиқ шинохтаанд, ҳанӯз дувуним ҳазор сол пеш ба ин савол посух дода, бе дудилагӣ ва қотеона таъкид кардааст: «Дар он давлатҳое, ки ба ин масъала (тарбия − С. Я.) беэътиноӣ мекунанд, худи сохти давлатдорӣ зарар мебинад. Охир, барои ҳар як сохти давлатдорӣ – тарбияи ба он мувофиқ аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Ҳар як сохти давлатдорӣ бо хосияти алоҳидаи худ аз дигараш фарқ мекунад. Он чизе, ки ба тарзи маъмулӣ барои ҳимояи ин сохти давлатдорӣ хизмат мекунад ва онро аз аввал муайян месозад, тарбия аст» (Аристотель. Политика. − М.: Рипол классик, 2010. − С. 352).
Аристотел, барҳақ, таъкид кардааст, ки зуҳури давлат худ як нақша ё ин ки барнома аст. Он тибқи мақсадҳои мушаххас арзи вуҷуд мекунад. Ана маҳз ҳамин мақсад бояд тавассути тарбия рӯйи кор оварда шавад ва амалӣ гардад. Зарур аст, дар ҷомеа ҳама аз рӯйи як барнома – он чиро ки худи давлат мақсадгузорӣ кардааст, таълиму тарбия бигиранд: «Ба хотири он ки тамоми давлат фақат як мақсадро пайгирӣ мекунад, ҳамакнун аниқ аст, ки барои тамоми шаҳрвандон тарбияи якхела зарур аст. Аммо масъулият барои тарбия бояд ташаббуси давлат бошад, на ташаббуси шахсӣ» (Ҳамон ҷо. – С. 352).
Таҳлил, баррасӣ, арзёбӣ ва хулосабарориҳо оид ба сабаб ва оқибати ширкат дар ҳаракатҳои террористӣ, аз ҷумла, «Ансоруллоҳ»-и собиқ ҳизби террористиву ифротгарои наҳзати ислом, «Ихвон-ул-муслимин», «ал-Қойида», «Давлати исломӣ» ва ғайраҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки таълиму тарбияи берун аз доираи барномаи давлатӣ суратгирифта хизмати мустақим ба равияҳои зиддимиллӣ, пеш аз ҳама, созмонҳои террористӣ мебошад.
Ба ақл, хирад, дониш ва дурандешии Аристотел дар бораи мафҳум, мантиқ ва табиати давлатдорӣ эҳтиром бояд гузошт. Ӯ дар бораи муҳтавои тарбия ва таълим сухан ронда, таъкид мекунад: «Набояд фикр кард, ки гӯё ҳар як шаҳрванд − худ ба худ аст; не, ҳамаи шаҳрвандон ба давлат тааллуқ доранд, барои он ки ҳар яки онҳо пораи давлат мебошанд. Ғамхорӣ дар бораи ҳар кадоми онҳо, табиист, ки ғамхорӣ (тарбия ва нигоҳубин – С. Я.) нисбат ба ҷамъият аст». (Аристотель. Политика. − М.: Рипол классик, 2010. − С. 352).
Мафҳуми давлат, сохти давлатдорӣ ва тарбияи шаҳрванд истилоҳоти аз лиҳози маънӣ ҳамсанганд. Файласуфи машҳури фаронсавӣ Клод Адриан Гелветсий (1715-1771) таъкид мекунад: «Дар ҳар як давлат санъати ташаккули инсон то дараҷае ба шакли давлатдорӣ пайванд мебошад ва бисёр шубҳаовар аст, ки ворид кардани тағйирот дар тарбияи ҷамъиятӣ бе тағйир додани сохти давлатдорӣ имкон дошта бошад» (К. Гельвеций. Об уме. – М.: 1938).
Модоме ки тамоми хушбахтиҳо ва бадбахтиҳо аз тарбия вобастагӣ дорад, он таваҷҷуҳи афрод ва қувваҳои гуногуни ҷомеа ва пеш аз ҳама, бозигарони геополитикиро ба худ ҷалб мекунад. Гелветсий дар ин маврид менависад: «Низоми тарбия ҳама вақт баҳснок аст ва агар кулли ин фаъолиятро ба мақсади ягона пойбанд накунанд, номуайян мемонад. Ин мақсад чӣ гуна бояд бошад? – Манфиатдории бештари ҷомеа аз чунин некӣ, қаноатмандии аз ҳама бештари ҷомеа аз натиҷаи ин навъи накукорӣ, хушбахтии бештари шаҳрвандон аз ин амал» (К. Гельветсий. О человеке. − М.: Азбука, 1938. − С. 5).
Саволи ниҳоят одӣ, аммо пурмаънои Роҳбари давлат, ҳамчунон посухи мантиқии ӯ: «Мамлакатро кӣ обод мекунад? Мутахассис, соҳибкасб, шахси донишманд!» паёми абадии шахсияти бузурги илммеҳвар аст. Акси ин садо мудом саросари кишварро пахш мекунад.
Ба ақидаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инсон як умр бояд илм омӯзад. Аз фарҳанг ва таҷрибаи зиндагӣ баҳравар бошад. Аз онҳо хулоса барорад. Дар ин маврид, мухотаби Сарвари давлат танҳо хонандагон ва толибилмон нестанд. Миллат, тамоми мардум аст.
Воқеан, дониш андӯхтан, илм омӯхтан ҷараёни беохири бархӯрди инсон бо табиат, ҷамъият ва тафаккури зудтағйирёбанда мебошад. Дар ин маврид, муҳандиси бузурги рӯҳи инсон Гелветсий менависад: «Ҳоло ҳам ман омӯзиши худро давом медиҳам; тарбияи ман ҳанӯз ба охир нарасидааст. Охир, кай он тамом мешавад? Вақте ки ман дигар қудрати онро надорам: пас аз марги ман. Воқеан, гуфтан лозим аст, ки тамоми ҳаёти ман як тарбияи бардавомро мемонад» (К. Гельвеций. О человеке. − М.: Азбука, 1938. − С. 10).
Тавре таъкид гардид, сохти конститутсионии давлатдорӣ ҳам аз лиҳози ҳуқуқӣ, илмиву назариявӣ ва амалияи сиёсӣ бо мактаб, ки қисмати ҷудонашавандаи он аст, дар алоқамандии муайянкунанда қарор дорад. Маҳз ба ҳамин хотир, Пешвои миллат мақсади ниҳоии худро нисбат ба дастгирии ҳаматарафаи илм ва маориф эътимодбахш эълом медорад: «Ҳадафи роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад» (Ҳамон ҷо. − С. 28).
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳазорсолаи ахир ҳамчун асосгузори давлати миллии тоҷикон ворид гардид. Ӯ раванди воқеоти таърихии ташаккули халқи хеш, марҳалаҳои онро аз давраҳои қадим то замони нав, бори дигар аз нигоҳи илмӣ омӯхт. Омилҳои таъсис ва сабабҳои воқеии парокандагиву суқути давлатҳои бузургро, ки ин миллат аз сар гузаронидааст, аз дидгоҳи нав таҳлил, таҳқиқ, арзёбӣ ва дар ин асос хулосабарорӣ кард. Таҷрибаи таърихии халқҳои пешқадами дунё, сохти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинии онҳоро дар муносибат ба эҳёи муассисаи пешбарандаи ҷомеа – давлат гаштаву баргашта мавриди омӯзиш ва арзёбӣ қарор дод. ��амараи неки чунин иқдомоти ватанхоҳона дар назария ва амалияи сиёсии Пешвои тоҷикон ҳамакнун пешкаши чашми ҳақбин аст.
Маориф ва масъалаҳои ҷаҳонбинии миллӣ
Ҷонфидоиҳои Роҳбари тоҷикон ва мақсаднокии заҳматҳои шабонарӯзии ӯ дар даҳсолаҳои гузашта барои ташкил ва таъсиси давлати миллӣ, ки барқарории сулҳу субот ва таъмини рушди устувор аз рукнҳои аслии он ба шумор мераванд, аз воқеият сарчашма мегиранд.
Хулосаи Сарвари кишвар дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускор, раҳбар ва ҳаммуаллифи ин санад, паёмҳо, инчунин суханрониҳои барномавии Пешвои миллат барои имрӯз, даҳсолаҳои минбаъда ва ояндаи дури таърихӣ иборат аз он аст, ки танҳо сохти давлатдории миллӣ омили аслии пойдорӣ, истиқлолу озодӣ ва рушди устувор шуда метавонад.
Интихоби сохти давлатдории миллӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи фавқулода нест. Заминаи онро таърих ва тамаддуни зиёда аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик, муборизаи беамони фарзандони он барои истиқлоли милливу давлатӣ ташкил мекунад.
Аз ҳамин лиҳоз, ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ аз мавзӯъҳое мебошад, ки дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва табақаҳои пешқадами миллӣ қарор дорад. Муҳтавои аслии сарсухани ёдшудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз дар оғози давлатдорӣ шаҳодати ин андеша аст. Ва ҳидоятҳои Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ аз ҳамин азму разм сарчашма мегиранд.
Муҳтавои таълимоти Роҳбари давлат, ҷавҳари онро хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ ташкил мекунад. Зеро «ҳақиқати шуур худшиносӣ аст ва ин охирин таҳкурсӣ, асоси шуур мебошад» (Г. В. Ф. Гегель. Сочинения. Т. 3. − М.: Наука, 1956. − С. 214).
Бояд иқрор шуд, ки ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта аз ҷониби аҷнабиён тарҳрезиву ташкил ва тавассути хоинони миллат амалӣ гашт. Дар ин ҳаводиси хуношом тӯдаи ҷавонони гумроҳ ва қисме аз намояндагони зиёиёни думрав ба рисолати таърихии худ хиёнат карда, ҳамчун олот истифода шуданд. Аз тарс ва беҳавсалагӣ бо онҳое ҳамроҳ гаштанд, ки ормонҳои миллии истиқлолхоҳиро ба ҷанги хонумонсӯзи дар пояи фанатизми динӣ алангагирифта мубаддал сохтанд. Ин ҳолат борҳо хотиррасон мегардад. Бойгониҳо ҳуҷҷату аксу наворҳоро барои таърих ва рӯзи мабодо нигаҳ медоранд. Аммо муҳим он аст, ки наслҳои имрӯз ва оянда ин ҳақиқатро донанд, то он рӯзгор такрор наёбад. Ба ҳамин маънӣ, шоир ва мутафаккири олмонӣ Гёте таъкид месозад: «Ҳақиқатро бояд доимо такрор кард, чунки дар атрофи мо раҳгумзадагӣ, гумроҳӣ доимо тарғиб карда мешавад» (И. В. Гёте (1749-1832). Собрание сочинений. Т. 1-13. − М.: 1932.)
Худшиносии миллӣ мафҳуми хизматӣ, шиорпартоии расмӣ, мавзӯи одии ҷаласаҳо ва сарлавҳаи рӯзномаву маҷаллаҳо нест. Гегел дар ин маврид истилоҳи «хештаншиносии эътирофгашта»-ро истифода мебарад ва таъкид мекунад: «Ана ин хештаншиносӣ барои хештаншиносӣ аст, мустақиман, ҳамчун дигар зуҳурот барои зуҳуроти дигар аст. Ман дар ��унин хештаншиносӣ худро ҳамчун «Ман»... дар муқобили дигар худшиносии ҳамчун мани мустақил мешиносам» (Г. В. Ф. Гегель. Сочинения. Т. 3. − М.: Наука, 1956. − С. 220). Намояндаи халқи дар олам барои эъмори давлатдории воқеан миллӣ ва бо характери созандаи миллӣ эътирофгашта хештаншиносиро як навъ муборизаи қавӣ мешуморад: «Чунин муқобилистӣ касро ба як навъ худогоҳии озод ва барои дигаронро бо ҳамин сифати воқеӣ эътироф ва моил кунонидан ҳидоят мекунад» (Г. В. Ф. Гегель. Сочинения. Т. 3. − М.: Наука, 1956. − С. 220).
Хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ навъи амал аст. Падидаи хомӯш, беранг, бефарқ, бетавофут, беҳаракат ва албатта, худнамоишдиҳӣ нест. «Ин гуна тазод, муқобилистӣ мубориза аст; барои он ки ман наметавонам дар «дигар» (кас, зуҳурот, падидаи ҷамъиятӣ − С. Я.) ҳамчун худ, худро бишиносам. Барои он ки «дигар» барои ман воқеияти мустақими ҳастӣ аст» (Ҳамон ҷо. – С. 220). Суханашро идома дода, Гегел ҷиҳати иродатманд ва соҳибамал будан, ба каси дигар таъсири мусбати барои миллат муфид расониданро таъкид месозад: «... ман барои ҳамин кӯшиш мекунам, ҳамин гуна як навъ мустақимиро бишиканам» (Ҳамон ҷо. – C. 220). Ӯ дар ин маврид хулосаи қотеона мебарорад: «Мубориза барои эътироф кардан (худшиносӣ − С. Я.) ҳамчун натиҷаи амал, мубориза барои марг ва ҳаёт аст» (Ҳамон ҷо. − С. 221).
Шуури миллӣ ва тавассути он ҳувияти миллӣ низоми ягонаи ҷаҳонбинии шахс дар бораи худ, падару модар, аҷдод ва умуман таърихи миллати хеш мебошад, ки тӯли ҳазорсолаҳо, хосатан, дар ҳамин сарзамин чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд. Ба воя расидаанд. Кору фаъолият кардаанд. Забон, урфу одат ва тамаддуни он шакл гирифтааст. Афроди миллат дар рақобат, муборизаҳо ва ҷонбозиҳои шадид сарзамин ва арзишҳои миллии худро ҳифз кардаанд. Маҳз бо ном ва ба хотири ҳамин миллат дар набардҳо ва муборизаҳои хунини таърих тавонистаанд ҳувияти миллии хешро нигоҳ доранд. Давлат созанд. Дар олам бо номи миллати худ муаррифӣ гарданд.
Аммо бедор кардани шуури хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар шароити вобастагӣ аз шуури ғайримиллӣ, ки садсолаҳо дар мағз андар мағзи одамон ҷой гирифтааст, кори саҳл нест. Он муборизаи дастҷамъонаро тавассути имконоти давлатдорӣ − оила, мактаб, илм, маориф, фарҳанг, васоити ахбори умум ва муҳимтар аз ҳама рӯҳи ба андозаи қавӣ ташаккулёфтаи зиёиёни миллиро тақозо дорад.
Аммо бо вуҷуди баъзе кӯшишҳо нақши «синфи соҳибтафаккур», ки мансуб ба «мағзи миллатанд» (истилоҳоти истифодашуда дар фалсафаи илмӣ), ҳоло ҳам дар ташаккули хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, дар алоқамандӣ бо вазъи воқеӣ – муборизаҳои иттилоотӣ, ки як падидаи одӣ, аммо барои одамони ноогоҳ хатарнок ва пешгӯишавандаи ҷараёни зиндагии рӯзмарраи давлати миллӣ аст, муассир нест.
Фаъолияти иттиҳодияҳои соҳибқаламон, мутахассисони соҳаҳои журналистика, илм, кафедраҳои ҷамъиятии мактабҳои олӣ, муассисаҳои фарҳангӣ дар майдони набард бо душманони сохти давлатдории миллӣ, бедор кардани ҳисси хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ, фош кардани омилҳои пайдоиш ва густариши а��идаҳои бегонапарастӣ, экстремизми динӣ ва хурофотпарастӣ самаранок ба назар намерасад. Дар маҷмӯъ, зарур аст ба эътибор гирифта шавад, ки «илм он қадар зуҳуроти қаноатбахшандаи худпарастӣ нест ва касони хушбахте, ки метавонанд хешро ба иҷрои вазифаҳои илмӣ бахшанд, худашон аввалин шуда, бояд донишҳояшонро ба мардум расонанд» (Пол Лафарг).
Масъалаи хешт��ншиносӣ ва худшиносии миллӣ − масъалаи пойдорӣ, устуворӣ, бақои миллат ва давлати миллӣ аст. Ҷойи онро қудратмандтарин падидаи дигар (артиш, силоҳи ҳастаӣ, мақомоти амниятии муҷаҳҳаз бо кулли имконот), ҳатто ҳукумати аз лиҳози сиёсати иҷтимоӣ муваффақ гирифта наметавонад. Таҷрибаи сиёсии ду садсолаи ахир инро бори дигар тасдиқ кард. Бузургтарин артиш «дасти қудрату мансаби соҳибҷоҳӣ»-и миллат (Ҳофиз) рӯҳи миллат аст. Чизи дигаре нест.
Хулоса
Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ вазъияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат дар навтарин давраи таърихӣ мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор дода шуда, вокуниши баробарвазни Ҳукумати мамлакат нисбат ба ин воқеият возеҳу равшан тафсир гаштааст.
Тавре хотирнишон гардид, тибқи супориши Пешвои муаззами миллат, масъалаи маънавиёт, ҷаҳонбинии миллӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, мувофиқ кунонидани вазифаҳои тарбияи омма, мактаб ва маориф бо талабот ва зарурати минбаъд ҳам мустаҳкам гардонидани пояҳои давлати миллӣ аз муҳимтарин вазифаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шуморида мешавад.
Агар ба воқеияти раванди эъмори давлати миллӣ назар андозем, мебинем, ки тавассути заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат «дунё дигар ва сарзамини тоҷикон гулбасар шуд» (М. Турсунзода). Аммо аз лиҳози ҷаҳонбинӣ қисмати ҷомеа ниёз ба таваҷҷуҳ ва роҳнамоии маънавӣ дорад.
Тағйироти куллӣ дар соҳаи тарбияи хештаншиносӣ танҳо бо фидокориҳои як нафар ба амал намеояд. Таълим, махсусан тарбия муносибати муназзам ва фаъолсозии кулли ҷомеа, алалхусус, зиёиёни миллиро тақозо мекунад.
Муҳтаво ва мундариҷаи ҷаҳонбинии сохти давлатдории мо аз лиҳози ҳуқуқӣ ва мантиқи сиёсӣ давлатдории миллӣ мебошад. Бо такя ба таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллат, забон, фарҳанг, анъана, урфу одат ва маданияти миллии мо рӯҳи миллӣ асоси маънавиёти давлат ҳисобида мешавад. Дигар шаклҳои афкори ҷамъиятӣ, мисли давлатҳои мутамаддин, ин ҷаҳонбиниро қувват мебахшанд. Барои ваҳдат, ягонагӣ, сулҳу субот ва рушди миллӣ ба рӯҳи миллӣ, ки ҳамчун пойдевори истиқлолият ва абадияти давлати миллӣ таъйиноти таърихӣ дорад, ба тарзи мусолиҳатомез, содиқона, рӯирост ва ошкоро хизмат мекунанд.
Рӯҳи миллӣ, ҳамчун низоми ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва маънавиёт қавитарин шакли шуури ҷамъиятӣ маҳсуб мегардад. Агар он ҳамчун асоси тарбия барои сохтан ва пойдор нигоҳ доштани давлати миллӣ истифода шавад. Таърихи пурғановат, тамаддуни бесобиқаи оламшумул, забони муқтадир, характери миллӣ − намунаҳои олии ҷоннисории фарзандони миллат дар роҳи ҳимояи марзу буми хеш бар зидди аҷнабиён, ҷаҳонбинии хароби��вари онон тавони мубориза бурдан, истодагарӣ карда тавонистан ва ғолиб омаданро дорад.
Дар ин раванд, рӯҳи миллӣ бо сифатҳои олӣ, муқоисашаванда ва озмудашуда ба давлати миллӣ ҳамчун ҷавшан хизмат мекунад. Ақидаҳои апологетикии сирф бегонапарастонаи террористӣ-экстремистии наҳзатия, ваҳҳобия, салафия, ихвония ва монанди инҳоро, ки бозигарони глобалӣ ва минтақавӣ ба мағзи ҷавонони тоҷик ворид сохта, онҳоро дар амалҳои террористӣ истифода менамоянд, фақат бо шуури миллӣ метавон хунсо ва нобуд кард.
Масъалаи тарбияи ҷаҳонбинии миллӣ, дар маҷмӯъ, ду субъекти асосӣ дорад: ҷомеа ва давлат.
Ба қисмати аввал, пеш аз ҳама, зиёиёни воқеан миллӣ дохил мешаванд. Дар шароити фавқулодаи таърихии мо тақдир даст дод, ки миллати ҳазорсолаи азияти бедавлатӣ кашида соҳиби давлати миллӣ гардад.
Пешвои миллат на танҳо давлати тоҷиконро асос гузошт, балки рӯҳи миллиро аз лиҳози назариявӣ ва сиёсиву амалӣ ҳамчун ҷаҳонбинии миллӣ эҳё кард, қувват бахшид. Аз ин имконоти таърихӣ синфи соҳибтафаккури мубориз бояд истифодаи аъзам намояд. Донад ва хулоса кунад, ки ояндаи миллат ва давлати миллӣ маҳз ва танҳо аз тарбияи ҷаҳонбинии миллӣ вобастагӣ дорад.
Аммо дар ҳар сурат масъули асосии ташкил ва роҳандозии тарбияи ҷаҳонбинии миллӣ давлати миллӣ ва тамоми зинаҳои сохторҳои давлатӣ мебошанд. «Нақши тарбиявии давлат нисбат ба бошандагони давлат иборат аз он аст, ки ҳар як нафарро аъзои давлат гардонад, ба хотири он ки онҳо (шаҳрвандон − С. Я.) мақсадҳои шахсиро ба мақсадҳои умумӣ (ҷамъиятӣ − С. Я.) табдил диҳанд, барои он ки бешуурии дағалро ба ангезаҳои иродатманди ахлоқӣ мубаддал созанд ... шахсияти алоҳидаро ба тарзи зиндагии кулл сафарбар намоянд ва дар маҷмӯъ, ҷаҳонбинии кулл дар шуури ҳар як фарди алоҳида таҷассум ёбад» (Мысли и изречения. Составитель С. Х. Карин. Алма – Ата: 1964. − С. 311).
Муҳтавои таълимоти Пешвои миллат дар соҳаи тарбия, дар маҷмӯъ ва дар Паёми навбатӣ аз ҷумла дар он аст, ки тамоми фаъолияти ҷомеа, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мактаб, маориф, зиёиён ба бедор кардани ҳисси хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ равона карда шаванд. Муҳтаво ва ҳадафи кори тарбиявӣ дар ин самт моил кунонидан ба «худшиносии эътирофгардида»-и миллии ҳар як узви ҷомеа мебошад.
Натиҷаи ҳама гуна тарбия бояд муътақидгардонӣ ба идеяҳои давлати миллӣ бошад. Бидуни чунин дастоварди заҳматталаб ва мақсаднок раванди эъмори давлати миллӣ ва ҳифзи амнияти ҷомеа дар ҳар як марҳалаи таърихӣ зери суол хоҳад рафт.
Маҳз ба ҳамин хотир Паёми навбатии Пешвои миллат дар масъалаҳои рушди маънавиёти миллӣ ва давлати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат мекунад.
С. Ятимов,
доктори илмҳои сиёсӣ,
узви вобастаи Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон
Бознашр аз маҷаллаи «Илм ва Ҷомеа»
№ 2 (24), соли 2021
http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=43929
0 notes
Text
МАСЪАЛАИ ТАШАККУЛИ ИНСОН ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
📷
Муқаддима
Дарки воқеияти иҷтимоӣ, муайян кардани ниёзҳои мардум, масъалагузорӣ ва ҳаллу фасли онҳо аз рукнҳои асосии сиёсати давлатдорӣ мебошанд. «Тавре мебинем, ҳама гуна давлат як навъ муколамаро мемонад, машварат ҳам кӯшиши (stokhadzontai) ин ё он некӣ карданро дорад. Гузашта аз ин, аз ҳама бештар ва аз ҳама накуиҳо оне волотар аст, ки муҳимтарин бошад ва чунин муколама кулли самтҳоро дар бар гирад. Ана ҳамин муколама давлат ном дорад ё ин ки муколамаи сиёсист» (Аристотель. Политика. − М.: Рипол классик, 2010. − С. 24).
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат (26-уми январи соли 2021) ҳамин манзалатро дорад.
Дар Паём муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти давлат – сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавӣ ва таъмини амнияти давлатӣ, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм мавриди таҳлил, арзёбӣ ва хулосабарорӣ қарор гирифтаанд.
Илова бар ин, рушди фитрати инсонӣ, аз ҷумла, масъалаҳои таълим ва тарбияи омма, ташаккули хештанши��осӣ ва худшиносии миллӣ аз мавзӯъҳои калидии Паём маҳсуб мегарданд.
Боиси қаноатмандист, ки зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар соҳаи мактаб ва маориф насли нав ба камол расид. Он дар кулли самтҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар муваффақона фаъолият мекунад. Имрӯз ва ояндаи рушди мамлакат ба дониш, касбият, таҷриба, ҷаҳонбинӣ, маънавиёт, эҳсоси масъулият ва ҷавонмардӣ, яъне сифатҳои шахсии насли нав пайвастагӣ дорад. Ва маҳз ба ҳамин хотир ин ҷараёни солим ва табиии рушди ҷомеа сазовори дастгирии ҳамаҷониба мебошад.
Сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳқиқоти алоҳидаи мукаммал ниёз дорад. Он бояд дар асоси методҳои сирф илмӣ мавриди омӯзиши густурда қарор бигирад. То насли имрӯза ва оянда бидонанд, ки дар солҳои навадуми асри гузашта ва даҳсолаҳои минбаъда тавассути хизматҳои ҷоннисоронаи Сарвари давлат дар мамлакат чӣ гуна инқилобҳои маданӣ ва фарҳангӣ сурат гирифтанд ва онҳо дар рушду такомули инсон ва ҷомеа чӣ натиҷаҳо ба бор овардаанд.
Кӯшиши ҳаддалимкони дарки муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат дар соҳаи маънавиёт, илму маориф ва тарбияи инсон мавзӯи баҳси мо мебошад.
Иқтисодиёт ва маориф
Маълум аст, ки дар муносиботи ҷамъиятӣ ҷанбаҳои иқтисодӣ мавқеи муайянкунанда доранд. Ва муҳтавои ҷаҳонбинӣ, шеваи тафаккури инсон дар ҷомеа аз онҳо сарчашма мегирад.
Арзишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавиёт, маҳз тавассути муносибатҳои истеҳсолӣ ташаккул меёбанд ва низоми муайян пайдо мекунанд. Дар ин ҷараён омилҳои дигар, аз қабили характери миллӣ, оила, муҳит, муҳтавои тарбия ва таълим низ, албатта, таъсиргузор ҳастанд. Аммо шакли иштирок дар фаъолияти дастҷамъонаи истеҳсолӣ, ки ба пешрафти ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа нигаронида шудааст, дар рушди инсон нақши аслӣ дорад.
Маҳз ба ҳамин хотир, Роҳбари давлат ҳангоми муҳокимаҳои муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ қисмати асосии суханрониҳои хешро дар асоси маълумоти дақиқ ва таҳлилҳои амиқ ба соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат мебахшад. Ҳамзамон бо ин, илм, фарҳанг ва маънавиёти ҷомеаро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи пойдевори мамлакат мешуморад. Кӯшиш менамояд, ки ҷаҳонбинии ҷомеа аз ҷараёни тараққиёти иқтисодии давлат ақиб намонад ва ҳатто дар ҳолатҳои муайян аз он пештар қадам гузорад ва омили таконбахши рушди ҷомеа бошад.
Омӯзиши асарҳо, аз ҷумла Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки масъалаҳои ҷаҳонбинӣ ва ба ҳаёти давлатдории навин мувофиқ гардонидани маънавиёти миллиро Сарвари кишвар дар алоқамандии ногусастанӣ бо таърихи миллат мешуморад. Усули ба эътибор гирифтани ирсият, пайдарпайӣ, яъне муттасилиро дар ташаккули маънавиёти миллӣ омили муассири бунёди давлати миллӣ медонад.
Принсипи таърихият ва масъалаҳои рушди тафаккур
Роҳбари давлат ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолият дар сарсухани худ ба «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аз ҷумла таъкид карда буд: «Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тӯфони офатбори ҷанги гражданӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт. Охир як сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо мероси таърихӣ аст. То хотираи қавии таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостон маҳфуз аст, ҷомеа аз худ накунад, аз хираду заковати гузаштагонамон баҳраманд нашавад, дар тамоми риштаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонад» (Б. Ғафуров. «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав». – Душанбе: Дониш, 2008. − С. 5).
Таваҷҷуҳи хос ба принсипи таърихият дар Паёми навбатии Пешвои миллат аз ҳамин мантиқи хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ сарчашма мегирад: «Дар ин сол мо ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандиро дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО таҷлил кардем».
Таҳқиқ ва омӯхтани маводи таърихӣ дар асоси далелҳои муътамад ба мақсади муайянсозии ҳақиқати таърихӣ яке аз ҷанбаҳои мавриди таваҷҷуҳи махсуси Раҳбари давлат мебошад. Ӯ донистани қонунмандӣ ва ҳаракати тафаккурро ба хотири дарки раванди шаклгирии воқеияти тақдири миллат пояи маърифатнокӣ мешуморад.
Ҷараёни расидан ба қадри Ватани аҷдодӣ, шинохти аслияти фардӣ ва арзишҳои миллиро бо зарурати дарки суботу оромиш ва сулҳу осоиш ҳамчун асоси пешравии ҷомеа, дар андухтани донишҳо, аз бар кардан ва омӯхтани сарнавишти миллати тоҷик медонад.
Мантиқи диалектикӣ ва инкишофи ҷаҳонбинӣ
Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки дар назди давлати миллии мо қарор дорад, сохтани ҷаҳонбинӣ, ба вуҷуд овардани ҳисси баланди хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аст. Таъкиди доимии Пешвои миллат иборат аз он аст, ки тарбия ва таълим бояд қудрати бузурги дигаргун сохтани инсонро ба манфиати ҷомеа ва рушду нумӯи он дошта бошад.
Бидуни шак, аз ёд кардани порчаҳои назмиву насрӣ, хондани китоб ва аз худ намудани донишҳо оғози кор аст.
Агар мағзи инсон тамоми асрори дунёро дар худ ҷо кунад, аз донишҳо ғанӣ гардонад, аммо онҳоро таҳлил, баррасӣ, арзёбӣ ва ҳамвазн бо воқеияти зиндагӣ истифода карда натавонад, рафтору амали ҳаррӯзаи хешро тибқи ин донишҳо ҷараён набахшад, монанд ба китобхонае мешавад, ки пур аз сарвати илму маърифат, аммо беҷон аст. Амал карда наметавонад.
Ақидаҳои хурофотие, ки ҳатто ба тафаккури мардуми доно ва огаҳ, дар ҷанбаҳои гуногуни илм, махсусан илмҳои дақиқ, аз ҷумла зистшиносӣ, одамшиносӣ ва табиатшиносӣ ҳоким ҳастанд, аммо моҳияти масъалаҳои тараққиёти табиат, ҷамъият ва тафаккурро ҳамчун падидаи фавқуттабиӣ мефаҳманд ва тафсир мекунанд, аз ҳамин мафкура маншаъ мегиранд. Яъне доштани тавони инъикоси объективии шаклҳои мантиқӣ бо хосияти аслии онҳо дар майнаи инсон кори чандон саҳлу осон нест.
Қонунмандии ҳаракат ё наздикшавии тафаккур ба донистани воқеияти реалӣ тавассути донишҳои илмӣ ҷузъи муҳимми мундариҷа ва сифати идрок аст. Ин нукта водор месозад, новобаста аз ҳуҷҷати тасдиқкунандаи тахассусмандӣ, дараҷаи маълумот (миёна, олӣ, унвонҳои илмӣ), машғулият дар сохтори давлати дунявӣ (миллӣ) ба инобат гирифта шавад, ки дараҷаи тасаввуроти илмии шахсияти мавриди назар дар кадом поя аст. Соҳибилм аст ё донишу ҷаҳонбиние, ки дорад, ҳанӯз ба илм тавъам ва ҳамвазну ҳамгун нагаштааст, «зуҳуроти хизматӣ», муваққатӣ, аз рӯйи зарурат, як навъ намоишкорӣ ва ҳатто тавре ки маъмулан мегӯянд, «изҳори фазл» аст.
Дар истиноди ёдшудаи Роҳбари давлат дар муқаддимаи асари «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров, ки қимати як асари бузурги илмиро дорад, мантиқи диалектикӣ бо истифода аз ҷумлаҳои мураккаби сертаркибаи мансуб ба шарт, сабаб ва натиҷа омадааст ва дар он омилҳои фоҷиаи дарозмуддати миллӣ ниҳоят дақиқ, амиқ, возеҳу равшан, бо дарки масъулияти бузурги давлатдорӣ ва тақдирсозии ҳидояткунанда, асоснок тафсир шудаанд. Аз нигоҳи ӯ маҳз надонистани гузаштаи миллат «сабабгори тӯфони офатбори ҷанги шаҳрвандӣ» гардидааст, ки бешубҳа ва бемуболиға дуруст аст.
Дар таълимоти Пешвои миллат илм, дониш, маърифат ва фарҳанг аз омилҳои наҷотбахши давлати миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ шуморида мешаванд. Аз мантиқи даъвати рӯй бар ин ганҷ ниҳодани Сарвари кишвар бармеояд: мо ҳамон вақт ҳадафмандона, оқилона ва муваффақона давлати миллии худро месозем ва онро аз таҳти дил, бо тамоми ҳастӣ − бошуурона ҳимоя карда метавонем, агар хонем, омӯзем.
Озмунҳои «Тоҷикистон − Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фуруғи маърифат» дар баробари ин ки инқилоби фарҳангии Пешвои миллат доир ба ташкилу танзими тарзи ҳаёти нав мебошанд, оғозгари таҳавуллоти ҷиддиву бунёдӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат низ ба шумор мераванд.
Методологияи таҳияи Паём ва сохтори мантиқии он низ, тавре хотирнишон шуд, таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунад. Яъне мардум вақте ҷиддан, бори дигар дар сатҳи олӣ ба хондани китоб даъват гардид, ки имконоти комил ва дастрасӣ ба ин ғизои маънавиро пайдо кард: Ватанаш осуда, хонааш обод, дастархонаш пур аз неъмат, хотираш ҷамъ гашт. Мулк равшан шуд. Корхонаҳо ба кор даромаданд. Киштзору мазраву боғҳо сабзу хуррам ва серҳосил шуданд. Роҳу нақбҳо бунёд гардид. Дидори якдигарии қавми чор мулки асл, ки қаблан фаслҳо дошт, васл ва муттасил гашт. Тибқи урфу одати миллӣ қонунмандӣ пайдо кард. Мулк ваҳдатобод, Тоҷикистон гулистон ва умедгоҳи ҳама ҳамватанон шуд. Беҳтарин мактабҳо бо шароиту имконоти сатҳи олӣ, ки макони хуби донишандӯзианд, бунёд гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳм��н бо истифода аз усули муқоисавӣ−таърихӣ рақамҳоеро мисол меорад, ки умумият ва фарқияти соҳаи маорифро дар самти тайёр кардани кадрҳо дар гузашта ва имрӯз баръало нишон диҳад: «Чунонки борҳо хотирнишон карда будам, то замони истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекард.
Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст» (Ҳамон ҷо. − С. 25).
Сифат ва масъалаҳои таълим
Дар баробари дастовардҳо дар соҳаи рушди инфрасохтории маориф, Роҳбари давлат ба он ишора мекунад, ки тағйироти миқдорӣ ҳанӯз нишонгари дараҷаи касбият ва тахассусмандии хатмкардагони мактабҳои олӣ буда наметавонад. Зеро ниёзҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар маҳз тавассути сатҳи баланди касбии кадрҳо таъмин карда мешаванд. Аз ин рӯ, ӯ доир ба касбомӯзӣ ва омодагии кадрҳо сухан ронда, таъкид месозад, ки кордонӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ бояд сифатҳои воқеии корманд бошанд.
Тағйироти мусбати миқдории инфрасохтори соҳаи маорифро ёдовар шуда, Сарвари миллат ҳамчунон ишора мекунад: «Бо вуҷуди ин, таъкид месозам, ки аз ҷониби роҳбарони Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар масъалаи қабули довталабон ва тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифат эътибори аввалиндараҷа дода шавад» (Ҳамон ҷо. − С. 5).
Тахассусмандӣ ва сифатҳои шахсии соҳибкасб аввалин аломатҳое ҳастанд, ки омма онҳоро зуд эҳсос мекунад. Интизории ҷомеа аз хатмкардагони мактабҳои миёна, олӣ, соҳибунвонҳои илмӣ он аст, ки тибқи дараҷаи эълоншудаи маълумот шахс аз худ амалҳои судманди баробарвазн ва ҳатто зиёда аз онро нишон диҳад.
Маориф ва сиёсат
Маънии марказонидашудаи давлат – таъмини амнияти ҷомеа, рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аст. Ин мафҳумҳо бо мактаб, маориф, ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти ҷомеа робитаи мустақим доранд.
Одамон ҳама вақт дар он сохти ҷамъиятие зиндагӣ мекунанд, умр ба сар мебаранд, ки дар натиҷаи тарбия ва таълим ба он расидаанд. Ба ибораи дигар, ҷомеа сазовори сохти давлатдорӣ ва сифати зиндагиест, ки афроди он дар давраи муайяни таърихӣ, тавассути ҳосил кардани донишҳо, сохтани ҷаҳонбиниҳо, эътиқодҳо ва боварҳо ҳамин сохти давлатдорӣ ва сифати зиндагиро ба вуҷуд овардаанд. Зеро низомҳои сиёсие, ки аз беруни давлат ба ҷомеа таҳмил карда мешаванд, тарзе таърих исбот кард, ноустувор ва ҳалокатбор хоҳанд буд.
Дар ҷомеае, ки ба пайдоиши аломатҳо ва зуҳуроти бегонапарастӣ, зиддимиллӣ, иртиҷоӣ, хурофотӣ бетафовутӣ зоҳир шудааст, гурӯҳҳои муайяни ҳукуматхоҳ аз фурсат истифода карда, қудрати сиёсиро ба даст гирифтаанд. Дар ин раванд, арзишҳои миллӣ, ки асоси истиқлолият ва рушди давлатро ташкил мекунанд, поймол мешаванд. Мардумони ғафлатзадаи он то даҳсолаҳои дигар ҳам умеди бозгашт ба асли хешро надоранд. Ҳамин тариқ, муътақид бояд буд: «Шакли раҳбарӣ, пешбарии қудрате, ки мо дорем, қисмате аз тарбияи моро ташкил мекунад» (К. Гельвеций. О человеке. − М.: Азбука, 1928).
Тарбия ва таълим муҳимтарин воситаҳои ҳимояи сохти давлатдорианд. Зеро, дар сурати беэътиноӣ маҳз онҳо омили тағйири сифатӣ − шикасти давлат ва ҷомеа шуда метавонанд.
Вақте дар бораи тарбия сухан меравад, он танҳо мактаб ва низоми маорифро дар назар надорад. Дар ин маврид, муносибат ва имконоти таъсиррасонии давлат ба ҳар як шаҳрванд, сарфи назар аз синну сол, шуғл, манзалати иҷтимоӣ, эътиқодмандӣ ва макони зисти ӯ низ ба эътибор гирифта мешавад. Манзалати ифтихории «шаҳрванд» − ҳуқуқ ва вазифаҳои ӯ чунин муносиботи ҷамъиятиро танзим мекунад, таъмин месозад ва кафолат медиҳад.
Кӯшишҳои нобасомони гурӯҳакҳое, ки мехоҳанд масъулияти давлатро нисбат ба тарбияи кӯдак, наврас ва калонсолон зери шубҳа гузоранд, содалавҳӣ, ғайриилмӣ, аммо бошууронаву мақсаднок ва аз лиҳози ҳуқуқию сиёсӣ комилан беасос аст.
Принсипҳои соҳибистиқлолӣ, ҳуқуқбунёдӣ, ягонагӣ ва дунявият талаботеро ба миён мегузоранд, ки давлат барои нигоҳ доштани сохти конститутсионӣ, ташаккули ҷаҳонбинии ба он мувофиқ уҳдадорӣ ва вазифаи истисноии худро мустақиман, аз ячейкаҳои одӣ то сатҳи олии ҷомеа бояд иҷро кунад. Ин вазифаи давлат, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, ихтиёрӣ нест. Онро Конститутсия муайян кардааст. Давлат тавассути ҳукумат муваззаф аст, масъулияти хешро «бо кулли имконоти дарихтиёрбуда» (ибора аз Конститутсияи ИМА) таъмин намояд.
Ҳамин тариқ, муайян кардани барнома, мундариҷа, моҳияти тарбия ва таълими омма аз вазифаҳои бузурги давлатдорӣ маҳсуб мегарданд.
Баъзе мухолифони сохти давлатдории миллии мо бар зидди ин воқеияти ҳуқуқӣ амал карда, бо ҳамин роҳ фитнабарангезӣ карданӣ мешаванд. Тавре мебинем, чунин амали хато аз адами завқи ҳузуру надонистани назми умури давлатдорӣ, ки барабас орзуи онро доранд, шаҳодат медиҳад.
Алоқамандии бевосита ва масъулияти давлатро дар тарбияи одамон дар доираи мактаб, маориф, донишгоҳ, коргоҳҳои хизмати давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, масҷид, маъракаҳои суннатӣ ва муассисаҳои таълими динӣ бузургтарин мутафаккирони олам Афлотун, Суқрот, Абулқосим Фирдавсӣ, Унсуралмаолӣ Кайковус, Низом ул Мулк, Саъдии Шерозӣ, Аҳмад Махдуми Дониш, Садриддин Айнӣ ва садҳо хирадмандони дигар низ эътироф, таъйид ва ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ таъкид кардаанд.
Барои мисол, Аристотел, ки ӯро аз асосгузорони илмҳои энсиклопедии олам – фалсафа, сиёсатшиносӣ, тиб, математика, назмшиносӣ ва мантиқ шинохтаанд, ҳанӯз дувуним ҳазор сол пеш ба ин савол посух дода, бе дудилагӣ ва қотеона таъкид кардааст: «Дар он давлатҳое, ки ба ин масъала (тарбия − С. Я.) беэътиноӣ мекунанд, худи сохти давлатдорӣ зарар мебинад. Охир, барои ҳар як сохти давлатдорӣ – тарбияи ба он мувофиқ аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Ҳар як сохти давлатдорӣ бо хосияти алоҳидаи худ аз дигараш фарқ мекунад. Он чизе, ки ба тарзи маъмулӣ барои ҳимояи ин сохти давлатдорӣ хизмат мекунад ва онро аз аввал муайян месозад, тарбия аст» (Аристотель. Политика. − М.: Рипол классик, 2010. − С. 352).
Аристотел, барҳақ, таъкид кардааст, ки зуҳури давлат худ як нақша ё ин ки барнома аст. Он тибқи мақсадҳои мушаххас арзи вуҷуд мекунад. Ана маҳз ҳамин мақсад бояд тавассути тарбия рӯйи кор оварда шавад ва амалӣ гардад. Зарур аст, дар ҷомеа ҳама аз рӯйи як барнома – он чиро ки худи давлат мақсадгузорӣ кардааст, таълиму тарбия бигиранд: «Ба хотири он ки тамоми давлат фақат як мақсадро пайгирӣ мекунад, ҳамакнун аниқ аст, ки барои тамоми шаҳрвандон тарбияи якхела зарур аст. Аммо масъулият барои тарбия бояд ташаббуси давлат бошад, на ташаббуси шахсӣ» (Ҳамон ҷо. – С. 352).
Таҳлил, баррасӣ, арзёбӣ ва хулосабарориҳо оид ба сабаб ва оқибати ширкат дар ҳаракатҳои террористӣ, аз ҷумла, «Ансоруллоҳ»-и собиқ ҳизби террористиву ифротгарои наҳзати ислом, «Ихвон-ул-муслимин», «ал-Қойида», «Давлати исломӣ» ва ғайраҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки таълиму тарбияи берун аз доираи барномаи давлатӣ суратгирифта хизмати мустақим ба равияҳои зиддимиллӣ, пеш аз ҳама, созмонҳои террористӣ мебошад.
Ба ақл, хирад, дониш ва дурандешии Аристотел дар бораи мафҳум, мантиқ ва табиати давлатдорӣ эҳтиром бояд гузошт. Ӯ дар бораи муҳтавои тарбия ва таълим сухан ронда, таъкид мекунад: «Набояд фикр кард, ки гӯё ҳар як шаҳрванд − худ ба худ аст; не, ҳамаи шаҳрвандон ба давлат тааллуқ доранд, барои он ки ҳар яки онҳо пораи давлат мебошанд. Ғамхорӣ дар бораи ҳар кадоми онҳо, табиист, ки ғамхорӣ (тарбия ва нигоҳубин – С. Я.) нисбат ба ҷамъият аст». (Аристотель. Политика. − М.: Рипол классик, 2010. − С. 352).
Мафҳуми давлат, сохти давлатдорӣ ва тарбияи шаҳрванд истилоҳоти аз лиҳози маънӣ ҳамсанганд. Файласуфи машҳури фаронсавӣ Клод Адриан Гелветсий (1715-1771) таъкид мекунад: «Дар ҳар як давлат санъати ташаккули инсон то дараҷае ба шакли давлатдорӣ пайванд мебошад ва бисёр шубҳаовар аст, ки ворид кардани тағйирот дар тарбияи ҷамъиятӣ бе тағйир додани сохти давлатдорӣ имкон дошта бошад» (К. Гельвеций. Об уме. – М.: 1938).
Модоме ки тамоми хушбахтиҳо ва бадбахтиҳо аз тарбия вобастагӣ дорад, он таваҷҷуҳи афрод ва қувваҳои гуногуни ҷомеа ва пеш аз ҳама, бозигарони геополитикиро ба худ ҷалб мекунад. Гелветсий дар ин маврид менависад: «Низоми тарбия ҳама вақт баҳснок аст ва агар кулли ин фаъолиятро ба мақсади ягона пойбанд накунанд, номуайян мемонад. Ин мақсад чӣ гуна бояд бошад? – Манфиатдории бештари ҷомеа аз чунин некӣ, қаноатмандии аз ҳама бештари ҷомеа аз натиҷаи ин навъи накукорӣ, хушбахтии бештари шаҳрвандон аз ин амал» (К. Гельветсий. О человеке. − М.: Азбука, 1938. − С. 5).
Саволи ниҳоят одӣ, аммо пурмаънои Роҳбари давлат, ҳамчунон посухи мантиқии ӯ: «Мамлакатро кӣ обод мекунад? Мутахассис, соҳибкасб, шахси донишманд!» паёми абадии шахсияти бузурги илммеҳвар аст. Акси ин садо мудом саросари кишварро пахш мекунад.
Ба ақидаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инсон як умр бояд илм омӯзад. Аз фарҳанг ва таҷрибаи зиндагӣ баҳравар бошад. Аз онҳо хулоса барорад. Дар ин маврид, мухотаби Сарвари давлат танҳо хонандагон ва толибилмон нестанд. Миллат, тамоми мардум аст.
Воқеан, дониш андӯхтан, илм омӯхтан ҷараёни беохири бархӯрди инсон бо табиат, ҷамъият ва тафаккури зудтағйирёбанда мебошад. Дар ин маврид, муҳандиси бузурги рӯҳи инсон Гелветсий менависад: «Ҳоло ҳам ман омӯзиши худро давом медиҳам; тарбияи ман ҳанӯз ба охир нарасидааст. Охир, кай он тамом мешавад? Вақте ки ман дигар қудрати онро надорам: пас аз марги ман. Воқеан, гуфтан лозим аст, ки тамоми ҳаёти ман як тарбияи бардавомро мемонад» (К. Гельвеций. О человеке. − М.: Азбука, 1938. − С. 10).
Тавре таъкид гардид, сохти конститутсионии давлатдорӣ ҳам аз лиҳози ҳуқуқӣ, илмиву назариявӣ ва амалияи сиёсӣ бо мактаб, ки қисмати ҷудонашавандаи он аст, дар алоқамандии муайянкунанда қарор дорад. Маҳз ба ҳамин хотир, Пешвои миллат мақсади ниҳоии худро нисбат ба дастгирии ҳаматарафаи илм ва маориф эътимодбахш эълом медорад: «Ҳадафи роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад» (Ҳамон ҷо. − С. 28).
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳазорсолаи ахир ҳамчун асосгузори давлати миллии тоҷикон ворид гардид. Ӯ раванди воқеоти таърихии ташаккули халқи хеш, марҳалаҳои онро аз давраҳои қадим то замони нав, бори дигар аз нигоҳи илмӣ омӯхт. Омилҳои таъсис ва сабабҳои воқеии парокандагиву суқути давлатҳои бузургро, ки ин миллат аз сар гузаронидааст, аз дидгоҳи нав таҳлил, таҳқиқ, арзёбӣ ва дар ин асос хулосабарорӣ кард. Таҷрибаи таърихии халқҳои пешқадами дунё, сохти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинии онҳоро дар муносибат ба эҳёи муассисаи пешбарандаи ҷомеа – давлат гаштаву баргашта мавриди омӯзиш ва арзёбӣ қарор дод. Самараи неки чунин иқдомоти ватанхоҳона дар назария ва амалияи сиёсии Пешвои тоҷикон ҳамакнун пешкаши чашми ҳақбин аст.
Маориф ва масъалаҳои ҷаҳонбинии миллӣ
Ҷонфидоиҳои Роҳбари тоҷикон ва мақсаднокии заҳматҳои шабонарӯзии ӯ дар даҳсолаҳои гузашта барои ташкил ва таъсиси давлати миллӣ, ки барқарории сулҳу субот ва таъмини рушди устувор аз рукнҳои аслии он ба шумор мераванд, аз воқеият сарчашма мегиранд.
Хулосаи Сарвари кишвар дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускор, раҳбар ва ҳаммуаллифи ин санад, паёмҳо, инчунин суханрониҳои барномавии Пешвои миллат барои имрӯз, даҳсолаҳои минбаъда ва ояндаи дури таърихӣ иборат аз он аст, ки танҳо сохти давлатдории миллӣ омили аслии пойдорӣ, истиқлолу озодӣ ва рушди устувор шуда метавонад.
Интихоби сохти давлатдории миллӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи фавқулода нест. Заминаи онро таърих ва тамаддуни зиёда аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик, муборизаи беамони фарзандони он барои истиқлоли милливу давлатӣ ташкил мекунад.
Аз ҳамин лиҳоз, ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ аз мавзӯъҳое мебошад, ки дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва табақаҳои пешқадами миллӣ қарор дорад. Муҳтавои аслии сарсухани ёдшудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз дар оғози давлатдорӣ шаҳодати ин андеша аст. Ва ҳидоятҳои Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ аз ҳамин азму разм сарчашма мегиранд.
Муҳтавои таълимоти Роҳбари давлат, ҷавҳари онро хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ ташкил мекунад. Зеро «ҳақиқати шуур худшиносӣ аст ва ин охирин таҳкурсӣ, асоси шуур мебошад» (Г. В. Ф. Гегель. Сочинения. Т. 3. − М.: Наука, 1956. − С. 214).
Бояд иқрор шуд, ки ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта аз ҷониби аҷнабиён тарҳрезиву ташкил ва тавассути хоинони миллат амалӣ гашт. Дар ин ҳаводиси хуношом тӯдаи ҷавонони гумроҳ ва қисме аз намояндагони зиёиёни думрав ба рисолати таърихии худ хиёнат карда, ҳамчун олот истифода шуданд. Аз тарс ва беҳавсалагӣ бо онҳое ҳамроҳ гаштанд, ки ормонҳои миллии истиқлолхоҳиро ба ҷанги хонумонсӯзи дар пояи фанатизми динӣ алангагирифта мубаддал сохтанд. Ин ҳолат борҳо хотиррасон мегардад. Бойгониҳо ҳуҷҷату аксу наворҳоро барои таърих ва рӯзи мабодо нигаҳ медоранд. Аммо муҳим он аст, ки наслҳои имрӯз ва оянда ин ҳақиқатро донанд, то он рӯзгор такрор наёбад. Ба ҳамин маънӣ, шоир ва мутафаккири олмонӣ Гёте таъкид месозад: «Ҳақиқатро бояд доимо такрор кард, чунки дар атрофи мо раҳгумзадагӣ, гумроҳӣ доимо тарғиб карда мешавад» (И. В. Гёте (1749-1832). Собрание сочинений. Т. 1-13. − М.: 1932.)
Худшиносии миллӣ мафҳуми хизматӣ, шиорпартоии расмӣ, мавзӯи одии ҷаласаҳо ва сарлавҳаи рӯзномаву маҷаллаҳо нест. Гегел дар ин маврид истилоҳи «хештаншиносии эътирофгашта»-ро истифода мебарад ва таъкид мекунад: «Ана ин хештаншиносӣ барои хештаншиносӣ аст, мустақиман, ҳамчун дигар зуҳурот барои зуҳуроти дигар аст. Ман дар чунин хештаншиносӣ худро ҳамчун «Ман»... дар муқобили дигар худшиносии ҳамчун мани мустақил мешиносам» (Г. В. Ф. Гегель. Сочинения. Т. 3. − М.: Наука, 1956. − С. 220). Намояндаи халқи дар олам барои эъмори давлатдории воқеан миллӣ ва бо характери созандаи миллӣ эътирофгашта хештаншиносиро як навъ муборизаи қавӣ мешуморад: «Чунин муқобилистӣ касро ба як навъ худогоҳии озод ва барои дигаронро бо ҳамин сифати воқеӣ эътироф ва моил кунонидан ҳидоят мекунад» (Г. В. Ф. Гегель. Сочинения. Т. 3. − М.: Наука, 1956. − С. 220).
Хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ навъи амал аст. Падидаи хомӯш, беранг, бефарқ, бетавофут, беҳаракат ва албатта, худнамоишдиҳӣ нест. «Ин гуна тазод, муқобилистӣ мубориза аст; барои он ки ман наметавонам дар «дигар» (кас, зуҳурот, падидаи ҷамъиятӣ − С. Я.) ҳамчун худ, худро бишиносам. Барои он ки «дигар» барои ман воқеияти мустақими ҳастӣ аст» (Ҳамон ҷо. – С. 220). Суханашро идома дода, Гегел ҷиҳати иродатманд ва соҳибамал будан, ба каси дигар таъсири мусбати барои миллат муфид расониданро таъкид месозад: «... ман барои ҳамин кӯшиш мекунам, ҳамин гуна як навъ мустақимиро бишиканам» (Ҳамон ҷо. – C. 220). Ӯ дар ин маврид хулосаи қотеона мебарорад: «Мубориза барои эътироф кардан (худшиносӣ − С. Я.) ҳамчун натиҷаи амал, мубориза барои марг ва ҳаёт аст» (Ҳамон ҷо. − С. 221).
Шуури миллӣ ва тавассути он ҳувияти миллӣ низоми ягонаи ҷаҳонбинии шахс дар бораи худ, падару модар, аҷдод ва умуман таърихи миллати хеш мебошад, ки тӯли ҳазорсолаҳо, хосатан, дар ҳамин сарзамин чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд. Ба воя расидаанд. Кору фаъолият кардаанд. Забон, урфу одат ва тамаддуни он шакл гирифтааст. Афроди миллат дар рақобат, муборизаҳо ва ҷонбозиҳои шадид сарзамин ва арзишҳои миллии худро ҳифз кардаанд. Маҳз бо ном ва ба хотири ҳамин миллат дар набардҳо ва муборизаҳои хунини таърих тавонистаанд ҳувияти миллии хешро нигоҳ доранд. Давлат созанд. Дар олам бо номи миллати худ муаррифӣ гарданд.
Аммо бедор кардани шуури хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар шароити вобастагӣ аз шуури ғайримиллӣ, ки садсолаҳо дар мағз андар мағзи одамон ҷой гирифтааст, кори саҳл нест. Он муборизаи дастҷамъонаро тавассути имконоти давлатдорӣ − оила, мактаб, илм, маориф, фарҳанг, васоити ахбори умум ва муҳимтар аз ҳама рӯҳи ба андозаи қавӣ ташаккулёфтаи зиёиёни миллиро тақозо дорад.
Аммо бо вуҷуди баъзе кӯшишҳо нақши «синфи соҳибтафаккур», ки мансуб ба «мағзи миллатанд» (истилоҳоти истифодашуда дар фалсафаи илмӣ), ҳоло ҳам дар ташаккули хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, дар алоқамандӣ бо вазъи воқеӣ – муборизаҳои иттилоотӣ, ки як падидаи одӣ, аммо барои одамони ноогоҳ хатарнок ва пешгӯишавандаи ҷараёни зиндагии рӯзмарраи давлати миллӣ аст, муассир нест.
Фаъолияти иттиҳодияҳои соҳибқаламон, мутахассисони соҳаҳои журналистика, илм, кафедраҳои ҷамъиятии мактабҳои олӣ, муассисаҳои фарҳангӣ дар майдони набард бо душманони сохти давлатдории миллӣ, бедор кардани ҳисси хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ, фош кардани омилҳои пайдоиш ва густариши ақидаҳои бегонапарастӣ, экстремизми динӣ ва хурофотпарастӣ самаранок ба назар намерасад. Дар маҷмӯъ, зарур аст ба эътибор гирифта шавад, ки «илм он қадар зуҳуроти қаноатбахшандаи худпарастӣ нест ва касони хушбахте, ки метавонанд хешро ба иҷрои вазифаҳои илмӣ бахшанд, худашон аввалин шуда, бояд донишҳояшонро ба мардум расонанд» (Пол Лафарг).
Масъалаи хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ − масъалаи пойдорӣ, устуворӣ, бақои миллат ва давлати миллӣ аст. Ҷойи онро қудратмандтарин падидаи дигар (артиш, силоҳи ҳастаӣ, мақомоти амниятии муҷаҳҳаз бо кулли имконот), ҳатто ҳукумати аз лиҳози сиёсати иҷтимоӣ муваффақ гирифта наметавонад. Таҷрибаи сиёсии ду садсолаи ахир инро бори дигар тасдиқ кард. Бузургтарин артиш «дасти қудрату мансаби соҳибҷоҳӣ»-и миллат (Ҳофиз) рӯҳи миллат аст. Чизи дигаре нест.
Хулоса
Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ вазъияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат дар навтарин давраи таърихӣ мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор дода шуда, вокуниши баробарвазни Ҳукумати мамлакат нисбат ба ин воқеият возеҳу равшан тафсир гаштааст.
Тавре хотирнишон гардид, тибқи супориши Пешвои муаззами миллат, масъалаи маънавиёт, ҷаҳонбинии миллӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, мувофиқ кунонидани вазифаҳои тарбияи омма, мактаб ва маориф бо талабот ва зарурати минбаъд ҳам мустаҳкам гардонидани пояҳои давлати миллӣ аз муҳимтарин вазифаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шуморида мешавад.
Агар ба воқеияти раванди эъмори давлати миллӣ назар андозем, мебинем, ки тавассути заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат «дунё дигар ва сарзамини тоҷикон гулбасар шуд» (М. Турсунзода). Аммо аз лиҳози ҷаҳонбинӣ қисмати ҷомеа ниёз ба таваҷҷуҳ ва роҳнамоии маънавӣ дорад.
Тағйироти куллӣ дар соҳаи тарбияи хештаншиносӣ танҳо бо фидокориҳои як нафар ба амал намеояд. Таълим, махсусан тарбия муносибати муназзам ва фаъолсозии кулли ҷомеа, алалхусус, зиёиёни миллиро тақозо мекунад.
Муҳтаво ва мундариҷаи ҷаҳонбинии сохти давлатдории мо аз лиҳози ҳуқуқӣ ва мантиқи сиёсӣ давлатдории миллӣ мебошад. Бо такя ба таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллат, забон, фарҳанг, анъана, урфу одат ва маданияти миллии мо рӯҳи миллӣ асоси маънавиёти давлат ҳисобида мешавад. Дигар шаклҳои афкори ҷамъиятӣ, мисли давлатҳои мутамаддин, ин ҷаҳонбиниро қувват мебахшанд. Барои ваҳдат, ягонагӣ, сулҳу субот ва рушди миллӣ ба рӯҳи миллӣ, ки ҳамчун пойдевори истиқлолият ва абадияти давлати миллӣ таъйиноти таърихӣ дорад, ба тарзи мусолиҳатомез, содиқона, рӯирост ва ошкоро хизмат мекунанд.
Рӯҳи миллӣ, ҳамчун низоми ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва маънавиёт қавитарин шакли шуури ҷамъиятӣ маҳсуб мегардад. Агар он ҳамчун асоси тарбия барои сохтан ва пойдор нигоҳ доштани давлати миллӣ истифода шавад. Таърихи пурғановат, тамаддуни бесобиқаи оламшумул, забони муқтадир, характери миллӣ − намунаҳои олии ҷоннисории фарзандони миллат дар роҳи ҳимояи марзу буми хеш бар зидди аҷнабиён, ҷаҳонбинии харобиовари онон тавони мубориза бурдан, истодагарӣ карда тавонистан ва ғолиб омаданро дорад.
Дар ин раванд, рӯҳи миллӣ бо сифатҳои олӣ, муқоисашаванда ва озмудашуда ба давлати миллӣ ҳамчун ҷавшан хизмат мекунад. Ақидаҳои апологетикии сирф бегонапарастонаи террористӣ-экстремистии наҳзатия, ваҳҳобия, салафия, ихвония ва монанди инҳоро, ки бозигарони глобалӣ ва минтақавӣ ба мағзи ҷавонони тоҷик ворид сохта, онҳоро дар амалҳои террористӣ истифода менамоянд, фақат бо шуури миллӣ метавон хунсо ва нобуд кард.
Масъалаи тарбияи ҷаҳонбинии миллӣ, дар маҷмӯъ, ду субъекти асосӣ дорад: ҷомеа ва давлат.
Ба қисмати аввал, пеш аз ҳама, зиёиёни воқеан миллӣ дохил мешаванд. Дар шароити фавқулодаи таърихии мо тақдир даст дод, ки миллати ҳазорсолаи азияти бедавлатӣ кашида соҳиби давлати миллӣ гардад.
Пешвои миллат на танҳо давлати тоҷиконро асос гузошт, балки рӯҳи миллиро аз лиҳози назариявӣ ва сиёсиву амалӣ ҳамчун ҷаҳонбинии миллӣ эҳё кард, қувват бахшид. Аз ин имконоти таърихӣ синфи соҳибтафаккури мубориз бояд истифодаи аъзам намояд. Донад ва хулоса кунад, ки ояндаи миллат ва давлати миллӣ маҳз ва танҳо аз тарбияи ҷаҳонбинии миллӣ вобастагӣ дорад.
Аммо дар ҳар сурат масъули асосии ташкил ва роҳандозии тарбияи ҷаҳонбинии миллӣ давлати миллӣ ва тамоми зинаҳои сохторҳои давлатӣ мебошанд. «Нақши тарбиявии давлат нисбат ба бошандагони давлат иборат аз он аст, ки ҳар як нафарро аъзои давлат гардонад, ба хотири он ки онҳо (шаҳрвандон − С. Я.) мақсадҳои шахсиро ба мақсадҳои умумӣ (ҷамъиятӣ − С. Я.) табдил диҳанд, барои он ки бешуурии дағалро ба ангезаҳои иродатманди ахлоқӣ мубаддал созанд ... шахсияти алоҳидаро ба тарзи зиндагии кулл сафарбар намоянд ва дар маҷмӯъ, ҷаҳонбинии кулл дар шуури ҳар як фарди алоҳида таҷассум ёбад» (Мысли и изречения. Составитель С. Х. Карин. Алма – Ата: 1964. − С. 311).
Муҳтавои таълимоти Пешвои миллат дар соҳаи тарбия, дар маҷмӯъ ва дар Паёми навбатӣ аз ҷумла дар он аст, ки тамоми фаъолияти ҷомеа, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мактаб, маориф, зиёиён ба бедор кардани ҳисси хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ равона карда шаванд. Муҳтаво ва ҳадафи кори тарбиявӣ дар ин самт моил кунонидан ба «худшиносии эътирофгардида»-и миллии ҳар як узви ҷомеа мебошад.
Натиҷаи ҳама гуна тарбия бояд муътақидгардонӣ ба идеяҳои давлати миллӣ бошад. Бидуни чунин дастоварди заҳматталаб ва мақсаднок раванди эъмори давлати миллӣ ва ҳифзи амнияти ҷомеа дар ҳар як марҳалаи таърихӣ зери суол хоҳад рафт.
Маҳз ба ҳамин хотир Паёми навбатии Пешвои миллат дар масъалаҳои рушди маънавиёти миллӣ ва давлати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат мекунад.
С. Ятимов, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Бознашр аз маҷаллаи «Илм ва Ҷомеа» № 2 (24), соли 2021
0 notes
Text
НАҲЗАТ АЗ ҶАНГ БАР ЗИДДИ МИЛЛАТ ДАСТ НАКАШИДААСТ
Ҳизби террористии бо ном наҳзати исломӣ аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ аниқтараш аз солҳои 1979-и мелодӣ ба ҷуз душмантарошӣ ва дудаста сохтани мардум чизе ба бор наовардааст. Хусусан, ихтилоф бо устодони худ, ки нисбат ба онҳо густохи карда эшонро дар миёни мардум мубтадиъ яъне бидъаткор ном мебурданд. Дар маъракаҳо дар атрофи ширк ва хурофот бисёр суҳбат мекарданд шояд ба ақидаи худ дигаронро ширкзада ва хурофот параст медонистанд аз ҳамин сабаб муллоҳои суннатӣ онҳоро дар он солҳо на наҳзатӣ, балки ваҳҳобӣ меномиданд, ин ваҳҳобиҳои наҳзатӣ то солҳои 1989 мелодӣ дар миёни ҷавонон даст кашидан аз китобҳои куҳнаи мазҳабӣ ва рӯй овардан ба китобҳои нав, хусусан китобҳои ихвониҳоро таблиғ мекарданд. Муллоҳои наҳзатӣ афкори нави хориҷӣ ва зеҳни мушавваши худро исломи ҳақиқӣ дониста, нисбат ба муллоҳи суннатӣ густохӣ карда, онҳоро ба пасмондагӣ айбдор карда мафкура ва ақидаи ғайри мазҳабии худро эҳёи ислом ва муслимин медонистанд. Баъд аз солҳои 1989 мелодӣ дар миёни саркардагони наҳзат таҳаввулоти нав пайдо шуд. Ва он ҳам рӯй овардан ба Эрон буд. Акнун низоъҳо ва тундгароиҳо шиддат мегирифт. Оҳиста-оҳиста аз суст гардидани пояҳои давлати абарқудрати шӯравӣ истифода карда, аввалин бор бо туҳмат ва овозаҳои бардуруғ мардумро боҳукуматдорони даври Тоҷикистон даст ба гиребон сохтанд дар ин даргирӣ хуни чандин бегуноҳ рехта шуд. Ин ҳодиса дар таърих бо номи баҳманмоҳи хунин сабт аст. Наҳзатиҳо дурӯғ гуфтан, туҳмату буҳтон намудан ба шахсиятҳои обрӯманди ҷомеа ва аз ин тариқ рехтани обрӯи онон, дур ва душман сохтани давлату ҳукуматро дар назари мардум беҳтарин васила барои расидан ба аҳдофи аввалу о��ири хеш медонистанд. Масалан, Қ. Маҳкамовро ҳокими хунхор, Р. Набиевро майзада меномиданд. Вакт нишон дод, ки ин ҳизб ҳатто бо мурдаҳои қабристон раҳм накарда марҳум Ҷ. Расуловро таҳқиромез урусмиҷози чорчашма меномиданд. Наҳзатиҳо бо кадом зимомдори давлат ҳадди ақал туҳмату буҳтон накарда буданд, ки имрӯз бо ҳукумати кунунӣ муросо намоянд? Мардуми азази Тоҷикистон мову шумо як бор ин наҳзатро таҷриба кардем, саркардагони собиқ ва феълии наҳзат ба ғайр аз худ касеро тоҷики асил, вориси тоҷикон ва лоиқи тахту тоҷ намедонанд. Масалан, дар миёни худ хуҷандиҳоро муғулнажод, дар умум мардуми Суғдро аз авлоди Темурланг медонанд. Хатлониҳоро лақай, водии Ҳисорро ҷугиёни Самарқанд, Бадахшонро афғониюласл мешуморанд. Пас аз 30 сол ҳоло ҳам аз забони ин бетарбиятон аз тариқи расонаҳо чунин таҳқирҳо ошкоро шунида мешавад. Мавриди зикр аст, ки баъд аз солҳои дароз Додоҷони Атоулло аз хоби ғафлат каме ҳам бошад бедор шуда наҳзатро рақиби худ хонда шиква мекунад, ки инсонро аз руи қиёфааш ба ину он миллат мансуб медонад. Додоҷон то ҳол намедонад, ки ӯро наҳзатиҳо на имруз кайҳо боз муғулчаи чароғи мегуфтанд. Аз ҳамин сабаб буд, ки дар солҳои 1991-1992 мелодӣ дар хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе як гуруҳ аз маҳалгароёни тундрави наҳзатӣ бо роҳбарии яке аз муассисони ин ҳизб генерали сохта Қорӣ Муҳаммадҷон бо хашму ғазаб шиор медоданд: «Ленинободиҳо 70 сол хӯрдед, бас аст». Аз ин шиорҳо аксари мардуми шаҳри Душанбе воқиф буданд. Пас аз ин шиорҳои аз қабл тарҳрезишуда акнун оҳиста-оҳиста навбати амалиёт фаро расид. Бо дастури роҳбарият наҳзат гурги хуношом қумондони дарандаи саҳроӣ Р.Нурруллообекови мағзшуста Додситони кулли ҷумҳурии кишвар Н. Ҳувайдуллоевро бо ваҳшонияти гӯшношунид террор намуд. Роҳбарияти наҳзат ин террорҳоро на танҳо дар шаҳри Душанбе ҳатто дар ноҳияҳое, ки ҳадди ақал 5 фоиз аъзои ҳизб доштанд, тибқи барномаи хеш идома доданд. Аз он ҷумла, дар ноҳияи А. Ҷомӣ мутахассиси баландпояи соҳаи тиб, яке аз узбекзабонон Соҳибназаров Абубакрро аз байн бурда фарзандонашро ятим ва аз навозиши падар маҳрум ва зиндагии онҳоро як умр талх сохтаанд. Дар натиҷа ҳазорҳо бародарони узбекзабон аз ин ноҳия кӯч баста, ба кишвари ҳамсоя фирор намуданд. Мақсад аз ин тарсу ҳаросафканӣ ва эҷоди даҳшату ваҳшат рондани суғдиҳо аз шаҳри Душанбе ва атрофи он ва собиқ вилояти Қурғонтеп��а ва расидан ба қудрат буд.Ҳадаф ва мақсади ҳамаи ҳизбу гуруҳои мудаъи як чиз мебошад он ҳам расидан ба арикаи қудрат ва ё ба даст овардани сарват. Бубинед, ки дар вахтҳои охир Амон Иззат ин марди бе виҷдон аз бемории ковид 19 суистифода карда дар миёни баъзе аз муҳоҷирони меҳнати хурока ва ё маблағи ночиз тақсим намуда ин амали риёкоронаи худро расонаи сохта, тутивор сарватмандону тоҷиронро барои дастгирии ҳамватанон даъват карда мехост аз ин тариқ ба суратҳисоби худ маблағҳои зиёд ворид созад аз ин роҳ соҳиби сарвати ҳангуфт гардад. Илова бар ин ба василаи пул муҳоҷирони меҳнатиро дар атрофи худ ҷамъ карда онҳоро мағзшуи намуда сафи тундравони наҳзатро афзоиш диҳад ва амру супоришҳои хоҷагони худро дар тамоми кишварҳои собиқ шурави пиёда созад. Аммо бори каҷ ба манзил намерасад. Ин амалҳои номатлуб боиси ташвиши мақомоти Руссия гардид, ки бори аввал соли 2020 мелодӣ мақомоти интизомии шаҳри Маскав дафтари кории Иззат Амони наҳзатиро ҳамчун шахси гумонбаршуда ва тарғиб кунандаи ғояҳои ифротӣ тафтиш карда буд. Амон Иззат ҳушдор ва тафтишоти мақомоти Руссияро нодида гирифта боз ҳам фаъолияти ғайри қонунияшро аз руи ҳирс ва расидан ба аҳдофи муғризонаи худидома дод. Ин рафтори ӯ маънои онро дошт, ки на худро ислоҳ сохтан мехост ва на ба қонунҳои Руссия эҳтиром қоил буд. Бар акс руз ба руз тундравтар гардида мехост ҳамсафони худро зиёд намояд. Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскави Федератсияи Руссия ҳамаи кирдорҳои ғайриқонунии ӯро ба инобат гирифта тибқи қонун ва қарорҳои амалкунандаи кишвараш шиносномаи руссии Холов Амон Иззатовичро бекор карда ӯро аз шаҳрвандии кишвари Руссия маҳрум сохта ихроҷ намуданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки қарори додгоҳо дар тамоми дунё муҳтарам мебошад. Давлати Руссия ҳақ дорад, ки ба хотири оромии кишвараш пеши роҳи тамоми тундравонро гирад. Агар сари роҳи ин тундравон бармаҳал гирифта нашавад на танҳо Тоҷикистон, балки ҳамаи кишварҳои Осиёи Маркази ба мисли Афғонистони ҷангзада лонаи терористони байналмилалӣ мегарданд. Имруз кишвари Тоҷикистон ба мисли солҳои 1991-1992 мелодӣ нест, ки ҳар касу нокас ҳарчи хост кардан гирад. Алҳол пояҳои ин давлат ниҳоят қавӣ ва устувор мебошад, ки ифтихори ҳар як шаҳрванди худогоҳ аст. Роҳбари давлат, Пешвои миллат, сиёсатмадори тавоно тавонистанд, ки амнияти миллии кишвари худро пурра барқарор кунанд, оромии ҷомеаи шаҳрвандиро ба ваҷҳи аҳсан таъмин намоянд ва дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ашхоси кордон ва лоиқро тарбият карда интихоб ва ҷо ба ҷо кунанд. Пушида нест, ки ин тадбири оқилона муваффақияти бузург ва натиҷаи дилхоҳ ба бор овард, ки шоистаи таҳсин аст.
Ғуломов Муҳибу��ло (Эшони Фахрузамон)
0 notes
Video
tumblr
Одинаев Маҳмурод бо лақаби Саиди Пох...
0 notes
Link
0 notes
Link
0 notes
Text
Дододжон Атовуллоев СЕКС ДАР БОЛОИ ҶОЙНАМОЗ+ 18
Тамошои ин видео барои ононе, ки синашон аз ҳаждаҳ поин аст, қатъиян манъ аст.
ТАШРЕҲИ 1
Муддатҳост, ки чандин забти гуфтугӯҳо ва дасисаҳои фаъолони наҳзатӣ дар дастам аст. Ҳеҷ гоҳ хоҳиши расонаӣ кардани онҳоро надоштам, гарчанде ин тӯдаи бидуни муқаддасот чаҳор сол аст, ки ба рағми ман ҷанг эълон карда буданд. Тамоми дасиса ва найрангҳои шаръию ғайришаръиро истифода карданд. Навъе аз бӯҳтон намондааст, дашноме фаромӯш нашудааст.Ёд доред, чанд сол аст, ки як ҳақоратномаи манро ин оҷизакон дар шабакаҳо мечархонанд?! Эътироф мекунам: он манам!Ба ҷуз он ки маро дар шабакаҳо таҳқир мекарданд, ба тамоми телефонҳо ва мессенҷерҳо ҳақоратборон мекарданд.Он дашноме, ки онҳо аз он ба таври худашон «дурдона» сохтанд чунин таърих дорад. Баъди марги хоҳарам буд. Рӯзи ҳафташ. Нафаре занг зад ва бидуни муқаддима сар кард:- Хоҳари мурдаатро...дар даруни қабр...Намепурсам, шумо чӣ мегуфтед, аммо ман тамоми ҳақоратеро ки медонистам, ба забон овардам. Он душманони номард суханҳои худро қайчӣ заданд ва гуфтаҳои маро монтаж карданд.
ТАШРЕҲИ 2
Бештари наҳзатиҳое, ки ба роҳбарашон қаробати наздик доранд, аз «Алломаи даҳкитоба» ва «Устоди дарозақлашон» танҳо мунофиқӣ омӯхтаанд. Дастрасӣ ба мукотибаҳои маҳрамонаи «даҳонкалонҳои» наҳзатӣ, кашфи фейкҳои онҳо беҳтарин далел аст.Дар мазраъи ом – ҷононаҳо ва «бамаънишка». Дар хилват – як тӯда ташнаи хун. Бо ном�� худаш – Маҳатма Гонди, дар фейкаш – як гандида. Дар минбар – намоди демукросӣ, дар паси минбар – як диктаторе, ки ҳар кӣ бо ӯ нест, ҳукми қатлаш омода аст. Дар шиор – миллатпараст, дар амал – маҳалбози гузаро. Дар Ғарб – галстуку оби ҷави асл, дар Шарқ – дастору оби ҷави шаръӣ. Ҳазоррангу ҳазоррӯвӯ зишттар аз ҳазорпо.
ТАШРЕҲИ 3
Ин навор намунае аз мунофиқии онон аст. Муносибат ба як бонуе, шояд завҷаи саввум аст ё чаҳорум, ки баъди даҳ соли ҳамболинӣ, ба хотири «осеб нарасонидан ба имиҷи роҳбари муъаззам» ҳатто справка мегирад, ки ҳанӯз бокира аст. Ин бону ба аврупо суроғи шавҳари исломӣ меояд ва огоҳ мешавад, ки маликаи мулки шоҳаншоҳи бе мамлакат дигарест. «Шоҳаншоҳ» якеро барои пинҳонкорӣ (конспиратсия) «дӯст» дигареро, тавба кардам, «хоҳар» муаррифӣ менамояд.Чӣ хархаша, кашмакаш, низоъ, ғавғоҳо байни «дӯст» ва «хоҳар» шуду гузашт, таҳлилгарону нозирони шабакаҳоро шокӣ карда буд.
ТАШРЕҲИ 4
Роҳбари наҳзатиён бештар аз номи Худову ислом демукросиро бештар ба забон меоварад. Дар ҷомиъаи демукросӣ сиёсатмадор рози магӯ, сири ниҳон надорад. Ҳаёти хусусияш низ пеши мардум бояд рӯшан бошад.
Ҳоло порае аз китоби «Секс дар рӯи ҷойнамоз»
(Поёни серияи 1.Давом дорад)
Д. А.
0 notes
Link
Забон аз қадимтарин замонҳо то ба имрӯз муҳимтарин далели рӯҳи инсонӣ, воситаи асосии муоширати байни одамон, табодули захираҳои маънавӣ ва омили аслии пешрафти тамаддунҳо мебошад. Ва то вақте ки ҷомеаи инсонӣ ҳаст, бо чунин сифатҳо боқӣ хоҳад монд.
Забон ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ, натиҷаи фаъолияти интеллектуалӣ, вокуниши одам ба ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур аст. Он хотираи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллат мебошад. Неруест, ки қудрат ва тавоноии худро дар ҷараёни ниҳоят мураккабу пурпечу тоби таърихӣ, ки аз муборизаҳо, бурду бохтҳо ва садоқату хиёнатҳо иборат аст, ба намоиш мегузорад.
Майдони набарди забонҳо майдони сиёсӣ аст. Дар ин набард, маъмулан забони гурӯҳҳо, табақаҳои ҷамъиятӣ, синфҳо ва ҳизбҳое, ки аз ҳокимияти сиёсӣ бархӯрдоранд, пирӯз мегардад. Забони ҳоким ҳамчун муҳимтарин абзори сиёсати давлат рафта-рафта чархро дар доираи қаламрави муайяни забонӣ оламгир мекунад.
Бисёр иттифоқ афтодааст, ки дар ҳолати адами қудрати сиёсӣ ҳатто забонҳои дорои собиқаи бузурги фарҳангӣ, захираи фарогири луғавӣ, сохти пурқувват ва озмудашудаи грамматикӣ, фонетика ва хосияти ниҳоят ҷаззоби орфоэпӣ аз байн рафтанд.
Аломатҳои номбаршуда дар роҳи ҳамвор, ҳолати абстракт, рукуди сарбастаи мантиқи семантикӣ, зарфияти маҳдуди ифодаи муҳтаво ва зуҳуроти ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур пайдо намешаванд.
Қудрати забон – қудрати миллат ва намунаи олии дараҷаи рушди диалектикии ҳаёти сиёсию фарҳангии он дар тӯли ҳазорсолаҳост. Мусаллам аст, ки забон, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ бидуни собиқа ва таҷрибаи давлатдорӣ, яъне пуштибонии сиёсӣ имкони такомул надоранд.
Неру ва тавонмандие, ки забон дар тӯли ҳаёти инсон, дар фазо ва вақт нишон медиҳад, ифодакунандаи назарияи инъикос мебошад. Ҳамин тариқ, воқеият сабабгори пайдоиши мафҳумҳо аст. Мафҳумҳо, истилоҳот ва дефинитсияҳо вақте шакл мегиранд, ҳуқуқи зиндагӣ пайдо мекунанд, ки ҳастӣ ё ниёзҳои ба он алоқамандро бо таркибҳои овозӣ дар худ таҷассум намоянд.
Ҳамзамон бо ин, қобилияти чунин инъикос дар сохтани дунёи нав, дунёи идеалӣ низ зуҳур меёбад. Он марбут ба мақсадгузорӣ, аз ҷумла, таъсиси давлати миллӣ, ба вуҷуд овардани дунёи маънавӣ, фарҳанг ва маданияти миллӣ мебошад.
Дар тӯли таърих миллат (хонда шавад забон) ба сахттарин муқобилият ва гоҳо ҳатто тааррузи аҷнабиён ва душманони дохилии ҷонибдори бегонагон рӯ ба рӯ мегардад. Забони миллӣ вақте аз ин набард солим, бегазанд ва пурқувват бадар меояд, агар мардум, махсусан зиёиёни фидокор зарфият ва масъулияти ҳимояи манфиатҳои миллиро ба уҳда бигиранд ва амал кунанд.
Иқдоми ҷавонмардонаи Пешвои миллат барои эълони соли бузургдошти Имоми Аъзам, ҳамчун чеҳраи баргузидаи миллӣ, аз ҷасорати ин пири тариқат барои ҳимояи забони модарӣ, ҳувият ва асолати миллии тоҷикон сарчашма мегирад. Маводи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки ӯ бо дониш, ақлу заковат, далерӣ ва матонат ғосибонро маҷбур кард то бо эътироф кардани забон ба миллаташ низ эҳтиром гузоранд. Маҳз бо чунин сифатҳо забон ҳамчун организми зинда ва субъекти муносибот шинохта мешавад.
Забони комил қудрати фаъоли таъсиррасонӣ, дигаргунсозӣ ва ба тарзи диалектикӣ эҳё намудан, таҳаввулот ва пешрафти миллатро дорад. Дар тӯли таърих забони тоҷикӣ барои соҳибзабонон ҳамин гуна хизматро ба ҷо овардааст. Ва бо ин аломатҳо аз сарчашмаҳои муҳимми омӯзиши рӯзгори миллат гаштааст.
Забоншиносии тоҷик, ҳамчун соҳаи илм, марҳалаҳои гуногуни таърихиро дар бар мегирад. Тибқи он, дар ҳар давра масъалаҳои ташаккул ва инкишофи лингвистика, лексикология, грамматика, забону услуби асарҳои бадеӣ ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи забонӣ мавриди омӯзиш, таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтаанд.
Муборизаи устод Садриддин Айнӣ дар масъалаи воқеияти таърихӣ доштани миллати тоҷик аввалин набарди муваффақонаи забоншиносии тоҷик дар давраи нави таърихӣ буд. Дар ин мубориза се омил нақши давлатсозиро иҷро кардааст: якум, таърихи зиёда аз панҷҳазорсолаи миллати тоҷик бо забон ва фарҳанги оламшумули он, дуюм, шахсияте бо донишҳои энсиклопедӣ дар масъалаҳои таърих, забон, адабиёт, этнография, антропологияи миллати тоҷик ва мардумони минтақа, сеюм, сифатҳои ватанхоҳонаи худи Садриддин Айнӣ − ҷасорат, мардонагӣ, рӯинтанӣ, сарсупурдагӣ ва шинохти хеш ҳамчун вориси ҳақиқии миллати тоҷик. Ин омилҳо дар якҷоягӣ сабабгори нотавонӣ, ақибнишинӣ ва оқибат мағлубияти душманони асолати миллати тоҷик ва забону фарҳанги он гардиданд.
Замони истиқлоли давлатӣ аз лиҳози сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ беҳтарин шароитро барои рушду нумӯи забон ва забоншиносии тоҷик фароҳам овард. Он, барҳақ, ба ҷонфидоӣ, суботкорӣ, ташаббус, кӯшишу ғайрати дар таърихи миллати тоҷик бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут аст.
Агар Исмоили Сомонӣ ҳамчун асосгузори аввалин давлати тоҷикон ва ҳомии забон, илм, маърифат, маданият, фарҳангу адаби миллати тоҷик маъруф гашта бошад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бузургтарин абармардони таърих аст, ки на танҳо давлати навини тоҷиконро дар шароити ниҳоят мураккаб ва фоҷиабори ҷанги таҳмилии дохилӣ, парокандагии миллӣ, рақобати шадиди геополитикӣ асос гузошт, балки дар роҳи эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ − таърих, забони модарӣ, маданият, фарҳанг, фидокориҳои бемисл нишон дод. Бо ибораи дигар, баробар бо наҷоти миллат нақши наҷотбахши забони ӯро низ ба ҷо овард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои шахсӣ тавассути Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ ва иқдомоти баробар ба онҳо мақом ва нуфузи забони модариро дар баландтарин поя гузошт. Донистан ва дар фаъолияти расмии давлатдорӣ, муносиботи байналхалқӣ афзалият бахшидан ба онро аз муҳимтарин вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард. Дар замони раҳбарӣ – давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба манзалати фарогиру устуворе соҳиб гардид, ки дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи мардуми тоҷик забони модарии мо дар чунин манзалат намеистод ва истода ҳам наметавонист.
Пешвои миллат дар китобу мақолаҳои илмӣ, суханрониҳои сиёсӣ, гуфтугӯҳои мустақим бо аҳли зиё ва мардум муҳимтарин масъалаҳои забоншиносии тоҷикро мавриди омӯзиши дақиқ, таҳлилу арзёбии амиқ қарор дод. Боиси ифтихор аст, Роҳбари давлат дидгоҳи хешро бо забони шево, лаҳни гуворо, барои омма фаҳмо, бо истифода аз далелҳои раднопазири таърихӣ ва санъати бузурги сухандониву суханварӣ иброз медорад.
Дар таҳқиқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин масъалаҳои забон ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ, омилҳои иҷтимоии пайдоиш, ташаккул ва рушди забони модарӣ, муносибати забон ба сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, нақши он дар хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ ва пешрафти ҷомеа, таъмини ваҳдат, амнияти миллӣ, забон ва ҳусни баёни адибони классик ва муосир мавриди омӯзиши илмӣ қарор гирифтаанд.
Инҳо аз масъалаҳое мебошанд, ки предмети таҳқиқоти моро дар доираи рисолаи мазкур дар бар мегиранд.
МЕТОДИ ТАЪРИХӢ ВА ТАҲҚИҚИ МАСЪАЛАҲОИ ЗАБОНШИНОСӢ
Дар маҷмӯъ, забоншиносӣ ҳамчун илм дар натиҷаи омӯхтани таърихи халқу миллатҳо арзи вуҷуд кардааст.
Ҳамчуноне ки барои донистани табиати инсон этнография, география, археология ва физиология аҳамияти басо муҳим доранд, барои дарки онтологии забоншиносӣ донистани таърихи забон ҳамин гуна нақшро мебозад. Ба ибораи дигар, «бе муносибати таърихӣ нисбат ба далели забон илм дар бораи забон вуҷуд дошта наметавонад» (А. С. Чикобава).
Ҳангоми таҳқиқи зуҳуроти марбут ба забон методҳои гуногуни таърихӣ истифода мешаванд. Методи таърихӣ-мантиқӣ яке аз онҳо ба шумор меравад. Арзишмандии объективӣ ва онтологии усули зикргардида иборат аз он аст, ки пайдоиш, инкишоф ва камолоти объекти омӯзиш аз оғоз, зина ба зина мавриди таҳқиқ қарор дода мешавад.
Дар чаҳорчӯбаи методи таърихӣ мундариҷаи омӯзиш ҷаҳони мушаххаси зуҳуротро ошкор месозад. Услуби мантиқи онро бо асоснок кардани алоқамандиҳои дохилӣ пурра мегардонад, тафсир менамояд (Ниг. Лысманкин Е.Н. Историческое и логическое в учении об общественно-экономических формациях//Проблемы социального познания. − М.: 1984).
Дар таҳқиқоти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин талабот ҳамчун асоси воқеӣ барои далелнок кардани назарияи пайдоиш ва рушду нумӯи предмети омӯзиш − забони тоҷикӣ истифода мегардад: «Забони зиндаи тоҷикии форсии дарӣ идомаи таърихии ҳамон забонест, ки бо он «Авасто»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки «Худойнамак»-у «Таърихи мулуки Аҷам»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки бо такомулу таҳаввулаш дар даврони ��слом «Шоҳнома»-ву «Маснавии маънавӣ»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки дар ҷомеаи шӯравӣ ба ҳар навъе аз буҳрони фарҳангӣ худро ба саломат то истиқлолияти фарҳангиву сиёсӣ расонд ва ҳатто тавонист давоми сарнавишти соҳибашро бо қалами Айниву Турсунзода ва аллома Ғафуров бинависад» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. − С. 139-140).
Мақсади асосии илм муайян кардани воқеият мебошад. Ба хотири дарки объекти омӯзиш, яъне мураккабтарин падидаи олами ҳастӣ − забон истифодаи усули таърихиву фарҳангӣ тавъам бо методи мантиқӣ имкони озоди таҳқиқи фарзияҳои пайдоиш ва инкишофи лафзи модариро фароҳам меоварад. Зинаҳои рушду камолот ва нерумандии забонро бо дарназардошти замону макон ва ҳадафи таҳқиқро барои дарки беҳтари хонанда равшан месозад: «Забони нобу шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ ҳанӯз дар дарбори Тоҳириёну Саффориён, сипас дар дарбори Сомониён чун забони идораи давлату коргузории вазоратхонаҳо ривоҷ пайдо карда буд» (Ҳамон ҷо. − С. 193).
Ин масъала аз ҷониби академик Бобоҷон Ғафуров ба чунин тарз таъкид мегардад: «Хуллас, дар асрҳои IХ-Х дар Мовароуннаҳру Хуросон умумияти азими этномадание ташаккул ёфт, ки давлати Тоҳириён, Саффориён ва алалхусус, Сомониён тақрибан пурра ба ҳайъати он дохил мешуданд» (Б. Ғафуров. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. – Душанбе: Дониш, 2008. − С. 375).
Илова ба ин, аллома Бобоҷон Ғафуров таърихи пайдошавии вожаи «тоҷик» ва хосияти фарқкунандаи рӯҳиву равонии ин миллатро ҳамчун аломати фарқкунандаи қавмию нажодии он бо истинод ба сарчашмаҳои таърихӣ чунин таъкид месозад: «Ин умумияти этникӣ фақат дар миёнаҳои асрҳои Х-ХI ва ё худ дар нимаи аввали асри ХI соҳиби ном шуд. Ба қавли Байҳақӣ, соли 1043-44 яке аз муқаррабони султон гуфтааст: «Мо, ки тозик ҳастем…» То ин дам «тозӣ» гуфта, арабҳоро дар назар доштанд. Худи ҳамон Байҳақӣ ривоят мекунад, ки дар муҳорибаи назди Дандонақон (1040) ҳиндуву арабу курдҳо фирор карданд ва танҳо сарбозони тозик бо ҷасорат ҷангиданд. Хуллас, дар нимаи аввали асри ХI истилоҳи «тоҷик» номи он халқе гардид, ки дар Осиёи Миёна ва Хуросон ташаккул ёфт» (Ҳамон ҷо. − С. 375).
Муаллифи китоби «Тоҷикон», ки барҳақ, аз ҷониби Сарвари давлат ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардидааст, дар баробари зикри далелҳои таърихӣ доир ба ҷараёни шаклгирии истилоҳи номи халқ, сифат ва маънавиёти фарқкунандаи ин падидаи этникиро низ ёдовар мешавад.
Кӯшишҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аз таъкиди бевоситаи дарки аҳамияти забони модарӣ оғоз мегарданд. Сарвари тоҷикон ба ин масъала аз нигоҳи фарҳангӣ муносибат карда, назарияи худро нисбат ба масъалаҳои забоншиносии тоҷик бо истифода аз методи муқоисавию ��аърихӣ асоснок мекунад.
Ҳангоми омӯзиши назарияи Роҳбари давлат дар хусуси ҷанбаҳои таърихи тамаддуни миллати хеш суханони забоншиноси маъруфи немис Я. Гримм ба хотир мерасанд. Ӯ гуфтааст: «Забони мо таърихи мо мебошад». Ва дар асарҳои худ «Грамматикаи немисӣ», «Таърихи забони немисӣ», ки ба масъалаҳои омӯзиши забоншиносии таърихӣ бахшида шудаанд, махсус таъкид мекунад: – «Барои аз лиҳози таърихиву маданӣ бозсозӣ кардани халқҳо дар муқоиса бо устухонҳо, силоҳ ва қабрҳо, шаҳодати зиндае вуҷуд дорад – он забони ӯст» (J. Grimm. Geschichte der deutschen Sprache. 1880. – Р. 4.).
Ҳамин тариқ, дар илм мафҳуми забоншиносии палеонтологӣ пайдо шудааст, ки тавассути расидан ба умқи калима ва этимологияи он фарзияҳои гуногуни таърихӣ мавриди санҷиш, муқоиса ва хулосабарорӣ қарор мегиранд, ки онро метавон археологияи лингвистӣ низ номид.
Пешвои миллат дар таҳқиқи масъалаҳои забоншиносӣ принсипи таърихиятро тавъам бо методи системавӣ ва сохториву функсионалӣ муваффақона истифода бурдааст. Маҷмӯи чунин муносибат ба арзёбии муҳимтарин қисмати сарнавиштсози халқ имкон додааст, ки «имрӯза дар гузашта» бо далелҳои эътимодбахши дар муддати садсолаҳо тасдиқгардида исбот карда шавад: – «Тоҷикон дар миёни халқияту миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардуми соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз дошта, имрӯз низ шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо нафар шоирону адибони гузаштаро озодона мефаҳманд ва дар гуфтугӯйи ҳаррӯзаашон истифода мекунанд» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. − С. 190-191).
Ҳам дар таҳқиқоти Роҳбари давлат ва ҳам дар омӯзиш ва хулосабарориҳои илмии академик Б. Ғафуров масъалаҳои забоншиносии тоҷик дар алоқамандӣ бо воқеаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ − таҷрибаи таърихии миллати тоҷик дар муносибат бо дигар халқу миллатҳо баррасӣ гардидаанд. Ба қавли асосгузорони материализми илмӣ «Сохтани алоқаҳо ва пур кардани онон бо далелҳо мумкин нест. Баръакс, алоқаҳоро аз маҷмӯи далелҳо бояд пайдо намуд». Омӯзиши саҳифаҳои таърихи Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои фаротар аз он дар алоқамандӣ бо таърихи миллати тоҷик ва забони модарии мо аз ҳамин принсип сарчашма гирифтаанд.
СИЁСАТ ВА ЗАБОН
Тавре хотирнишон гардид, забон ҳодисаи ҷамъиятӣ аст ва ба ҳамаи табақаҳои иҷтимоии ҷомеа баробар хизмат мекунад. Дар айни замон, забон муҳимтарин воситаи амалӣ кардани мақсадҳои сиёсӣ низ мебошад. Ташаббускор ва барандаи сиёсати забонӣ − табақаи ҳукмрони ҷомеа аст, ки захира ва имконот�� иқтисодиро дар ихтиёр дорад. Ин ҳолатро, тавре эътироф гардидааст, базис ё пойдевори давлат меноманд. Чунин сохтор ҷаҳонбинии ба худ мувофиқи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ, адабӣ ва фалсафиро ба вуҷуд меоварад. Ба қавли асосгузорони материализми илмӣ идеологияи синфи ҳукмрон – идеологияи ҳукмрон хоҳад буд.
Асос гузоштан ва ташаккул додани тарзи ҷаҳонбинии ба сохти давлатдорӣ мувофиқ аз ��аздиктарин ва муҳимтарин вазифаҳои раҳбарияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Табақаи ҳукмрон, сарфи назар аз майлу хоҳиши мардумони қаламрави зердаст, бо кулли имконот забон, фарҳанг, маданият ва урфу одати хешро ба хотири расидан ба мақсадҳои сиёсии худ ҷорӣ менамояд. Дар таърих ва замони муосир далелҳои зиёд ҳастанд, ки синфи ҳукмрон, новобаста аз мансубияти миллиашон, ба хотири нигоҳ доштани қудрати сиёсӣ, нисбат ба забони модарӣ, ба забони бегонагон афзалияти бештар додаанд ва ин амали худро ба сари миллат маҷбуран бор кардаанд. Чунин тарзи ҳукмронӣ ба сохти теократии давлатдорӣ хос аст. Барои фаҳмидани ҳуҷҷатҳои расмии чунин кишварҳо хонанда бояд ба луғоти забони миллате муроҷиат кунад, ки решаи эътиқодот ба он мансуб аст.
Зуҳуроти ҷамъиятӣ, ҳам хосиятҳои умумӣ ва ҳам махсус доранд. Хосияти алоҳидаи зуҳурот онҳоро аз дигар шаклу падидаҳои ҷамъиятӣ фарқ мекунонад. Падидаҳое, ки бо аломатҳои сохторӣ ва функсионалии худ аз дигар зуҳуроти материалӣ ҷиддан фосилагирӣ мекунанд, муҳимтарин, асоситарин ва умдатарин хосияти фарқунандаи ҷисм мебошанд. Маҳз ҳамин аломати онро моҳият (ҷавҳар, асос) номидан мумкин аст. Ҳар замоне ки моҳияти ҷисм аз лиҳози сохторӣ ва муайянкунандагӣ тағйир ёфт, зуҳуроти он низ шикаст мехӯрад. Талабот нисбат ба забон ҳам чунин қонунмандиро истисно намекунад. Дар ин маврид, Пешвои миллат, барҳақ, ҳушдор медиҳад: «Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Ба ибораи дигар, фанои забон, фанои миллат аст» (Ҳамон ҷо. − С. 165).
Истилогарон, тавре ишора гардид, мекӯшанд ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти худро, маҳз тавассути забони худ, ки таҷассумгари асосии сиёсат ва идеологияи онҳо мебошад, ба дигарон таҳмил кунанд. Муносибати ғосибон ба забони миллатҳои зердаст аз ҳамин муҳтаво сарчашма мегирад. Аммо чунин андешаи бегонагон, мумкин аст на ҳама вақт амалӣ гардад. Он ба қудрати забон-лексика, семантика, семасиология, грамматика, фарҳанг ва иродаи соҳибзабонон − мардуми бумӣ вобастагӣ дорад.
Ба қавли академик Бобоҷон Ғафуров, истилои аҷнабиён дар асри VII ҷараёни ташаккулёбии халқи тоҷикро то як андоза ба таъхир андохт. Аммо то он замон забони дарии тоҷикӣ аз лиҳози таркиби луғавӣ ва сохти грамматикӣ дар тамоми соҳаҳо тасаллут пайдо карда буд. Дар минтақа бузургтар аз он неруи таҷассумгари «шакли материалии фикр» ва «воситаи муоширати байни одамон» вуҷуд надошт. «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, асарҳои илмӣ ва бадеиву таърихӣ нишонгари фарҳанги воло ва василаи тавонои инъикоси зуҳуроти табиат, ҷамъият ва тафаккури давраи тоисломии халқи тоҷик мебошанд. Омили аслии ба вуҷуд наомадани ассимилятсияи забони тоҷикӣ ва эмин мондани тоҷикон ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ забон ва абармардони миллат буданд.
Забони тоҷикӣ бо зарфияти бузурги маънавии хеш хосияти фарогирии оммаи васеъро дар қаламрави Мовароуннаҳр ва Хуросон дар худ нигоҳ медошт. «Ба хотири он ки забон маҳсули тафаккур аст, тавассути он имкон надорад чизеро ифода кард, ки хосияти умумӣ надошта бошад» (Г. В. Ф. Гегель. Энциклопедия философских наук. Т. 1. Наука логики. − М.: Мысль, 1974. − С. 114). Муҳтаво ва қобилияти фарогир будан муҳимтарин сифати забонҳост. Хушбахтона, забони тоҷикӣ ба гурӯҳи чунин забонҳо дохил мешавад.
Б. Ғафуров, аз ҷумла, дар бораи мавқеи забони форсии дарӣ менависад: «Навиштаҷоти форсӣ (аниқтараш форсии миёна)-и асрҳои VII-VIII, ки дар қарибии Марв ёфт шудааст, равшан далолат мекунад, ки дар ин давра дар он ҷойҳо бо забони форсӣ (тоҷикӣ, ки онро «забони форсии дарӣ» ё худ «забони форсӣ» ҳам номидаанд) ҳарф мезаданд. Мувофиқи маълумоти пурарзиши ал-Чаҳшиёрӣ, то худи соли 742 дар Хуросон хати форсиро кор мефармуданд (эҳтимол, ин хат дар асоси ҳуруфоти паҳлавӣ тартиб ёфта буд) (Б. Ғафуров. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 370).
Дар идомаи фикри худ академик Б. Ғафуров таъкид месозад, ки забони форсӣ то омадани арабҳо дар Балх ҳам паҳн гардида буд. Шеърҳои ниҳоят машҳури мардумӣ, ҳаҷвияҳо дар бораи шикасти арабҳо, ки махсусан дар сарзаминҳои қисмати ҷанубии Мовароуннаҳр рӯй медод, аз ҳамин хусус гувоҳӣ медиҳанд.
Дар ин шароит фарҳанг, забон, тарзи тафаккур, урфу одат ва рӯҳи ба он созгори тоҷикият, ки дар байни халқи тоҷик торафт решадор мегардид, ҳамчун идеяи сарҷамъкунанда ва ваҳдату ягонагӣ ба неруи воқеӣ мубаддал гардида, мардумро дар муқобили фарҳангу забони бодиянишинон қувват мебахшид.
Тибқи назарияҳои боэътимоди забоншиносии таърихӣ (В. С. Расторгуева, И. Абаев, А. Серебренников) яке аз воситаҳое, ки ба муқобили ассимилятсияи забонҳо ва ворид шудани калимаҳои бегона ба ин ё он забон истодагарӣ мекунад, сохти грамматикии забон мебошад. Ҳамзамон бо ин, таркиби бойи луғавӣ, ки барои грамматика ҳамчун маводи тайёри ташаккули категорияҳои морфологӣ ва синтаксисӣ хизмат менамояд, иқтидори рақобатпазирии забонро таҳким мебахшад. Бояд гуфт, ки забони тоҷикӣ чунин сифатро ҳанӯз аз давраҳои бостон доштааст.
Дар ҷараёни истилои арабҳо, ки мақсад аз он тавассути ақидаҳои динӣ забт кардани қаламрави сарзаминҳои бегона буд, аҷнабиён на танҳо ба муқовимати шадиди мардумони Мовароуннаҳр дучор шуданд, балки баъди расидан ба мақсад ҳам наметавонистанд танҳо тавассути забону фарҳанги хеш нақшаҳои стратегии худро ба пуррагӣ роҳандозӣ намоянд. Онҳо маҷбур мешуданд аз забони дарӣ ҳамчун воситаи сиёсӣ истифода баранд. «Мувофиқи ривояти ҳадисҳо, забони форсӣ дар ҳамон давраҳо ва зотан дар давраҳои сонитар ҳам, василаи муҳимми тарғиби дини ислом буд. Ба қавли Наршахӣ (асри Х) дар як масҷиди Бухоро, ки соли 713 бино шуда буд, Қуръонро ба забони форсӣ қироат мекардаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 371). Чунин вазъият аз шуҷоат, мардонагӣ ва рӯҳи шикастнопазири аҷдоди м��ллати тоҷик ва қудрати забони модарии мо шаҳодат медиҳад. Дар идомаи сухан аллома Бобоҷон Ғафуров бо ифтихор менависад: «Ҳодисае маълум аст, ки соли 728 яке аз воизони дини ислом аз тарғиби дин дар Самарқанд фақат ба ҳамин асос даст кашидааст, ки забони форсиро ба хубӣ намедонистааст» (Ҳамон ҷо. − С. 371).
Дар афкори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши фарзандони баору номуси миллат, ки ба ивази ҷони худ забон, фарҳанг, таърих, маданият ва анъанаҳои миллиро ҳифз кардаанд, мақоми хосса дорад.
Омӯзиши китобу мақолаҳои илмии Пешвои миллат аз он шаҳодат медиҳанд, ки зуҳуроти камназири таърихӣ – зинда мондани забони тоҷикӣ дар замони истилои араб ва ҳазорсолаи ҳукмронии бегонагон ҳамчун мавзӯъ ва ҳадафи илмӣ муайян шудаанд. Роҳбари давлат дар ин маврид ба ҳамаи саволҳо бо далелҳои эътимодбахш посух медиҳад. Хулосаи асосгузорони материализми илмӣ иборат аз он аст, ки «Идеяҳо, дар умум, ҳеҷ коре карда наметавонанд. Барои роҳандозӣ кардани идеяҳо одамон лозиманд, ки қувваи амалиро истифода баранд». Ҳангоми таҳқиқ Пешвои миллат хизматҳои фарзандони фарзонаи миллатро якояк номбар ва ҳамчун намунаи садоқат ба мардуми хеш муаррифӣ мекунад: «Маҳз бо кӯшишҳои Имоми Аъзам ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони ибодати динӣ нақш ва аҳамияти махсус дода шуда, он дар байни диндорон ҳамчун забони дуюми аҳли биҳишт эътироф гардидааст» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. − С. 137).
Дар илми забоншиносӣ мафҳуми «буриши якдигарии забонҳо» маъруф аст. Он, махсусан, дар шароити нобаробарии сиёсӣ ҳамчун натиҷаи адами мувозинати иҷтимоии халқу миллатҳо ба вуҷуд меояд.
Тавре хотирнишон гардид, забони ҳоким бо истифода аз захираҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва кулли имконот мекӯшад дигар забон ё гурӯҳи забонҳоро дар худ «ҳазм кунад» ва ба ҳамин тариқ ғолибияти худро дар қаламрави мавриди таваҷҷуҳ таъмин созад. Ҷараёни ассимилятсияи забон ё гурӯҳи забонҳо маҳз дар чунин шароит ба вуҷуд меояд.
Дар ин ҳолат, забони мардуми бумӣ ҳамчун муҳимтарин воситаи истодагарӣ кардан ва мубориза бурдан нақши худро на ба тарзи одӣ, абстракт, худ ба худ, балки тавассути бузургони миллат ба намоиш мегузорад. Эҷод кардан ва ба аҳли башар пешниҳод намудани асарҳои илмӣ, илмиву таърихӣ ва бадеӣ воситаи аслии нишон додани қудрати маънавии халқ барои ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебошад.
Роҳбари давлат ба қаҳрамониҳои фарзандони халқи тоҷик ҳамеша арҷгузорӣ мекунад. Кӯшиш менамояд, ки хотираи онҳоро ҷовидон гардонад. Тавассути овардани далелҳои таърихӣ ба ҳамватанон, махсусан зиёиён − шоирон, нависандагон, олимон, кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муаллимони мактабҳои оливу миёна, донишҷӯён, касоне, ки мансуб ба табақаи андешаву эҷод ҳастанд, маъниву мантиқи арзишҳо�� тоҷикиятро гаштаву баргашта ва возеҳу равшан фаҳмонад ва бузургони гузаштаи миллатро ҳамчун намунаи пайравӣ муаррифӣ намояд: – «Лозим ба ёдоварист, ки дар аҳди Сомониён Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ тарҷума гардида, мардум ибодатро ба забони модарӣ анҷом медод». Ва хулосаи воқеии худро бо ифтихор эълон менамояд: «Ин нишони эҳтироми бепоёни мардум ба асолат ва забони модарӣ ва кӯшишҳои халқи тоҷик барои ҳифзи забон ва суннатҳои ниёгон буд» (Ҳамон ҷо. − С. 163).
Дар ин маврид таълимоти хирадмандонаи Пешвои миллати тоҷик дар бораи забон бо афкори олимони маъруфи дунё мувофиқ меояд. Чунончӣ, файласуфи машҳури немис Г. В. Ф. Гегел эълон медорад: «Забон бузургтарин неру дар ҷомеаи инсонҳост» (Г. В. Ф. Гегель. Работы разных лет в двух томах. Т. 2. − М.: Мысль, 1973. − С. 192).
Хотираи аслии миллат хат, осори хаттӣ ва муҷассамаҳои таърихи бостон мебошанд. Маводу масканеро, ки истилогарон имкон доранд, нобуд мекунанд, то чунин ёдгорӣ боқӣ намонад. Мақсад: наслҳои баъдина набояд гузаштаи худро донанд, онро тозаву равшан тасаввур намоянд, «одами нав», «олами нав» созанд, ҷаҳон ва таърихи онро аз дидгоҳи ғосибон бубинанд, арзёбӣ кунанд, нисбат ба таърихи миллати худ ҳамчун ба «даврони ҷоҳилия» нафрат дошта бошанд, гузашта ва имрӯзи худро аз варақи сафед оғоз намоянд ва дар доираи ҷаҳонбинии фармоишӣ ҷонсупорӣ кунанд. Онҳо мекӯшиданд, ки маркази идоракунандаи маънавиёт ва арзишҳо на ҷавҳари хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, яъне тоҷикият ва ватани аҷдодӣ, балки хосияти бегонагии фосилавӣ дошта бошад.
Фоҷиаи бузурги шикасти салтанати Сомониён, кӯшишҳои барқарор кардани ҳокимияти сулолаи Манғитиён тавассути ҳаракати зиддитоҷикии босмачигарӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ бо зуҳуроти ба ном «муҷоҳидин» − генотсиди миллӣ бо имконоти пулӣ, молӣ ва пуштибонии маънавии аҷнабиён маҳз аз андешаи душманӣ нисбат ба асолати миллӣ сарчашма мегирад.
Бобоҷон Ғафуров дар ин маврид хотиррасон мекунад. «Истилои Эрон ва Осиёи Миёна аз тарафи арабҳо ва мусулмонкунонии аҳолии мамлакатҳои забтшуда (асрҳои VII-VIII ва давраҳои баъдина) пайваста бо нест кардани осори хаттии қадим ва алифбои мардуми гуногуни эронизабон – алифбои паҳлавӣ дар Эрон, суғдӣ ва хоразмӣ дар Мовароуннаҳр, бохтарӣ дар Бохтари таърихӣ (Тахористон) ва ба ивази онҳо зӯран ҷорӣ кардани забон ва алифбои арабӣ ба вуқӯъ меомад» (Б. Ғафуров. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. – Душанбе: Дониш, 2008. − С. 374).
Ҳадафи аслии ин зӯргӯӣ батадриҷ аз байн бурдани забонҳои мардумони ин сарзаминҳо, анъана ва урфу одатҳои онон ва ба ҳамин тариқ ба асрҳои аср тамдид кардани султаи сиёсии аҷнабиён буд.
Маҳз дар чунин шароит зарурати омӯзиши таърихи забони модарӣ, махсусан, грамматика ва таркиби асосии луғавӣ, услуби баён, муқоисаи он бо захираи луғавии «забонҳои ҳоким», шакл, мундариҷа ва неруи тафаккурии соҳибзабонон, қобилияти рақобати забони мардумони бумӣ дар муҳити нобаробари сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба миён меояд. Чунин таҳлил дар шароити ниҳоят мушкили таърихӣ асоснокӣ ва зарурати омилҳои истодагарӣ карда тавонистани забони тоҷикиро дар муносибат бо дигар забонҳо, баръало нишон медиҳад.
Роҳбари давлат ҳамчун эҳёгари воқеии арзишҳои шукӯҳманди таърихӣ замони салтанати Сомониёнро бо ифтихори бузург ёдовар мешавад. Рушду нумӯи забони тоҷикиро натиҷаи истиқлоли давлатӣ мешуморад ва омилҳои асосиеро, ки забони модарии мо маҳз тавассути онон мақоми оламшумул пайдо кардааст, номбар мекунад: «Дар аҳди Сомониён забони тоҷикӣ ҳамчун забони шеъру шоирӣ, забони илму адаб бо покиву шириниаш воқеан оламгир шуд. Ва, албатта, ин мартабаи олиро ба забони тоҷикӣ, пеш аз ҳама, соҳиби он – халқи тамаддунофари мо, адибону олимони хушкалом ва меҳанпарастамон − бахшидаанд» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – С. 161).
Ҳангоми арзёбии масъала Пешвои миллат ҳифз кардани бузургтарин арзишҳои миллиро яке аз мушаххасоти бузурги забони тоҷикӣ медонад: «Забони тоҷикӣ на фақат ҷавҳари ҳастии миллати мо, балки нишонаи барҷастаи қадимӣ будани фарҳанги мост. Таърих гувоҳ аст, ки аҷдоди тоҷикон борҳо бо нерумандтарин истилогарон рӯ ба рӯ шудаанд, вале бо бартарии фарҳанг, асолати ойину суннатҳо ва андешаи миллии худ бар онҳо ғолиб омада, ҳувияти миллии худро нигоҳ доштаанд» (Ҳамон ҷо. – С.168).
Омӯхтани забон дар ҳама давру замон аз масъалаҳои рӯзмарраи забоншиносӣ мебошад. Муваффақ будани миллатро дар муҳимтарин соҳаҳои давлатдорӣ – назария ва амалияи сиёсӣ ва ҳуқуқшиносӣ, Гегел дар неруи тафаккури миллат, ки тавассути нутқ ифода мегардад, мешуморад. Сабаби «нишонрас будани муҳокимаронии франсавиҳо ба тарзи равшан ва мушаххас ифода кардани маъниҳо дар нутқи шифоҳӣ ва хаттии онҳост. Забони онон тавассути қоидаҳои ниҳоят ҷиддӣ танзим карда шуда, тартиби муайян ва алоқамандии фикрҳоро таъмин менамоянд. Маҳз барои ҳамин франсавиҳо намунаи барҳақи пайравӣ дар шакли ифодаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд» (Г. В. Ф. Гегель. Энциклопедия философских наук. Т. 2. Философия духа. – М.: Мысль, 1977. − С. 71).
Тафаккур муҳимтарин воситаест, ки маҳз тавассути он ҳодисаҳои табиат ва ҷамъият дар шакли идеалӣ ифода меёбанд. Чунин инъикос бо фонди луғавӣ ва сохтори грамматикӣ сурат мегирад. Аммо шакли материалии андеша фақат дар забон воқеият пайдо мекунад. Тавре дар назарияи Гегел мебинем, маҳз баробарвазнии ифодаҳо нисбат ба воқеият, ки илми мантиқ ҳам ба он вобаста аст, бо иловаи низоми ҷиддан обутобёфтаи морфологӣ ва синтаксисӣ забонро хосияти ҷаҳоншумулӣ мебахшад. Тибқи меъёри номбаркардаи файласуфи немис ҷабҳаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ муҳимтарин майдони озмоиши забон мебошанд. Сеюм, зарфияти мавзӯъ, мундариҷа ва истилоҳоти илмиро дар доираи фонди луғавии забон низ бо боварии том метавон ба он илова кард.
Андешаҳои Пешвои миллат хулосаҳои Гегелро дар бораи аломатҳои нерумандии забон тасдиқ мекунанд: «Ногуфта намонад, ки забони коргузорӣ ва илму адаби давлати Салҷуқиёни Рум забони тоҷикӣ буд ва ба шарофати чунин фазои мусоиди фарҳангӣ барои инкишофи илму ирфон, ҳикмату фалсафа ва шеъру адаби аҳли Хуросони Бузург ва сарзамини Эрон шароити созгор фароҳам омада буд (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – С. 137).
Ҳамин тариқ, забони тоҷикӣ дар муборизаҳои шадид бо забонҳои ғосиб ҳамеша ғолиб омадааст. Яке аз сабабҳои шикасти он забонҳо ҳолати ҳарбӣ ва маъмурӣ доштан ва бо забони мардумони бумӣ аз лиҳози сохти грамматикӣ ва захираи луғавӣ мусобиқа карда натавонистани онҳо буд.
Дар таълимоти Сарвари давлат манзалати сиёсӣ, яъне моҳияти забон муҳимтарин нишондиҳандаи мавқеи миллат дар низоми сиёсии ҷомеа дониста мешавад. Ин масъала дар забоншиносии тоҷик ба сатҳи барои ҷомеаи имрӯз ниҳоят зарур омӯхта нашудааст. Сухан дар бораи аз лиҳози гениалогӣ, системавӣ ва сохториву функсионалӣ боз ҳам асоснок кардани хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар асоси «рӯҳи забон» меравад. Зеро маълум аст, ки бо вуҷуди тазйиқи шадиди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар замони ҳукмронии бегонагон, тоҷикон имкон пайдо карданд, ки сохторҳои сиёсии пурқуввати худро асос гузоранд: – «Ҳарчанд ки гузаштагони мо баъд аз қабули дини ислом ба муҳити фарҳангии исломӣ дохил гардиданд, вале тавассути забону фарҳанг ва суннату анъанаҳои бостонии худ ҳувияти миллиашонро нигоҳ доштанд ва бо роҳи эҳёву ҳифзи забони модарӣ ва анъанаҳои миллӣ тавонистанд давлатҳои Саффориёну Тоҳириён, баъдан давлати мутамаркази Сомониён ва сипас давлати Ғуриёнро таъсис диҳанд» (Ҳамон ҷо. − С. 121).
Дар натиҷаи таҳлил ва арзёбии далелҳои таърихӣ дар муддати ҳазорсолаи гузашта Пешвои миллат ба зарфияти ҳуқуқии забон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Муътақид аст, ки танҳо истиқлоли сиёсӣ омили аслии истиқлоли забонӣ мебошад. Бо таъкиди ин нукта ба тамоми даъвоҳои комилан ғайриилмӣ ва ниҳоят содалавҳона, ки дар замони ҳукмронии бегонагон забони тоҷикӣ танҳо забони дарбор ва аҳли ҳунар, фарҳанг ва адаб буд ва ин ҳолат дар сурати адами истиқлоли давлатӣ метавонист то ба имрӯз идома ёбад, посух медиҳад.
Дар ин маврид, ёддоштҳои фарзанди нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ – Ҷонон Икромӣ, доктори илмҳои химия, профессор, ҷолиби таваҷҷуҳи махсус аст. Ӯ аз нақли падараш менависад: «Тобистони соли 1927 С. Айнӣ ба Бухоро омад ва падарам бо дӯстони дигар хостанд аз ӯ хабар бигиранд. Онҳо дар китобхонаи Абӯалӣ ибни Сино вохӯрданд. Айнӣ ҳамаро бо дастфишорӣ пурсупос кард ва баъд ба падарам муроҷиат карда пурсидааст, ки хешу таборонаш киҳо ҳастанд, худаш дар куҷо таҳсил мекунад. Миллаташ чӣ аст. Падарам дар бораи худаш ва дар бораи хешу табораш нақл мекунад…» ва аз тоҷик буданаш мункир мешавад. «…Устод механдад ва мегӯяд: кӣ кӣ, аммо Шумо шахси ҷавон, ҳам аз пушти падарӣ ва ҳам аз пушти модарӣ тоҷик ҳастед ва бобокалони Шумо аз Ховалинг аст» (Джонон Икрами. Джалол Икрам�� неизвестные страницы. – Душанбе: Шарқи озод, 2010. − С. 32.)
Ҳамин тариқ, ба асли масъала бозгашта, таъкид бояд кард, ки бидуни падидаи забони аз ҷиҳати захираи луғавӣ дар олам эътирофгардида, сохти грамматикии мукаммал, ки тавассути ин ду фазилат ворисони миллат машҳуртарин асарҳои илмӣ, таърихӣ, бадеӣ, бадеиву таърихӣ эҷод ва мардумони он сарзаминро дар олам муаррифӣ кардаанд, таъсис ёфтани давлати миллӣ номумкин аст.
Ҳамчунон, забон бе пуштибонии сиёсиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ наметавонад рушд кунад, инкишоф ёбад ва вазифаи таърихии худро иҷро намояд. Пешвои миллат дар ин маврид хотиррасон мекунад: «Пас аз давлати Сомониён забони миллии мо танҳо дар даврони истиқлолият дар мақоми забони давлатӣ қарор дода шуд. Аз ин рӯ, давлати Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа медонад ва ин арзишҳои муқаддасро гиромӣ медорад» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – С. 125).
Пешвои миллат мафҳуми истиқлоли давлатиро бо истиқлоли забонӣ тавъам медонад. Дар забоншиносии умумӣ чунин ақида аҳамияти махсуси сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, идеологӣ ва маънавӣ дорад. Чунин муносибат, арзёбӣ ва хулосабарорӣ моҳияти масъаларо дар бораи сохти давлатдории миллӣ рӯзмарра гардонида, сиёсати ҳуқуқиро дар доираи меъёрҳои конститутсионӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ қувват мебахшад: «Забони тоҷикӣ ва рушду ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлоли давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлоли забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад» (Ҳамон ҷо. – С. 115).
Яке аз муҳимтарин услуби забоншиносии таърихӣ омӯхтани таърихи миллат тавассути забон ва омӯхтани таърихи забон тавассути таърихи миллат мебошад. Дар таълимоти Пешвои миллат ин ду равиш муваффақона ва тавъам истифода шудаанд: «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки дар тӯли гузаштаи пурфоҷиа забони мо барои бақо ва ҳастии миллат…хидмати бузург ва таърихӣ кардааст» (Ҳамон ҷо. − С. 161). Инчунин таъкид месозад: «Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ҳама ҳолат миллати тоҷик сипари боэътимод, ганҷи гаронбаҳои ниёгон – забони модариро аз даст надодааст» (Ҳамон ҷо. − С. 162).
ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Ҳамасрони мо шоҳиданд, ки хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ ва дар ҳамин замина сохтани давлати миллӣ, ки ормони ҳазорсолаи мардуми тоҷик буд, аз мақсадҳои меҳварии Роҳбари давлат маҳсуб мегардад. Суханони дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон сабтшуда ва умедбахши Роҳбари нав интихобгардидаи миллати тоҷик − «Ман ба шумо сулҳ меорам!» азми таърихӣ ва амалҳои ҷонфидоёнаи ӯ, навиди созандагӣ ба ҳар хонадони мамлакати ҷангзадаи дур аз маъмур ва мардуми хастаи ранҷур нур бахшид.
Азм ва иқдомоти гуногунҷабҳаи мушкил ба қутбнамо ва меҳроби ягонаи маънавию мафкуравӣ ниёз дошт. Мардумро мебоист ба орзуву мақсад, ба рӯшноие дар зулмот, ба соҳиле дар уқёнуси пурталотуми тақдир раҳнамун сохт ва сафарбар кард. Бовар кунонидани халқ ба асолати хеш, эҳсоси масъулияти бузург дар назди таърих, фарҳанг ва тамаддуни гузашта ва арҷгузорӣ ба онҳо аз муҳимтарин вазифаҳое буд, ки Роҳбари давлат онро боисрор ва пайгирона таъкид мекард. Дар ин маврид, забони модарӣ – забони тоҷикӣ нақди барҷастаи яқин барои муътақид кардани мардум ба асолати хеш буд.
Ҳамин тариқ, дар таълимоти Пешвои миллат худшиносии миллӣ ҳамчун мафҳуми иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангиву маънавӣ натиҷаи ташаккули ҷаҳонбиниест, ки аз маҷмӯи мураккаби мафҳум ва категорияҳои сохториву функсионалӣ иборат мебошад. Аз худ кардан, дарк намудан, ба умқ ва арзишмандии чунин категорияҳо расидан, онҳоро дар низоми ягонаи ҷаҳонбинӣ ба мақсади таъмини амният ва рушду нумӯи Ватани азиз дидан ва амал кардан муҳимтарин ҷузъиёти таркибии ҷаҳонбинии ҳар шахс ба шумор меравад.
Роҳбари давлат ��азифагузорӣ мекунад, ки ҳар фард аз калима ва ибораҳои «миллат», «таърихи ташаккул ва рушди миллӣ», «андешаи миллӣ», «асолати миллӣ», «ҳувияти миллӣ», «истиқлоли миллӣ», «ватандориву ватанпарастӣ», «ифтихори ватандорӣ», «арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, илмиву маданӣ», «урфу одат ва анъанаҳои миллӣ», «тафаккури таърихии миллӣ», «дифоъ аз фарҳангу тамаддуни миллӣ», «худогоҳӣ», «таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ», «бунёдкорӣ» ва монанди инҳо бояд баҳравар бошад. Онҳоро фаҳмад. Дарк намояд. Тафсир карда тавонад. Дар рафтори иҷтимоии худ амалӣ созад.
Ибораву таркибҳо ва истилоҳоти номбаршуда ҷузъи сохторӣ ва ҷудоинопазири ҷаҳонбинии миллӣ мебошанд, ки Пешвои миллат забони модариро асоси он медонад. Онро бо мисол ва далелҳои муътамади таърихӣ исбот ва таъкид мекунад.
Дар таълимоти Роҳбари давлат чунин мафҳумҳо низоми ягона ва муҳтавои барномаи амалии тарбияи мактаббачагон, насли наврас, ҷавонон ва оммаи мардумро ташкил мекунанд. Вазифаи рӯзмарраи Ҳукумат бо истифода аз имконоти давлатӣ − маориф, мактаб, васоити ахбори умум, масъулини корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён ва падару модарон дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқиву маънавӣ дар ҷаҳонбинии ҳамватанон ҷой кардани ин идеяҳои ватанхоҳона мебошад.
Тавассути низоми ягонаи давлатдорӣ – муассисаҳои фарҳанг, маориф, иттиҳодияҳои эҷодӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори умум, таҳлил ва натиҷагирӣ кардани вазъи воқеии муносибати табақаҳои гуногуни ҷомеа ба арзиш ва манфиатҳои миллӣ нишонгари он хоҳад буд, ки талаботи пешниҳодшуда то кадом андоза амалӣ шуда истодаанд ва хосияти функсионалӣ пайдо кардаанд.
Бо қотеияти том изҳор бояд кард, ки дар адабиёти сиёсӣ, таърихӣ ва бадеии имрӯза возеҳтар аз таълимот ва таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат, нуқтаи назари санҷидашуда ва бо далелҳои илмӣ собитгардида, ки асолати миллӣ ва худшиносии миллиро дар иртибот бо илми забоншиносӣ нишон дода бошад, мавҷуд нест. Маҳз ба ҳамин хотир, вазифаи ҳамарӯзаи мост, ки онро омӯзем, аз худ намоем, ба омма фаҳмонем, ба ибораи дигар, «аз забон ба ҳадафи воқеӣ гузарем» (Аристотел).
Дар таълимоти Роҳбари давлат нуктаи ниҳоят ҷолиб – «суварнигории ҳадисест, ки агар ҷон дар он набошад, нангорад» (Хоқонии Шервонӣ). Сарвари роҳнамо муҳтавои афкори меҳанпарастӣ ва самтҳои ташаккули маънавиёти миллиро дар тафсири муҳимтарин калимаву истилоҳот ифода намудааст: «Худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. − С. 136).
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони модариро аз далелҳои муътамад ва дастоварди тамаддунии мардуми тоҷик эълом медорад: «Ҳар гоҳе дар бораи арзишҳои миллӣ сухан меронем, бузургтарин сарвати бебаҳои халқи худ – забони модариамон – забони тоҷикиро бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем» (Ҳамон ҷо. – С. 121). Ва ҳамзамон бо ин, умумияти забонии миллати тоҷикро аз омилҳои аслии таъминкунандаи амнияти давлатдории ��иллӣ меҳисобад: «Арҷ гузоштан ба забони модарӣ омилест, ки сарчашмаи бақои ваҳдати миллӣ ва яке аз рукнҳои устувори давлатдорӣ ба шумор меравад» (Ҳамон ҷо – С. 114).
Мантиқи қавии Пешвои миллат, ки забонро ҳамчун ҷавҳари ҳастӣ ва нишонаи қадимӣ будани фарҳанги мардуми тоҷик ном мебарад, зарурати ҳифз кардани ин асолати таърихӣ ва дар маҷмӯъ, андешаи миллиро дар мадди назар дорад.
Дар таърифи классикӣ нишонаҳои асосии миллат умумияти устувори одамон, ки дар асоси ягонагии забон, қаламрав, ҳаёти иҷтимоӣ ва урфу одатҳо ба вуҷуд меояд, номбар гардидаанд. Дар таълимоти Роҳбари давлат ин назария бо далелҳои раднопазир аз таърихи миллати тоҷик ва забони ӯ баръало нишон дода шудааст.
Сарвари кишвар бо истифода аз неруи тавонои забони модарӣ расидан ба умқи хештаншиносӣ ва худшиносиро ба хотири сохтани давлати миллӣ дар асоси арзишҳои волои тамаддуни башарӣ аз муҳимтарин вазифаҳои наслҳои имрӯзу фардои мамлакат меҳисобад.
Дар таълимоти Пешвои миллат эҳтиром гузоштан ба забони модарӣ – эҳтиром гузоштан ба Ватан, ба модар, ба миллат, ба фарҳанг ва тамаддуни хеш аст.
Инсон бояд мансубияти худро ба миллат на танҳо бо донистани забони модарӣ, балки дар амал − тавассути ҳифзи манфиатҳои миллӣ, кӯшиши таъмини амният ва рушди миллӣ, бо роҳи омӯхтану донистани асосҳои таърихи чандҳазорсолаи миллат ва ифтихор аз он исбот созад.
Ҳангоми варақгардон кардани таърихи миллатҳои Ғарб ба назар мерасад, ки бузургтарин намояндагони «дунёи куҳан» ҳам нисбат ба забони модарӣ ва фарҳанги миллии худ эҳтироми бузург гузоштаанд. Бо таҳқиқ, хулосабарорӣ ва эҳсоси масъулият, ҳамчун зиёӣ мардумро ба хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ даъват кардаанд. Ҳисси бегонапарастӣ, саҷда кардан ба фарҳанг ва маънавиёти аҷнабиёнро маҳкум ��амудаанд. Аз ҷумла, яке аз бузургтарин файласуфони Аврупо, ки қудрати андешаи ӯ дар олам инқилоби фарҳанги сиёсиро бедор кардааст, Г. В. Ф. Гегел ба ҳамватанони худ бо эҳсоси дилсӯзонаи ватандӯстӣ муроҷиат карда, фармудааст: «Яке аз олитарин омилҳои маърифат − сухан гуфтан ба забони худ мебошад. Халқ мансуб ба худаш аст. Нест бод ҳама чизи бегона то ҳадди алифбои лотинӣ!» (Гегель. Работы разных лет в двух томах. Т. 2. – М.: Мысль, 1973. − С. 547).
ЗИЁИЁН ВА МАСЪАЛАҲОИ ЗАБОНШИНОСӢ
Дар таълимоти Пешвои миллат нақши сиёсатмадорон, олимон, шоирон, нависандагон, мутафаккирон ва умуман зиёиён дар ташаккули халқи тоҷик, ҳифзи арзишҳои миллӣ, мубориза барои истиқлоли давлатӣ ва бунёди давлати тоҷикон дар тӯли таърих – аз давраҳои қадим, асрҳои миёна, замони нав ва муосир ба таври хосса таъкид мегардад.
Дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» (Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: «ЭР-граф», 2016. – 364 с.) ва дигар асарҳои таърихии Роҳбари давлат бузургтарин шахсиятҳои миллӣ бо таҳлил ва арзёбии хизматҳои онон барои миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон қадршиносӣ карда шудаанд.
Услуби нигориш ва хулосабарориҳои Пешвои миллат дар бораи шахсиятҳои барҷастаи миллӣ омӯзанда ва намунавӣ буда, аҳамияти бузурги тарбиявӣ ва ҳидояткунанда доранд.
Роҳбари давлат симоҳои таърихии бузургони миллатро ҳамчун намояндаи фардии ҷомеаи замони худ мавриди таҳқиқ қарор дода, ҳамзамон бо ин, нобиғагӣ ва иродату садоқат ба халқ, мардонагӣ, ҷасурӣ, ташаббускорӣ дар роҳи амалӣ кардани идеалҳои пешқадами ҷомеа, истодагарӣ карда тавонистани онҳоро дар ҳифз ва пеш��урди манфиатҳои миллӣ махсус таъкид кардааст.
Аз таълимоти Сарвари давлат бармеояд, ки фард дар замони худ ҳамон вақт узви фаъоли муносиботи ҷамъиятӣ шуда метавонад, ки аз лиҳози объективӣ ҷонибдори асили манфиатҳои миллӣ бошад ва аз лиҳози субъективӣ – ҷаҳонбинӣ, тарзи тафаккур ва муҳокимаронӣ аз худ амалҳои созгор ба рушди миллӣ нишон диҳад.
Пешвои миллат омилҳои аслии нигоҳ доштан ва неруманд гардонидани забони тоҷикиро дар принсип ва аломатҳои субъективӣ дар фазои объективӣ, аксиденталӣ ва пешгӯинашаванда ба хотири таъмини манфиатҳои миллӣ ва ниёзҳои ҷамъиятӣ мебинад ва онро чунин тафсир менамояд: «Маҳз андешаҳои воло ва осори гаронбаҳои абармардони миллати мо буд, ки фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар тӯли таърих, бо вуҷуди он ҳама фишорҳои сиёсиву мафкуравии бегонагон, мақом ва мартабаи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ нигоҳ доштааст. Ҳамин хизмати бузурги фарзонагони миллат аст, ки мо имрӯз соҳибдавлат буда, бо забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии худ ифтихор мекунем» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – С. 167).
Таърихи забон – таърихи тафаккури инсон аст. Мавзӯи мантиқи диалектикиро илм дар бораи шаклҳои рушди тафаккури одам аз сода ба мураккаб, ки ҳаракати абадиву беохири дарки воқеият мебошад, ташкил мекунад. Бешубҳа, чунин ҷараён аз шароити фаъолияти иҷтимоӣ, дараҷа ва имконоти фикрронии падидаи соҳибшуур вобастагӣ дорад. Таҳаввулоти диалектикӣ бошад, сарчашмаи аслии рушди забон аст. Пешвои миллат чунин тағйироти ногузирро маҳз тавассути ба эътибор гирифтани хусусияти диалектикии забони модарӣ таъкид мекунад: «Қонунияти инкишофи забон чунин аст, ки вай, мисли як ҷисми зинда, бояд ба маҷрои зиндагӣ − таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ мутобиқ шуда, имконоти ифодаи мазмунҳои тоза ва талаботи мардумро дошта бошад. Яъне калимаву истилоҳотеро, ки дар олами ихтирооту кашфиёт ва иқтисодиёту техника падид меоянд, дар худ ғунҷонида тавонад ва ҳамзамон асолати миллиашро гум накунад» (Ҳамон ҷо. – С. 157-158).
Пешвои миллат ҷонибдори асили неруманд гардонидани забони модарӣ тавассути ба он ворид кардани истилоҳ, мафҳум, маъно ва мантиқи илмӣ мебошад. Онро на танҳо вазифаи илми забоншиносӣ, балки масъулияти муҳимми сиёсати давлатӣ мешуморад, зеро муътақид аст, ки «Илми воқеан миллӣ дар асоси забони миллӣ таъсис ва ташаккул дода мешавад» (Ҳамон ҷо. − С. 117).
Ба хотири инкишофи забони модарӣ, Роҳбари давлат дар назди олимон вазифаҳои мушаххас мегузорад ва онро бо мантиқи қавӣ асоснок мекунад: «Яке аз вазифаҳои асосӣ ва пурифтихори Институти забон ва адабиёт дар давраи истиқлолият пуштибонӣ ва густариши забони давлатӣ, таҳкими мақому мартабаи он, аз ҳисоби захираи забони классикӣ ва халқӣ суфтаву ғанитар намудани забони адабӣ, оммафаҳм сохтани забони нашрияҳо, пеш аз ҳама, китобҳои дарсӣ, забони матбуот ва тоза нигоҳ доштани забони муошират мебошад» (Ҳамон ҷо. − С. 191-192).
Мутаассифона, фоҷиаи бузурге, ки дар замони истиқлолият ба сари миллат омад, ба тамоми соҳаҳои давлатдорӣ, аз ҷумла ба илм ва маориф, ба мундариҷа ва сифати тарбияву таълим таъсири ниҳоят манфӣ расонид. Таҳти шиорҳои «милликунонӣ»-и васоити таълимӣ ба муҳимтарин соҳаи маърифат – таълифи китобҳои дарсӣ, баъзе шахсоне роҳ ёфтанд, ки муътақиди устувори таъсиси шуури миллӣ ҳамчун пойдевори давлати миллӣ дар ҷаҳонбинии наврасон ва ҷавонон набуданд. Камбудиҳо аз мадди назари сохторҳои илму маориф, донишкадаҳои олӣ – кафедраҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳо, ки беҳтарин устодон, олимони ин муассисаҳо ба мисли Воҳид Асрорӣ, Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Холиқ Мирзозода, Мӯсо Диноршоев, Аълохон Афсаҳзод ва дигар муаллифони барҷаста ва хотирмони китобҳои дарсӣ буданд, дур монданд. Ба қавли яке аз олимони машҳур ва сиёсатмадорони барҷастаи олам, «Калимае, ки дар шакли нашр (китоб, маҷалла, рӯзнома – С.Я.) омадааст, меомӯзад, ки чӣ тавр зиндагӣ бояд кард ва чӣ тавр дунёро падруд гуфт».
Масъала таъҷилан бозбинӣ ва ислоҳро тақозо дорад.
Ҳанӯз дувуним ҳазор сол қабл Аристотел (384-322 то мелод) бо эътиқодмандии маҳз таъкид карда буд: «Бисёр баид ба назар мерасад, касе шубҳа кунад, ки қонунгузор нисбат ба тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад, ба хотири он ки дар ҷое, ки чунин муносибат нест, худи сохти давлатдорӣ зарар мебинад. Охир, тарбия бояд ба ҳар як сохти давлатдорӣ мувофиқат кунад; мансуб ба ҳар як сохти давлатдорӣ характер, ба тарзи одӣ, барои нигоҳ доштан, ҳифз кардани ҳамон сохт хизмат мекунад. Сифати шахсияти беҳтарин ба беҳтарин сохти давлатдорӣ мутобиқат менамояд» (Аристотель. Политика. – М.: РИПОЛ классик, 2010. – С. 535-536).
Аристотел тарбияи фарзандро на кори шахсӣ, балки ҷамъиятӣ мешуморад ва таъкид мекунад: «Набояд фикр кард, ки ҳар як шаҳрванд худ ба худ арзи вуҷуд мекунад: не, ҳамаи шаҳрвандон мансуб ба давлат мебошанд, ба хотири он ки ҳар шаҳрванд ҷузъе аз давлат аст. Ва ғамхорӣ дар бораи ҳар як ҷузъ, табиатан, маънии ғамхорӣ, нигоҳубини томро дорад. Дар ин маврид амали лакедемониҳо (давлати қадим дар Юнон, ки бо номи Спарта ҳам машҳур буд – С. Я.) шоистаи таҳсин аст: онҳо нисбат ба кӯдакон бисёр ғамхорӣ зоҳир мекунанд ва ин амали онҳо хосияти ҷамъиятӣ касб кардааст» (Ҳамон ҷо. − С. 536).
Беҳуда нест, ки кишварҳои хориҷӣ тавассути намояндагони дипломатиашон ҳамасола тамоми васоити таълимӣ ва тарбиявии боғчаҳои бачагона, китобҳои дарсии мактабҳои ибтидоӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо, омӯзишгоҳҳо, мактабҳои олиро, сарфи назар аз шакли моликияташон дар доираи барномаи махсуси «Таърихи ташаккули афкори наврасон ва ҷавонон» («The history of youngster’s and young people’s mindset formation») дастрас мекунанд. Онҳоро ба марказҳои таҳлили стратегии худ интиқол медиҳанд. Дар асоси муҳтавои китобҳои дарсӣ хулосабарорӣ менамоянд, ки ин давлатро дар даҳсолаи наздик чӣ интизор аст. Ва аз ҳозир нисбат ба ин давлат чӣ гуна муносибатро тарҳрезӣ бояд кард.
Мундариҷаи барномаҳои таълимӣ (ҳуҷҷати ��асмӣ дар бораи мазмуни фанни таълимӣ, мақсаду вазифаҳо, тарзи ташкили раванди таълим, талабот ба сатҳи донишу маҳорат ва малакаи таълимгиранда) ва китобҳои дарсӣ (воситаи таълимие, ки тибқи барномаи таълимӣ асосҳои соҳаи муайяни илмро пайдарҳам ифода менамояд – муқаррарот дар асоси моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», №1004 аз 22.07.2013) дар боғчаи бачагон, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо, омӯзишгоҳҳо, донишкадаҳои олӣ, аспирантура ва докторантура, ки сарфи назар аз шакли моликият, принсипҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи илм ва маориф муайян менамоянд, бояд пурра ба меъёрҳои конститутсионӣ мувофиқат кунанд.
Маҳз Конститутсия кафили озодиҳои инсон, амнияти ҷомеа ва сохти давлатдорӣ мебошад. Ба ҳамин хотир, «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақим амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Коститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд» (Моддаи 10. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Нашриёти «Ганҷ», 2016. – С. 7).
Ба сифати тафсир илова бояд кард, ки чунин талабот ба ҳама гуна ҳуҷҷатҳои расмӣ ва воситаҳои илмӣ – мутаносибан барномаҳо ва китобҳои дарсӣ низ мустақиман дахл дорад.
Воқеан, дар омади сухан, хотирнишон бояд кард, ки Аристотел оид ба коркард ва қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар алоқамандӣ бо сохти давлатдорӣ масъулияти ниҳоят бузурги давлатмардонро таъкид месозад: «Нисбат ба қонунҳо… усулан мувофиқат кардани онон ба сохти давлатдорӣ таваҷҷуҳи эҳтиёткорона бояд кард. Қонунҳоро тарзе бояд қабул намуд…, ки барои истифодаи ҳамин сохти давлатдорӣ мутобиқ бошанд, на ба тарзе ки сохти давлатдорӣ ба қонунҳо мувофиқ карда шавад» (Аристотель. Политика. – М.: РИПОЛ классик, 2010. – С. 250). Воқеияти чунин таҷриба (мувофиқат кунонидани сохти давлатдорӣ ба қонунҳо) ва оқибатҳои фоҷиабори онро миллати тоҷик баъди дувуним ҳазор соли ин ҳушдор, маҳз бо ташаббус, пофишорӣ, террори маънавӣ ва ҷисмонии аз ҷониби саркардагон ва аъзоёни ташкилоти террористии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ роҳандозишуда дид.
Таҷрибаи давлатдории дунё нишонгари он аст, ки талаботи Аристотел дар бораи таносуби мантиқии барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ба сохти конститутсионӣ шарти ҳаётан муҳимми суботи низоми сиёсии мамлакат аст.
Мактаб пойдевори аслии давлат ва амнияти миллӣ аст. Устувории бинои давлат аз мундариҷа, муҳтаво, сифати барнома ва васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, ҷаҳонбинӣ ва иродаи муаллим вобастагӣ дорад.
Сохтори низоми сиёсиву ҷамъиятии ҳамсоякишвар ва фоҷиаи миллати он бо оқибатҳои мавриди назар дар гузашта ва даҳсолаҳои наздик натиҷаи фаъолияти ҳадафмандонаи бозигарони геополитикӣ тавассути мактаб – барномаҳои таълимӣ, васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, интихоби муаллимон, дар маҷмӯъ, натиҷаи воқеии он – мафкурасозии бунёдӣ аст. Ин амали душманона барои он кишвари мусибатзада, ки албатта, мардумаш дар як умри кӯтоҳи одамӣ мисли бозигарони геополитикӣ ҳаққи орому осуда зиндагӣ кардан дорад, мутаассифона, бо бадбахтии зиёда аз чилсола ва ояндаи фоҷиабори пешгӯинашаванда барои чандин насли дигар боқӣ хоҳад монд. Ин аст ҳикмати «зарурати гирифтани таҷрибаи рӯзгор баҳри дафъи ҳаводис».
Ояндаи ҳама гуна давлатдорӣ – сохти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, самтгирии маънавӣ, мафкуравӣ ва умуман тақдири миллат дар дохил ва ҷабҳаҳои геполитикӣ дар чаҳорчӯбаи низоми маориф ҳаллу фасл мегардад.
Мантиқи бузурги таълимоти Пешвои миллат аз воқеияти «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» сарчашма мегирад. Сарвари давлат дар амри равшангарӣ ва маърифатнокии миллат ба масъулияти таърихии аҳли донишу маърифат – зиёиён такя мекунад.
Тибқи таҷрибаи таърихӣ ва воқеияти зиндагӣ, на ҳар соҳибмаълумот мансуб ба табақаи зиёӣ (дурахшанда, нурбахшанда) аст. Вагарна шумораи ин гурӯҳи ҷамъиятиро аз ҳисоби, ақаллан, хатмкардагони мактабҳои олӣ, ҳамасола ба садҳо, ҳазорҳо расонидан ва ба омори умедбахши дастовардҳои миллӣ ворид ва эълон кардан мумкин аст. Диплом дар бораи хатми мактаби олӣ, унвонҳои илмиву махсус ва либоси аврупоӣ ҳанӯз нишонаи зиёӣ нест.
Зиёӣ будан сифат ва хосияти ботинии инсон мебошад, ки ҳам дар сухан ва ҳам дар амал зуҳур меёбад. Ин шакли фаъолият аз аломати барҷастаи функсионалии шуур сарчашма мегирад. Ва бар он асос меёбад. Зиёӣ шахсест, ки қобилияти баланди дарк намудан, андешаи баробар ба воқеият доштан, тавоноии аз моҳияти масъала огоҳ шудан, соҳибмаърифат будан, зуҳуроти мушкилро бо таҳаммул ва таҳлили илмӣ арзёбӣ намудан, тибқи фарҳанг ва манфиатҳои миллӣ ҷавонмардона рафтор карданро дорад. Масъулиятшинос ва ташаббускор аст. Аз худ дар ҷомеа қудрати таъсиррасонии ахлоқиву маънавии созгор нишон медиҳад.
Роҳбари давлат ба ин табақаи ояндасози ҷамъият баҳогузорӣ мекунад. Дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас мегузорад: «Зиёӣ, ки шахси таҳсилдидаву равшанфикр аст, нуру рӯшноии ҷомеа маҳсуб мешавад ва бояд аҳли ҷомеаро ба сӯйи созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят созад, ҳамеша дар фикри пешрафту такомули илму фарҳанг, рушди забон ва ҳифзи тозагии он ва гузашта аз ин, дар андешаи таҳкими суботу оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва дифоъ аз манфиатҳои миллат ва давлат бошад» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. − С. 175-176).
Пешвои миллат ба мавзӯи адабиёти бадеӣ, мундариҷа, моҳият ва забону услуби шоирону нависандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Маҳз тавассути нишон додани амалҳои ҷонфидоёнаи бузургони миллат мехоҳад, симои ҳақиқии қаҳрамонони худро ба хонанда муаррифӣ намояд. Онҳоро дар муқоиса бо дигарон гузорад. Афзалияти воқеии шахсияти мавриди таҳқиқ қарордодаашро ба оммаи мардум фаҳмонад. Ӯро ҳамчун намунаи олии ватандорӣ, ҷавонмардӣ, муҷассамаи меҳру садоқат ба ормонҳои миллӣ дар муқобили хатарҳои ҷонӣ ба сифати намунаи ибрат пешниҳод кунад. Омӯзиши китоби «Чеҳраҳои мондагор» тасдиқи ин гуфтаҳост.
Асосгузори давлати тоҷикон, ки бо дастони худ аз хокистар шӯъла офарида, сарзамини кӯҳистони худро бо нури он мунаввар сохтааст, тавассути таҳқиқоташ худро бузургтарин донандаи таърихи миллат, омилҳои бурду бохт, садоқату хиёнат, рушду рукуди миллӣ муаррифӣ кардааст. Ӯ маҳз дар асоси таҳлили таҷрибаи таърихи куҳан ва муосир менависад: «Боз як сабақи таърихиро аз худ кардани зиёиён, ба ��азарам, хеле муҳим аст. Ин устуворӣ дар мавқеи сиёсӣ, зиракӣ дар шинохти манфиатҳои миллӣ, парвариш ва талқини ҳисси ватанпарастӣ, оштинопазир будан бо ҷаҳолат ва хурофоту таассуб мебошад. Устод Айниро мисол мегирем. Мударриси забардаст буд, динро ба дараҷаи аъло медонист. Китоберо низ бо номи «Заруриёти диния» таълиф карда буд. Вале дар тамоми асарҳояш бо таассубу ҷаҳолат мубориза мебурд. Барои ба давлатҳои бедору пешрафта баробар кардани Ватанаш, то сатҳи миллатҳои мутараққӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқаш фидокорона ҷаҳду талош меварзид… Таҷрибаи чунин шахсиятҳои бузург барои ба маҷрои дурусти зиндагӣ ва самти солими рушди фарҳангӣ ҳидоят намудани ҷомеа хеле муҳим аст» (Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. – Душанбе: «ЭР-граф», 2016. − С. 306).
Яке аз сабабҳои аслии ҷанги шаҳрвандӣ бетарафӣ ва гузашта аз он, хиёнат кардани қисмати муассири ба ном зиёиён ба манфиатҳои миллати тоҷик буд. Пайравони Садриддин Айнӣ, сарфи назар аз донишҳои назариявӣ, воқеияти ҳастӣ ва таҷрибаи зиндагӣ, ки сирф маънавиёт ва худшиносии миллиро дар назар дорад, аз камтаринҳо гардиданд. Мардум аз нури зиё бебаҳра монд. Раҳгум зад. Ба доми фитнаву фано афтод.
Ҳангоми шиносоӣ бо ишораҳои Пешвои миллат ба сифатҳои шахсияти бузурги адабиёти ҷаҳонӣ Садриддин Айнӣ – ҷавонмардӣ (ба таъбири худи устод «шогирди чилсолаи инқилоб»), росткорӣ, ростгӯӣ, ҳақиқатнигорӣ, ҷасурӣ, далерӣ, шуҷоатмандӣ, сарфи назар аз қасд ва таҳдидҳои ҷонӣ нисбат ба ӯ, пеши назар муқоисаи чунин хислатҳо ба рафтори тоифаи зиёимаоби фурсатталаби солҳои 90-уми асри гузашта – таърихи нав ва баъзан таърихи навтарин ва муосир намудор мегардад.
Мутаассифона, дар давоми солҳои истиқлолият, ки аз фоҷиаи бузурги миллӣ – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардид, ташаббускорони он, террористони собиқ ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун морони Заҳҳок ба хӯрдан ва несту нобуд кардани ақлҳои миллати тоҷик пардохтанд. Нахустин тӯъмаи ин морон дар саросари кишвар зиёиён, олимон, шахсони босавод, пешбарандагони ғояҳои илму маърифат – муаллимон буданд. Мақсади аслии наҳзатиён – нобуд кардани равшангарони миллат буд. Онҳо бояд насли мувофиқ ба маънавиёти заҳҳокии худ месохтанд.
Аввалин ва бузургтарин хизмати таърихии Пешвои миллат – ҷони ҷавони худро ба гарав монда, ба ин қувваи аҳриманӣ зарбаи ҳалокатбор расонидан буд.
Аммо тарсу ваҳми он рӯзҳо то ба имрӯз дар дили қисмати муаррифишудаи аҳли зиё ва шогирдони онон монд.
Таҳлили муқаддимавии бисёре аз мавзӯъ ва асарҳои илмӣ, илмии педагогӣ, илмии таърихӣ, адабӣ, адабии таърихӣ ва фарҳангии дар замони истиқлолият эҷодшуда ва ҳамчуноне хотирнишон гардид, китобҳои дарсӣ низ нишон медиҳад, ки муҳтаво ва мундариҷаи онон ҳанӯз ба ғояҳои марказии бар асоси равшангароӣ, зидди хурофот, нодонӣ, ҷаҳолат��арастӣ, мазаммати ақибмондагии ақидатӣ, ки бисёре аз адибони бузурги асримиёнагӣ – Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941), Абӯалӣ ибни Сино (980-1037), Абулқосими Фирдавсӣ (934-1020), Умари Хайём (1048-1131), Носири Хусрав (1004-1088), Убайди Зоконӣ (1301-1371), Абдурраҳмони Ҷомӣ (1414-1492), Абдурраҳмони Мушфиқӣ (1525-1588), Аҳмади Дониш (1827-1897), инчунин, дар замони шӯравӣ – Садриддин Айнӣ (1878-1954), Абулқосими Лоҳутӣ (1885-1957) ва дигарон таълиф намудаанд, на танҳо намерасанд, балки наздик ҳам намешаванд.
Мавзӯи меҳварии олам аз замони шакл гирифтани инсон – маҷмӯи ҳама гуна муносиботи ҷамъиятиро зиддият ва муборизаи ду қувваи асосӣ – некӣ ва бадӣ, торикӣ ва равшанӣ ташкил мекунад.
Кадом падидаҳо, шахсиятҳо, қаҳрамонҳо, образҳо, персонажҳо, шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, қисматҳои таркибии онон, ҷаҳонбиниҳо, хабар ва маълумоти одӣ ифодаҳои номбаршударо таҷассум мекунанд, масъалаи дигар аст. Он ҷанбаҳои тахассусӣ, иҷтимоӣ, фардӣ, гурӯҳӣ ва табақавӣ дорад. Сухан дар бораи мавқеи фардии сиёсӣ, идеявӣ ва маънавии зиёӣ дар муносибат ба дарду ниёзҳои ҷомеа, масъалаҳои рӯзмарра, ояндаи наздик ва дури давлати миллӣ меравад. Зеро нақшҳои фардии асар гузоштан ба ҷаҳонбиниҳо, дар маҷмӯъ, афкори ҷамъиятиро таш��ил мекунад.
Андешаи илмӣ, созанда, маорифпарварона, ватанхоҳона ва миллатдӯстонаи Садриддин Айнӣ, ки муҳимтарин омили истиқлоли давлатии тоҷикон гардид, падидаи тасодуфӣ ва ғайричашмдошт набуд. Он давоми силсилаи ҷаҳонбиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ниҳоят пешқадам ва устуворе шинохта мешавад, ки аз замонҳои қадим, насл ба насл, то дар харитаи олам падид омадани давлате бо номи Тоҷикистон идома ёфт. Сайри ниҳоят кӯтоҳи таърихӣ далели ин гуфтаҳост.
Барои мисол, хулосаи сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба таври возеҳу равшан ақидаи диалектикии қонунмандиҳои табиат, ҷамъият ва тафаккурро, ки муҳимтарин усули донистани воқеият мебошад, таъкид месозад:
Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирдгардон аст, Ҳамеша то бувад ойин-ш гирдгардон буд.
Умари Хайём ақидаи бузургтарин материалистони Юнони қадимро чунин қаламдод кардааст:
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст, Гарданда фалак низ ба коре будаст.
Абулқосими Фирдавсӣ ба хотири эҳтироми бузург ба манзалат, ҷаҳонбинӣ ва урфу одати миллат ҷавонмардонаву бовиқор дар замони яке аз мустабидони хурофотзадаи давраи асримиёнагӣ Султон Маҳмуд ба тамоми олам эълон медорад:
Ба мо бар зи дини куҳан нанг нест, Ба гетӣ беҳ аз дини Ҳушанг нест.
Фирдавсӣ дар мавзӯи суиистифода аз дину имон ба хотири ғаразҳои шахсӣ дар «Шоҳнома» дар боби «Тохтани Саъди Ваққос ба Эрон ва нома навиштани Рустам ба бародараш» менависад:
Зиёни касон аз пайи суди хеш Биҷӯянду дин андароранд пеш.
Ҳамин тариқ, таърихи ҳазорсолаи адабиёти тоҷик инъикоскунандаи тафаккури пешқадами миллати тоҷик аст. Чунин мисолҳоро мо дар эҷодиёти Носири Хусрав, Убайди Зоконӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Абдурраҳмони Мушфиқӣ то давраи маорифпарварони бузург Аҳмадмахдуми Дониш ва Садриддин Айнӣ мебинем. Эҷодиёти онон мавзӯи таҳқиқоти илмӣ ва ба хонандагон муаррифӣ кардани он муҳимтарин талаботи иҷтимоӣ ва сохти конститутсионии мо – хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
Воқеан, илм дар назди муҳимтарин санади ҳуқуқии сарнавиштсози миллат қарздор аст. Зеро шаш рукни аслии сохти конститутсионии давлатдории миллӣ (Боби 1, Моддаи 1) решаҳои амиқи таърихӣ доранд ва инъикоси ормонҳои аз қаъри асрҳо то ба замони мо расида мебошанд. Бо иродаи мардум арзишҳои воло – ҳукми сохти давлатдории миллии моро гирифтаанд. Чунин орзуву омол дар санадҳои давлатдорӣ, сарчашмаҳои илмӣ, илмиву бадеӣ, адабиёт, фарҳанг, эҷодиёти халқ, урфу одат ва анъанаҳои халқи тоҷик дар шаклҳои гуногун ифода ёфтаанд. Маҳз барои ҳамин моддаи садуми Конститутсия муқаррароти моддаи якуми боби якуми ин ҳуҷҷати тақдирсозро тағйирнопазир меҳисобад. Чунин таҳқиқот посухи дандоншикан ба душманони сохти конститутсионӣ – интихоби миллати тоҷик хоҳад буд.
Дар таълимоти Роҳбари давлат забони тоҷикӣ ҳамчун далели зиндаи қадимӣ будани миллат ва шаҳсутуни давлатдории миллӣ тавсиф карда мешавад.
Ҳамин тариқ, Сарвари кишвар ба муҳимтарин принсипҳои муносибат ба ин ганҷинаи бебаҳо ишора намуда, таъкид менамояд: «Вазифаи муҳимми олимони кишвар таҳқиқ намудани таърихи пурифтихори миллат, проблемаҳои фалсафа ва адабиёту фарҳанги бою рангоранги тоҷикон, поку бегазанд нигоҳ доштан ва таҳким бахшидан ба мақоми забони давлатӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгон мебошанд» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – С. 185).
Назар ба ҳидояти Роҳбари давлат зиёиён вазифадоранд, ки бо такя ба таърихи ташаккул ва рушди афкори пешқадами миллӣ, ки тӯли ҳазорсолаҳо, дар шароити тираву тори асримиёнагӣ, фишорҳо ва вобастагии сиёсӣ ба даст овардаанд, бо заҳмати ватандӯстонаи худ ин анъанаҳоро на танҳо омӯзанд, балки ташаббускори пешрафти ҷаҳонбинии миллӣ дар шароити навини таърихӣ – замони истиқлол бошанд.
АҲАМИЯТИ ЭТИМОЛОГИЯИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА МУНОСИБАТИ ОН БА ЗАБОНҲОИ АНГЛИСӢ ВА РУСӢ
Таълимоти Пешвои миллат дар бораи забоншиносӣ қариб тамоми паҳлуҳои илм дар бораи қонунмандиҳои пайдоиш ва инкишофи забонро дар бар мегирад.
Яке аз ҷанбаҳои он алоқамандӣ ва таъсири мутақобилаи забони тоҷикӣ бо забонҳои мардумоне мебошад, ки миллати тоҷик дар тӯли асрҳо бо сабабҳои гуногун бо онҳо дар муносибот ва доду гирифт будааст. Дар тафсири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала хосияти объективии таърихӣ дорад. Он хеле асоснок ба мавқеи пайдоиш, ташаккул, ҳаёти сиёсӣ ва таърихиву фарҳангии миллати тоҷик дар иртибот дониста мешавад: «Имрӯз далелҳои қавӣ вуҷуд доранд, ки дар асоси онҳо донишмандон макони зуҳур ва нашъунамои забон ва адабиёти тоҷикиву форсиро Мовароуннаҳру Хуросон медонанд» (Ҳамон ҷо. − С. 194).
Академик Бобоҷон Ғафуров ҳам дар ин маврид таъкид месозад: «Мадракҳои таърих гувоҳӣ медиҳанд, ки саҳми Осиёи Миёна дар маданияти асри биринҷии Шарқ бағоят бузург аст, ба замми ин, қабилаҳои эронизабону ҳиндузабон ба кишварҳои ҳамсояи Ҳиндустон, Афғонистон ва Эрон маҳз аз Осиёи Миёна омадаанд» (Б. Ғафуров. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. – Душанбе: Дониш, 2008. − С. 25).
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қудрати забони модарӣ сухан ронда, ба нақши байналмилалии он ишора мекунад. Таъкид месозад, бо вуҷуди он ки забони тоҷикӣ дар таъсири мутақобил бо дигар забонҳои минтақа қарор дошт, ҳувияти функсионалии худро ҳимоя карда тавонист ва бегазанд монд: «Забони мо дар тӯли садсолаҳо аз баҳри Миёназамин то Ҳинду Чин ҳамчун забони муоширати байни халқҳои гуногун хизмат намуда, дар осори хаттии онҳо ҳам нақши зиёде гузоштааст. Ин ҳақиқати таърихӣ мебошад» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. − С. 162).
Дар паҳнои васеи ҷуғрофиёӣ − Осиёи Миёна, Мовароуннаҳр ва қисмати шимоли Эрон мавриди истифода қарор доштани забони тоҷикиро сарчашмаҳои зиёди таърихӣ тасдиқ мекунанд. Яке аз онҳо таҳқиқоти узви вобастаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Е.Э. Бертелс мебошад. Ӯ менависад: «Метавон бо итминон изҳор дошт, ки забони таълифи асар («Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус – С. Я.) дар он давр забони адабии Эрон набуд, балки забоне буд, ки асосан дар ҳудуди салтанати Сомониён, ки аксари сокинонашон тоҷикон буданд, истифода мешуд. Он забони Рӯдакӣ ва Фирдавсист» (Кей-Кавус У. Кабус-намэ (Перевод, статья и примеч. чл. — кор. Акад. наук СССР Е. Э. Бертельса). 2-е изд. – М.: Изд-во восточной литературы, 1958. − С. 6). Чунин хулоса, ки шарқшиноси маъруф дар оғози солҳои 50-уми асри гузашта нисбат ба мақом ва ҳавзаи истифодаи забони модарии мо изҳор медорад, боиси қадршиносӣ ва ифтихор аст. Таъйиди маҳз − ба забони тоҷикӣ навишта шудани «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ, фарқ кунонидани он аз «забони адабии Эрон» дар он замон ҳам ишора ба мустақилият ва бузургии забони тоҷикӣ аст, ки дар асарҳои Пешвои миллат борҳо, гаштаву баргашта, бо далелҳои иловагии таърихӣ таъкид мегардад. Барои мисол: «аз сарчашмаҳо, аз ҷумла, «Таърих»-и Наршахӣ, бармеояд, ки баъд аз истилои араб дар Эрони Ғарбӣ дар давоми ду садсола забони паҳлавӣ рӯ ба таназзул овард ва ҷойи онро забони арабӣ гирифт. Аммо дар қаламрави Мовароуннаҳр ва Хуросон забони тоҷикӣ мавқеи худро аз даст надод» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. − С. 163).
Тавре хотирнишон гардид, забон бояд аз лиҳози таърихӣ ва муқоисавию таърихӣ хуб омӯхта шавад. Дар ин маврид, яке аз муҳимтарин масъалаҳо муайян кардани хосияти гениалогӣ ва этногенетикӣ, яъне баромад, ташаккул ва хешигарии он ба забонҳои дигар халқу миллатҳо мебошад. Чунин таҳлил баробарвазнӣ ё қудратмандии яке аз забонҳоро нисбат ба дигар забон бештар нишон медиҳад. Сабабҳои аслии зинда мондан, рушд кардан ва баръакс аз байн рафтани ин ё он забон ошкор карда мешавад.
Далелҳои таърихие, ки дар бораи тавоноӣ ва қудрати забони тоҷикӣ ��ар қаламрави васеи сиёсиву ҷуғрофиёӣ оварда шуданд, ба принсипи дар илм эътирофгардидаи «Таърихи забон − таърихи миллат» пурра мувофиқат мекунанд. «Шарафи умумӣ дар гузашта − иродаи умумӣ дар замони муосир; ёдоварӣ дар бораи корҳои бузурге, ки анҷом шудаанд ва омодагии чунин амал минбаъд ҳам – ана ин аст муҳимтарин шароите, ки барои сохтани миллат зарур аст». (Ортега-и-Гассет Х. Восстание масс. Пер. с испанского. Нью Йорк, 1954. –С. 178-179).
Хулосаи моҳияти таърихиву фарҳангии забони тоҷикӣ дар назарияи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои илм аҳамияти махсус дорад. Чунин натиҷагирӣ ва арзёбиро, дар маҷмӯъ, ба се қисм ҷудо кардан мумкин аст:
Масъалаҳои этногенетикии забони модарӣ ва сарчашмаҳои асосии ташаккули он.
Ифодаи характери миллӣ, таҷассуми халқ ҳамчун шахсият бо такя ба зуҳуроти забонӣ, ҷараёнҳои забонӣ, маводи забонӣ, далелҳои забонӣ.
Забони модарӣ дар муносиботи байни миллатҳо ва таъсири мутақобилаи онон.
Вобаста ба чунин табақабандӣ, мутаносибан зарурати таҳқиқи
а) фонди асосии луғавии забон;
б) таркиби захираи луғавии забон;
в) калимаҳои иқтибосӣ ба миён меояд. Ва ин масъалаҳо дар илми забоншиносии муосир ниёз ба омӯзиши ҳаматарафа доранд.
Фонди асосии луғавии забон такягоҳ ва шаҳсутуни забон аст. Бузургии забон маҳз дар он ифода меёбад. Таҳқиқоти гениалогӣ, ҳамчунон, қудрати таъсири этимологии он нисбат ба дигар забонҳо дар шаклгирии лексика, тобишҳои семантикӣ, полисемӣ ва категорияҳои грамматикӣ нишон медиҳад, ки ин ё он забон дар гурӯҳ ва оилаи забонҳои дунё чӣ манзалатро касб кардааст. Дар набардҳои беохири забонӣ (ҳамчунин хонда шавад, фарҳангиву таърихӣ ва маънавию идеологӣ) чӣ бурду бохтҳо доштааст.
Маълум аст, ки забони тоҷикӣ ба гурӯҳи забонҳои эронӣ ва оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил мешавад. Таҳлили одӣ, нигоҳи холисона нишон медиҳад, ки чӣ гуна забони модарии мо дар «бурриши якдигарии забонҳо» на танҳо ҳувияти хешро нигоҳ дошта, нақши сохториву вазифавии худро ҳифз намудааст, балки бо дигар забонҳои муассири дунё вориди муносибат гашта, аз лиҳози лексикӣ ва грамматикӣ ба онҳо таъсир расонидааст.
«Агар сухан дар бораи маданият ва маишати халқ, муносибати он бо дигар халқҳо равад, муҳаққиқ бояд бештар ба лексика такя кунад. Фақат лексика бақайдгирандаи ҳассос ва бидуни фиреб ба тарзи мустақим ё ғайримустақими ҳама гуна тағйирот дар истеҳсолот, маишат, маданият, ҳамчунон, муносиботи таъсири мутақобилаи дорои аҳамияти байни халқҳо мебошад» (В. И. Абаев. История языка и история народа. В сборнике статей: Вопросы теории и истории языка. − М.: Наука, 1952. − С. 47).
Албатта, ҳангоми муқоисаи калимаҳо тавассути аломатҳои зоҳирӣ, хосияти фонетикӣ ва дигар ҷузъиёти шаклии (омонимии) маводи забонӣ, хулоса баровардан дар бораи ҳамрешагии калимаҳо, таъсири якҷониба ва ё мутақобилаи забонҳо аз рӯйи адолати илмӣ нахоҳад буд. Аммо таъкид бояд кард, ки ҳангоми пешниҳод ва коркарди фарзияи таъсири забони тоҷикӣ ба дигар забонҳо калимот ва истилоҳоте пешниҳод мегарданд, ки мансуб ба захираи асосии луғавии забони тоҷикӣ ё шеваҳои он ҳамчун пояҳои асосии забони адабӣ мебошанд. Дар ин маврид, хусусияти семантикӣ, моҳияти лексикӣ ва грамматикии ин ё он калима ё истилоҳ низ ба эътибор гирифта мешаванд.
Барои мисол дар забони тоҷикӣ замонҳои феъл, аз ҷумла, бо роҳи флексия тавассути феъли ёридиҳандаи «будан», «шудан» ифода меёбад. Дар забони англисӣ ин вазифаро феъли ёридиҳандаи «be» [biː], ки бо истифода аз ҳиссачаи to [tuː] – (муродифи суффикси – ан-и забони тоҷикӣ) to be [tuː biː] шакли масдар мегирад, иҷро менамояд. Ва, албатта, тавассути флексия бо тобишҳои замонӣ вазифаҳои грамматикии худро ба тарзи гуногун − муродифҳои грамматикии худ иҷро мекунад. Тавре мебинем, ин таркиб аз лиҳози фонетикӣ (to be done [tuː biː dʌn]) ба феъли «будан», ҳамрешагии худро нишон медиҳад. Мисол: «To be or not to be that is the question» [tuː biː ɔː nɒt tuː biː ðæt iz ðiː ˈkwesʧən] (Будан ё набудан – ин аст асоси масъала!).
Ҳамзамон, хотирнишон бояд кард, ки яке аз масъалаҳои муҳимми забоншиносӣ омӯхтани шеваҳои (диалектҳои) забон мебошад. Онҳо чун муҳимтарин сарчашма ва бозгӯйи таърихи забон эътироф шудаанд. Таҳкурсии пайдошавии меъёрҳои адабии ҳама забонҳо, гӯишҳо ба ҳисоб мераванд. Шеваҳои забонӣ қисмати муҳимми таърихи забон – таърихи миллат мебошанд. Фақат онҳо хосияти ҷуғрофиёӣ доранд. Ба ҳаёти ҷамъиятии маҳал ва хусусияти алоҳидаи иҷтимоии он алоқаманд мебошанд. Инъикоси фикрӣ ва овозии воқеияти алоҳидаи қаламрави муайян ҳастанд.
Хешигарии забонҳо тавассути шеваҳои забон ҳам тасдиқи худро меёбанд. Барои мисол, феъли ёридиҳандаи номбаршудаи to be [tuː biː] дар асл, дар шакли be [biː], (bi) бидуни тағйироти фонетикӣ ҳамчун феъли ёридиҳанда, ки замони гузаштаро ифода мекунад, дар шеваи сокинони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, қисмати шарқии минтақаи Кӯлоб васеъ истифода мешавад. Аз ҷиҳати маъмул будани ин категорияи грамматикӣ дар доираи гӯишҳо дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, ки ба қавли Бобоҷон Ғафуров аз тохтутозҳои аҷнабиён раҳоӣ ёфта, покизагии худро нигоҳ доштаанд, тахмин кардан мумкин аст, ки феъли ёридиҳандаи to be [tuː biː], ки асли пайдоиши он аз забони ҳиндуаврупоӣ маншаъ мегирад, дорои этимологияи забони қадими тоҷикӣ мебошад.
Ба фикри мо, қавмияти феълҳои ёридиҳандаи забони тоҷикӣ ба забони англисӣ бо мисоли феъли ёридиҳандаи to be [tuː biː] ба охир намерасад. Маълум аст, ки муҳимтарин вазифаи феъл ифодаи ҳаракат ва ҳолати ашё (предмет) мебошад. Феъли ёридиҳандаи «аст» (to be) [tuː biː] амали анҷомшуда ва ҳолати муқарраргардидаи исмро ифода мекунад ва дар таркибҳои феълӣ замони ҳозираи давомдорро мефаҳмонад. Ин ҳолати грамматикӣ дар забони англисӣ тавассути суффикси – ing [ɪŋ] таъмин карда мешавад. Шакли фонетикии феъли ёридиҳандаи аст (to be) [tuː biː] дар забони англисӣ вонамехӯрад. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, бештари калимаҳое, ки дар таркиби луғавии забони англисӣ бо таркиби овозии st омадаанд, ҳолати предметро нишон медиҳанд: stood [stʊd] – истод; stable [steɪbl] – устувор; establish [ɪsˈtæblɪʃ] – муқаррар кардан; stop [stɒp] – ист, яъне хешигарии худро ба мантиқи грамматикии феъли ёридиҳандаи забони тоҷикӣ (аст) бо тобишҳои семантикӣ ва алоқаҳои решагӣ ба намоиш мегузоранд.
Мисолҳои дигар низ ба фоидаи ҳамин фарзия ишора мекунанд. Дар забони тоҷикӣ бо истифода аз суффикси маконсоз – истон даҳҳо калима шакл гирифтааст: гулистон, бемористон, баҳористон, боғистон, шаҳристон, шабистон, торикистон, нуристон, бўстон, чаманистон, наистон, сангистон, тобистон, зимистон ва ғайра. Ба тарзи дигар, соҳибзабон онро ҳамчун таркиби овозии худ ба тарзи васеъ кор фармудааст.
Тавре мебинем, дар зери таъсири забони тоҷикӣ бо истифодаи суффикси маконсозӣ – истон, номҳои давлатҳои мустақил ва субъектҳои сиёсии дохилидавлатӣ – вилоятҳо, ҷумҳуриҳои мухтор низ сохта шудаанд. Таъсири феъли ёридиҳандаи аст дар шакли решагии он st бо илова аз шаклҳои овозии гуногун, ки, албатта, ниёз ба таҳқиқоти иловагӣ дорад, дар тӯли таърихи чандҳазорсола хосияти байналхалқӣ гирифтааст.
Вобаста ба ду калимаи дар охир номбаршуда, ки фаслҳои солро ифода мекунанд (тобистон ва зимистон), хотирнишон бояд кард, ки онҳо дар забони тоҷикӣ ҳамчун калимаҳои сохта ба ҳисоб гирифта намешаванд. Шакли яклухтро гирифтаанд. Дар калимаи якум тоб, бо истифода аз суффикси – гӣ – тобагӣ, дар ин ҳолат калимаи мустақил ба ғизои дар асбоби тафсон омодашударо, дар ҳолати дигар бо илова кардани суффикси – истон фасли гармиро мефаҳмонанд. Яқин аст, калимаи таф (таф додан), ки он ишора ба ҳарорати баланд аст (тафсон, таф додан, тафӣ кардан), бидуни ягон тағйироти овозӣ аз забони тоҷикӣ ба забони англисӣ гузаштааст – tough season [tʌf siːzn] (мавсими гарм), tough season [tʌf siːzn] (фасли мушкил), tough discussion [tʌf dɪsˈkʌʃn] (баҳси гарм, баҳси ќотеона).
Вақте ки калимаву истилоҳот дар шакли решагӣ дар шеваҳои забон ҳам истифода мешаванд, чунин ҳолат мансубияти этимологии калимаро ба ҳамон забон даҳчанд меафзояд ва далели муътамади мансубият ба он забон аст. Калимаи таф ҳамин манзалатро дорад.
Дар калимаи дуюм решаи он зим (хунукӣ) дар забони адабии ҳозира дар шакли мустақил вонамехӯрад. Он дар забони русӣ дар шакли зима (фасли зимистон) омада, калимаи мустақил мебошад. Ба гурӯҳи калимаҳои полисемӣ ва серистифодаи он забон мансуб аст. Реша ва этимологияи он низ дар модар-забон ё забони аввалия як буда, чӣ шакли овозӣ ва чӣ вуҷуди аслии худро гум накардааст. Яқинан, ин ҳолат ба бештари забонҳои ҳиндуэронӣ хос мебошад.
Калимаи right [raɪt] – рост дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ гарчанде тафовути андаки овозӣ дорад, аммо тарҷумаи айнан дошта, ба гурӯҳи калимаҳои сермаъно дохил мешавад. Дар забони русӣ шакли талаффузи ин калима бо доштани як садонок, комилан мисли забони тоҷикист. Аммо фақат маънои ишора ба як самтро дорад, моносемӣ аст. Калимаи овраг дар забони русӣ серистифода аст. Он дар луғатҳои русӣ-тоҷикӣ дар шакли ҷарӣ, оббурда, обканда тарҷума мешавад, ки шояд эҳтиёҷ ба он набошад: калимаи тоҷикии мураккаб аст, аз ду калима, ки мансуб ба исм мебошанд: об ва раг – раги об иборат мебошад. Дар натиҷаи таъсири табиат – боридани борон ё дигар ҳодисаи фаъоли мансуб ба об, шакли болои талу теппа релйефи худро тағйир додааст.
Хешигарии забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, ки ба гурӯҳи ҳиндуаврупоӣ дохил мегарданд, бо садҳо мисол исбот мешавад. Аммо бо доштани муносиботи таърихиву сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, махсусан дар ҳазорсолаи охир, таъсири ин ду забон ба якдигар ҳақиқати бебаҳс аст. Бештари ин калимаҳои маъмул дар забоншиносии муқоисавии ҳарду ҷониб оварда шудаанд, ки мо аз такрори онҳо худдорӣ мекунем.
Дар шеваи сокинони қисмати ҷануби забони тоҷикӣ калимаи handleак – чизеро бо даст гирифта бардошта ба шаст ба ҷойе партофтан аст. Он аз лиҳози сохт калимаи мураккаб мебошад: аз исми hand [hænd] (даст) феъли leаk [liːk] (ҷунбонидан, ликондан, ликок кардан) иборат мебошад. Ин калима дар шеваи мардуми Кӯлоб қариб бидуни тағйироти таркиби овозӣ истифода мешавад. Маъмул аст. Дар забони англисӣ ба маънои бо истифода аз даст касеро љунбондан, ба њуш овардан – handle (дастак) мебошад.
Калимаҳое, ки дар шеваҳои забони тоҷикӣ фаъоланд, бо тағйири андаки фонетикӣ ва тобишҳои семасиологӣ дар забони англисӣ бо ҳамон маъно ё мафҳуми кӯчида истифода мешаванд: losе [luːz] – чизи гумшуда: «Win or lose never regret» [wɪn ɔː luːz ˈnevər rɪˈgret] – ғолиб омадӣ ё бой додӣ, ҳеҷ вақт афсӯс нахӯр. «Лос» дар шеваи мардуми ҷануб ашёе, ки дар ҳоли гум шудан аст; гум мешудагӣ аст; рlace [pleɪs] – ҷо, макон; mind [maɪnd] – майна; палос – асбоби рӯзгор, ки дар ҷойе, маконе тахт карда мешавад: Хонаву палос, одаму либос; «One may change place, but not the mind» [wʌn meɪ ʧeɪnʤ pleɪs, bʌt nɒt ðiː maɪnd] – Кас метавонад ҷойи зисташро иваз кунад, аммо на майнаашро; deaf [def] – одаме, ки қуввати шунавоиашро гум кардааст, пардаи узви шунавоиаш осеб дидааст. Даф – даф, дойра. Асбобе, ки матои асосиаш парда аст: «Deaf man is away from the blame» [def mæn ɪz əˈweɪ frɒm рiː bleɪm] – марде, ки қобили шунавоӣ надорад, аз гуфтори носазо дур аст. Better [ˈbetə] – беҳтар: It is better to play with the ears than with tongue [ɪt ɪz ˈbetə tuː pleɪ wɪр рə ˈɪəz рæn wɪр tʌŋ] – беҳтар он аст, бо гӯш бозӣ кунӣ, на бо забон.
Калимаҳои забони тоҷикӣ, ки бидуни тағйири таркиби овозӣ ба таркиби луғавии дигар забонҳо, аз ҷумла забони англисӣ ворид шудаанд, хеле зиёданд. Онҳо дар ҳарду забон ба як маъно корбарӣ мешаванд. Барои мисол: band [bænd] – банд (aшёе, ки дар як гурӯҳ, даста ҷамъ омадаанд, бастабандӣ шудаанд ва ё ҷамъ оварда шудаанд; монеа эҷод кардан, баста шудан); pass [pɑːs] − пас (пас рафтан, пас гузаштан, пас мондан); past [pɑːst] – паст, (дар охир, дар ниҳоят); calf [kɑːf] – калф (ҷузъи табиӣ, санги бузург, харсанг); part [pɑːt] – парт (қисм, ҷузъ, тиқа, пора). Бо ин маънӣ, он дар шеваи мардуми ҷануби Тоҷикистон серистеъмол аст. Он ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам ба маънои маҷозӣ истифода карда мешавад: парт кардан (қисм—қисм кардан); now [naʊ] – нав.
Калимаҳо – бидуни тағйироти таркиби овозӣ дар категорияҳои грамматикӣ, махсусан дар ишораҷонишинҳо низ дида мешавад: to [tuː] – ҳиссачае, ки самти ҳаракатро нишон медиҳад. Дар забони форсӣ он бо ҳамин таркиби овозӣ ифодаи «ба самти», «дар дохили» маконро ифода менамоянд; in [ɪn] – ин ҷонишини ишоравии дохили предмет; оn [ɒn] – ҷонишини ифодакунандаи қисмати болоии ашё мебошанд.
Калимаҳои тоҷикие, ки бо тағйироти ҷузъии овозӣ ва ё истифодаи категорияҳои ёридиҳандаи грамматикӣ мавриди истифода қарор доранд, аз рӯйи мантиқи тобишҳои маъноӣ ҳам дар забони тоҷикӣ ва ҳам дар забони англисӣ ба осонӣ шинохта мешаванд. Барои мисол: star [stɑː] – ситора; lip [lip] – лаб; bor, borrowing, burden [bɔː, ˈbɒrəʊɪŋ, burden] – бор, бурдан, чизеро дар худ доштан, баранда будан; typhoon [taɪˈfuːn] – тӯфон; top [tɒp] – асосӣ, чизе, ки дар мадди аввал, дар боло меистад, теппа; daughter [ˈdɔːtə] – духтар; door [dɔː] – дар; сow [kaʊ] – гов; сlé [kle] (франсузӣ) − key [kiː] (англисӣ) – калид; murder [ˈmɜːdə] – мурдан, куштор; rob [rɒb] – рабудан; eyebrow [ˈaɪbraʊ] − абрӯ; gulob [gulob] – гулоб; gulqand [gulqand] – гулқанд; candle [kændl] – қандил; two [tuː] – ду; rafting [ˈrɑːftɪŋ] – навъи варзиш, бо қаиқҳои махсус поин рафтан дар дарёҳои ниҳоят тезоби кӯҳӣ. Дар ин маврид решаи калимаи raft [rɑːft] дар забони тоҷикӣ ҳолатро ифода мекунад. Дар ин навъи варзиш, бо ихтиёри варзишгар ҳам истодан ҷойи имкон намемонад. Истифодаи суффикси – ing [ɪŋ], тавре пештар ҳам хотирнишон гардид, категорияи грамматикии созандаи феъли замони ҳозираи давомдори забони англисӣ мебошад: bad [bæd] – бад (A bad workman always blames his tools [ɑ bæd ˈwɜːkmən ˈɔːlw(e)ɪz bleɪmz hɪz tuːlz] – Коргари бад доим асбобашро гунаҳгор меҳисобад; name – ном; shift [ʃɪft] – шифт – сақф, болои хона: A good shift may serve long but no forever [ɑ gʊd ʃɪft meɪ sɜːv lɒŋ bʌt nəʊ fəˈrevə] – Шифти нағз метавонад дароз хизмат кунад, аммо на то абад; youth [jʊθ] – ёш, ҷавон; gap [gæp] – ҷойи холӣ, тиҳӣ, зуҳуроти камарзиш; гап – муродифи калимаи сухан аст. Ҳамзамон, бо тобиши маъноӣ зуҳуроте, фикреро, ки асоси воқеӣ надорад, бепоя аст, «гап» аст, мефаҳмонад; harm [hɑːm] – шарм (Out of home near harm [aʊt ɒv həʊm nɪə hɑːm] – Берун аз хона, наздик ба шармандагӣ (ба маънои дур аз хона боэҳтиёт будан); warm [wɔːm] – гарм (Cold hands – warm heart [kəʊld hændz — wɔːm hɑːt] – Дастони хунук – дили гарм); sail [seɪl] – сайл, тамошо: Being on sea, sail [ˈbiːɪŋ ɒn siː seɪl] – Дар баҳр бошӣ, сайл кун; thunder [Qʌndə] – тандӯр: Far from Jupiter, far from his thunder [fɑː frɒm ˈʤuːpɪtə, fɑː frɒm hɪz Qʌndə] – Касе, ки аз Зуҳал дур аст, аз тандӯр (тундар) дур аст; hang [hæŋ] – ҳангос зада гиристан, амали мансуб ба гулӯ: let every shееp hang by his own shank [let ˈevrɪ ʃɪp hæŋ baɪ hɪz əʊn ʃænk] – бигузор ҳар як гӯсфанд бо овози худаш садо барорад; new [njʊu]–нав, candy [kændi] – қанд; sugar [ʃuga] – шакар; bazaar [bəza:r] – бозор; pajamas [pi’ʤa:məz] – поҷома; jungle [ʤʌŋgl] – ҷангал; devil [devl] – дев; caravan [kærevæn] – корвонсарой; saffron [sæfrən] – заъфарон; kiosk [ki:ɑsk] – кӯшк; rug [rʌg] – раг; guard [gɑːd] – гвардия. Решаи аслии истилоҳ калимаи решагии қадимии тоҷикии гурд – паҳлавон, рӯинтан, нотарс, далер, шуҷоъ мебошад. Этимологияи калима – узви бадани инсон гурда аст. Яъне шахси гурдадор. Ин калима таърихи чандҳазорсола дорад. Тибқи қонунияти забонӣ давраҳои инкишоф, рушд ва табодули маъноиро аз сар гузаронида, тавассути арзишҳо ва маънавиёт, ҷаҳонбинӣ ва бархӯрди мардумӣ нисбат ба сифати ҷисмонии паҳлавонон ҳамчун истилоҳ қабул гашта, ба сермасрафтарин воҳиди маъноии ифодакунандаи сохторҳои низомӣ дар миқёси байналхалқӣ мубаддал гаштааст.
Бояд хотирнишон кард, ки «Топонимика сарчашмаи арзишманди ёрирасони таърихӣ мебошад» (В. И. Абаев. История языка и история народа – в сборнике. – М.: 1952. – С. 51). Дар алоқамандӣ бо калимаи guard [gɑːd] – гвардия номи деҳаи Кангурти (кони гурд, кони паҳлавонон) ноҳияи Темурмалик боиси таваҷҷуҳи этнографӣ, таърихӣ ва албатта, этимологӣ аст. Он далели боэътимоди мансубияти калимаи гвардия ба забони тоҷикӣ мебошад.
Мо лозим донистем, ки барои исботи ҳамреша ва ҳаммаъно будан ва хосияти пурраи этимологӣ доштани калимаҳои забони тоҷикӣ, ки ба андешаи мо ба забонҳои англисӣ ва русӣ гузаштаанд, фақат бо овардани баъзе мисолҳо қаноат кунем. Бо таъкиди асосгузорони материализми илмӣ «дарк кардан, донистан ҳаракати абадии наздикшавии тафаккур ба ҳадафи омӯзиш аст». Итминони комил дорем, ки вобаста ба мавзӯи баҳс омӯзиш, таҳқиқ ва баррасиҳои мақсаднок ҳамчун мавзӯъ ва ҳадафи илмӣ идома хоҳанд ёфт.
Дар таълимоти Пешвои миллат аз бар намудани илм, дониш, касбияти баланд ва бо ҳамин тариқ шахсияти барои худ ва барои Ватан судманд шудан дар ҷойи аввал меистад. Ӯ таъкид мекунад: «Фаромӯш набояд кард, ки Ватанро танҳо кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифат ва забондону дорои касбу ихтисоси ба талаботи замона ҷавобгӯй обод карда метавонанд» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – С. 189).
Пешвои миллат ба дараҷаи баланд донистани забони давлатиро аз беҳтарин сифатҳои ҳар як шаҳрванд мешуморад. Онро бо масъулияти ватандӯстӣ, маҳорати корбарӣ, сифатномаи воқеии хизматчӣ ва соҳибкори муваффақ тавъам медонад. Роҳбари давлат бо такя ба далелҳои илмӣ таъкид месозад: «Ҳар касе, ки забони модарии худро хуб медонад, барои ӯ омӯхтани забонҳои хориҷӣ осон мегардад. Дигар ин ки ҷорӣ кардани дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир, яъне пешрафти минбаъдаи мамлакат, ба роҳ мондани робитаҳои гуногунсоҳа бо давлатҳои тараққикарда, яъне пайвастан ба ҷаҳони мутамаддин бе донистани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, русӣ ва англисӣ ғайриимкон аст» (Ҳамон ҷо. – С. 194-195).
Таҷрибаи таърихии миллатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки онҳо бо тамоми имконоти расмӣ ва ғайрирасмӣ, қонунӣ ва ғайриқонунӣ ба дастовардҳои судманди дигар халқҳо дар кулли самтҳо – иқтисодӣ, сиёсӣ, гуманитарӣ ва ғайра ворид мешаванд. Онҳоро меомӯзанд. Чизи фоиданокро зери ҳар ном худӣ эълон карда, истифода мебаранд. Дар ин бора Волтер (Франсуа Мари Аруэ, 1694-1778, файласуф ва нависандаи франсавӣ) менависад: «Муҳаббати ман ба Ватан ба ман монеа намешавад, ки аз дастовардҳо, муваффақиятҳои хориҷиҳо чашм пӯшам. Баръакс, чи қадаре ки ман Ватанамро дӯст дорам, ҳамон қадар кӯшиш мекунам, ки мамлакати худро аз ҷавоҳироте пур кунам, ки аз қаъри заминҳои кишварҳои дигар метавонам ба даст орам» (Энциклопедия мысли. – Киев: Советская энциклопедия, 1980. − С. 180). Дар ҷойи дигар ӯ таъкид мекунад, ки донистани забонҳои хориҷӣ маънои доштани калидҳои бисёр барои як қулф аст. Албатта, нависандаи машҳур калидҳои пайдо кардани манфиатро дар назар дорад.
Таҳлили маҳдуди муқоисавии дар боло овардашуда, тафсири намунаи мухтасари усули дар муддати кӯтоҳ аз худ кардани забонҳои хориҷӣ – махсусан англисӣ ва бо ҳамин метод олмонӣ ва франсавӣ аст. Тавре ки Пешвои миллат таъкид месозад, роҳи аслии донистани забонҳои хориҷӣ дар хуб донистани забони модарӣ мебошад.
ХУЛОСА
Масъалаҳои забоншиносии тоҷик дар таълимоти Пешвои миллат мавқеи калидӣ доранд. Ӯ таърихи забонро бо таърихи миллат тавъам медонад. Бо далелҳо исбот менамояд, ки чӣ тавр ҳаёти мардум дар ҳаёти забон таҷассум меёбад. Таъкид месозад, ки забони модарии мо аз ду ҷиҳат омӯхта шавад: аз лиҳози таърихиву муқоисавӣ ва фалсафӣ – дар муносибат бо тафаккур.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи забонро ҳамчун воситаи муошират вазифаи функсионалӣ ва ҳамчун ифодакунандаи тафаккури миллӣ − моҳияти он мешуморад.
Забон ҳам аз лиҳози вазифавӣ ва ҳам аз лиҳози моҳиятӣ – ҳамчун далели рушди тафаккур аз ниёз ва мақсадҳои умумии инсонҳо сарчашма мегирад. Яъне диалектикаи субъективии забон дар вобастагӣ аз диалектикаи объективии забон қарор дорад. Маҳз қонунмандиҳои инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккур боиси рушди забон гардидаанд.
Такони асосии ҷараёни устувор гаштани фонди асосии луғавии забон ва таркиби луғавии он зиддиятҳои беохири дохилии се унсури зикргардида мебошанд. Ва қонунҳои ба ҳам муқобили фарогир, ки дар моҳият ва зуҳуроти воқеияти объективии олам вуҷуд доранд, омили муассир нисбат ба ҳодиса ва категорияҳои забонӣ ба шумор мераванд. Забони тоҷикӣ аз замони пайдоиш то ба имрӯз дар маркази ҳамин гуна зиддиятҳо буда, ҳамчун субъект ва объекти муборизаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва идеологӣ дар он ширкати фаъол доштааст. Маҳз чунин сифат имкон додааст, ки забони модарии мо аз дараҷаи одӣ то ба сатҳи олӣ инкишоф ёбад. Дар қаламрави васеи олам паҳн гардад. Дар давраҳои муайяни таърихӣ нақши забони муоширати байни миллатҳоро иҷро намояд. Ва имрӯз маҳз тавассути заҳматҳои бемисли Пешвои миллат аз минбари Созмони Милали Муттаҳид садо диҳад. На танҳо ниёзҳои миллиро қонеъ гардонад, балки дар муносиботи байналхалқӣ васеъ истифода шавад.
Пешвои миллат забони модариро бо беҳтарин сифатҳо тавсиф мекунад. Барҳақ, онро баробар бо номҳои муқаддаси Модар, Ватан, Миллат медонад. Бо далелҳои таърихӣ исбот месозад, забони тоҷикӣ буд, ки аз забони гурӯҳӣ қавмӣ, аз қавмӣ нажодӣ, аз нажодӣ забони халқ ва аз забони халқ забони миллатро ба вуҷуд овард ва билохира омили аслии истиқлоли миллӣ гардид.
Роҳбари давлат таъкид мекунад, забони модарӣ ягона нишонаест, ки маҳз тавассути он мансубияти инсон ба миллат муайян карда мешавад. Ва то ба имрӯз илм бештар аз ин, далели муътамади мансубияти шахсро ба фардияти инсонӣ, падару модар, сарзамини аҷдодӣ, таърихи пайдоиш, ташаккул ва рушди миллӣ, урфу одати шоистаи дар тӯли ҳазорсолаҳо шинохташуда надорад.
Ба тарзи илмӣ муносибат кардан ба забон эътироф намудани он ҳамчун воқеияти ҳастӣ мебошад. Яъне, бори дигар сухан дар бораи моҳияти аслии забон, ҳамчунон вазифаи функсионалии он − воситаи муносибат, муоширати байни одамон барои қонеъ кардани ниёзҳои одии рӯзмарра меравад.
Мантиқи таълимоти Пешвои миллат иборат аз он аст, ки тоҷикшиносӣ – забоншиносии тоҷик аст. Зеро дар доираи забони модарӣ умумияти дар таҷрибаи таърихӣ исботшудаи ҳақиқати воқеӣ – ҳамхунӣ, ҳамқавмӣ, ҳамватанӣ, якмаромӣ – ҳамчун нишонаи масъулияти бузурги маънавӣ аз қаъри асрҳо то ба имрӯз таҷассум меёбад. Ба тарзи дигар, забони модарӣ ҳам далели биологӣ ва ҳам нишонаи ҷамъиятии миллат, аз нуқтаи назари антропологӣ ҳамчун шахсияти алоҳида аст. Моҳияти чунин назария масъалаи ахлоқ ва маънавиёти миллӣ – расидан ба хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, забони модарӣ дар маҷмӯи дастовардҳои таърихиву ҷамъиятӣ арзишмандтарин шакли шуур – идеологияи муттаҳидкунандаи миллат аст. Он таҷассумгари манфиатҳои миллӣ ва омили асосии истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дарк намудан, эътироф кардани забони модарӣ аз лиҳози моҳият ва асолат мансуб донистани решаҳои гносеологии он ҳадди ақал ба таърихи панҷҳазорсолаи миллат – тасдиқи он ҳамчун зуҳуроти материалӣ ва зуҳуроти дунявият аст. Чунки ба ҳазорҳо саволи воқеӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ бо далелҳо ҷавоб мегӯяд. Ин хосиятро фақат падидаҳои илмӣ дошта метавонанд, на тасаввуроти метафизикӣ. Аз ҳамин ҷиҳат, забони модарӣ ба ҳар як соҳибзабон бояд ба сифати иммунитети маънавӣ дар муқобили ҳама гуна тамоюлоти бегонапарастӣ хизмат кунад.
Бузургтарин абармардоне, ки дар тӯли таърих ба миллати хеш содиқ будаанд, бо вуҷуди мушкилиҳо ва таҳдидҳои ҷонӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, маорифпарварӣ, равшанфикрӣ, хурофотситезии худро тавассути забони модарӣ ифода намудаанд. Пешвои миллат бо овардани мисолҳо ҳар кадоми ононро арҷгузорӣ мекунад. Мантиқан эҷодиёт ва рафтори мутафаккирон, адибон, зиёиёни даврони гузаштаро бо давраҳои мушкили ҳаёти миллати тоҷик дар солҳои навадуми асри гузашта дар муқоиса мегузорад. Орзуманди он аст, ки рӯҳи шикастнопазири на кам аз панҷҳазорсолаи илм, фарҳанг ва маърифати тоҷик дар замони муосир ҷавобгӯи якрӯи манфиатҳои миллӣ − барои сохтани давлати миллӣ гардад. Вазифаи муҳимми зиёиёни миллӣ аст, ки номутаносибии дар байни забони неруманди миллӣ ва шуури миллӣ вуҷуддоштаро барҳам зананд.
Муҳтарам Эмомали Раҳмон дар назди забоншиносон ва таърихшиносон вобаста ба забони модарӣ вазифаҳои мушаххас мегузорад. Аз лиҳози илмӣ посух доданро ба саволҳое, ки дар қисмати таркибии илми забоншиносӣ – фонетика, морфология, синтаксис, услубшиносӣ, лексикология, семасиология бармеоянд, вазифаҳои рӯзмарраи онҳо мешуморад.
Барои мисол, фақат лексикаи забон нишон медиҳад, ки забони тоҷикӣ аз гурӯҳи забонҳои эронӣ ва оилаи васеи ҳиндуаврупоӣ кай, дар кадом шароити таърихӣ ва чӣ тавр тавонистааст ба забонҳои англосаксонӣ ва германӣ таъсири фарогир дошта бошад ва баръакс.
Дар таълимоти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назарияи илман асоснок дар бораи қонунҳои пайдоиш, рушд ва инкишофи забони тоҷикӣ, моҳияти забон ҳамчун воситаи муносиботи ҷамъиятӣ, ифодакунандаи фарҳанг, маданият, маънавиёт ва таърихи миллат, нақши забон дар истиқлоли давлатӣ, роҳу усулҳо ва воситаҳои ҳифз кардан, инкишоф додан, ба забони воқеан умумиллӣ ва посухгӯ ба кулли ниёзҳои умумихалқӣ мубаддал кардани он нишон дода шудаанд.
ОХИРСУХАН
Хизмати таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла иборат аз он аст, ки дар баробари таъсис додани давлати миллӣ, барқарор кардан ва таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти мамлакат, ба инкишофи илм, маориф ва фарҳанг низ асос гузошт.
Яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсат, ки Сарвари мамлакат дар ҷараёни сохтмони давлати миллӣ ба он таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуд, суръат бахшидани илми тоҷикшиносӣ тавассути забоншиносии тоҷик мебошад.
Барои Тоҷикистон ва мардуми тоҷик чунин муносибат тақозои замон аст. Воқеияти ҷамъиятӣ – фоҷиаҳои миллӣ: ҳазор соли бедавлатӣ, рух додани ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта таҳти раҳнамоии аҷнабиён, бо истифодаи хоинони миллат хавфи ҳақиқии бебозгашт аз даст рафтани давлат ва парокандагии миллат, зарурати муроҷиат ба таърихи халқ ба хотири бедор кардани ҳисси хештаншиносӣ, худшиносӣ ва нангу номуси миллиро дар замони муосир ба миён овард.
Ҳадафи бузурги эъмори давлати миллӣ тарҳрезӣ кардани роҳу усулҳои ба вуҷуд овардани шуур ва ҷаҳонбинии мувофиқ ба чунин сохтро тақозо дорад. Зеро ташаккули маънавиёти мардумӣ дар шароити соҳибдавлатӣ кори шахсӣ ё гурӯҳӣ нест. Аз муҳимтарин ва масъулиятноктарин вазифаи давлат ба ҳисоб меравад (Аристотел).
Таърихи навтарини Тоҷикистон мантиқи бузургеро исбот кард, ки «Шуури инсон на танҳо ҷаҳони воқеиро таҷассум мекунад, балки онро бунёд месозад». Ва «ҷаҳон талаботи Инсонро қонеъ карда наметавонад, Инсон тасмим мегирад, ки бо амали худ онро дигар кунад». Ин суханон оинаи равшани инъикоскунандаи фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Мантиқи волои сухан, тавоноии оростани муошират бо тамоми гурӯҳҳои мардум – заҳматкашон, олимон, зиёиён, солмандон, ҷавонон, мактабиён, яъне табақаҳои гуногуни ҷомеа намунаи олии дарки масъулияти давлатдори навини тоҷикон гардид.
Муколамаи Пешвои миллат дар самти муносиботи байналмилалӣ, расидан ба моҳияти масъалаҳои мавриди муҳокимаи тарафайн, бо навъи аҳсант ҳимоя намудан ва пеш бурдани манфиатҳои миллӣ − мактаби бузурги дипломатияи тоҷик мебошад. Ин ҳама афзалиятҳо ба қавли Абулқосими Фирдавсӣ аз сифатҳои бузурги «доно ва ба гуфтан далеру тавоно будан»-и Сарвари давлат шаҳодат медиҳанд.
Баҳраварии дараҷаи аъло аз захираҳои бойи луғавии забони модарӣ, сабки ороиши сухан бо дарназардошти фазо ва муҳити сухангӯӣ аз муҳимтарин омилҳои нишонрас будани мусоҳибаҳои Пешвои миллат аст. Ҳамчунон, бо мантиқи муъҷаз, муассир ва фасеҳ, бо ҷобаҷогузории намунавии задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ, ки аз донистани нозукии тобишҳои семантикӣ ва семасиологии лексикаи забони модарӣ шаҳодат медиҳад, таваҷҷуҳи мардум ба суханрониҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беихтиёр ҷалб мегардад.
Пешвои миллат аз камтарин роҳбарони озмудашудаи сиёсии олам аст, ки дар доираи матни гузориш ва гуфтугӯи озод, бо такя ба далелу рақам ва мисолҳои баҳснопазир, бо қудрати маънавӣ ва фарҳанги волои суханварӣ сомеонро тасхир мекунад. Ва моҳияти давлатдории хешро ба д��лу дидаи омма мерасонад. Иқрор бояд гашт, ки ин кори чандон саҳл нест. Аристотел дар тасдиқи чунин дидгоҳ таъкид месозад: «Ба хотири он ки санъати сухан гуфтан дар алоқамандӣ бо муътақид кунонидан аст, худи муътақид кунонидан далелнокии нутқ мебошад. Мо вақте муътақид мешавем, ки бо далелҳои овардашуда розӣ бошем. Ҳақиқат ва адолат аз ҳама гуна муқобилистиҳо пурқуваттар аст» (Аристотель. Риторика. Поэтика. − М.: Лабиринт, 2000. – С. 7).
Забон ва тарзи баёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳайси мактаби бузурги фарҳанги муколамаи сиёсӣ, бояд дар доираи мавзӯи махсуси таҳқиқоти илмӣ ҳамчун ҷузъи санъат ва оини давлатдории миллии тоҷикон омӯхта ва ба наслҳо пешкаш гардад. Чунки чунин таҷрибаи муваффақи истифодаи забони модарӣ дар сатҳи олии давлатдорӣ, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро ифода карда бошад, ба ғайр аз сухани волои Исмоили Сомонӣ: «То вақте ки зиндаам, қалъаи Бухоро ман ҳастам» (Б. Ғафуров. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. – Душанбе: Дониш, 2008. − С. 340) дигар намунаеро надорем.
Услуби таҳқиқоти илмӣ, таҳлилу баррасии мураккабтарин зуҳуроти таърихӣ ва олами муосир, ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа, хулосаҳои ниҳоят муҳим, бомулоҳиза ва усули суханварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кулли соҳаҳои давлатдорӣ нишонгари дарки воқеият ва тавони барҷастаи истифодаи имконоти забони модарӣ аст.
Чунин сатҳи донистани забони модарӣ бо тамоми ҷузъиёт ва назокати семантикӣ, семасиологӣ, орфоэпӣ, фонетикӣ, морфологӣ, синтаксисӣ на танҳо барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, устодони донишгоҳҳо, муаллимони мактабҳои миёна, кормандони васоити ахбори умум, балки барои тамоми нафароне, ки умуман бо мардум, махсусан бо ҷавонон сару кор доранд, шахсоне, ки забони адабии ҳозираи тоҷикро аз худ карданианд, намунаи омӯзиш, мактаби суханварӣ – дарси мантиқии давлатдорӣ аст.
Ворид кардани таълимоти Пешвои миллат дар соҳаи забоншиносии тоҷик, таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои таърих ва фалсафа, ғояҳои марказии адабиёти бадеӣ, мантиқи китобҳои дарсӣ – маънои ворид кардани низоми арзишҳои миллӣ, маънавиёти хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ ба хотири тарбияи одам дар рӯҳияи тоҷикият, ватанпарастӣ, ҳимояи сохти давлатдорӣ ва амнияти миллӣ мебошад.
Ба назари мо, чунин азм дар асоси принсипҳои фарҳангиву таърихӣ ва фалсафӣ, инчунин, муносибати муназзаму мураттаб метавонад амалӣ гардад.
«Хосияти гениалии инсон аст, ки меҳнати пурмашаққат ва тафаккури нерумандро ба самти муайян сафарбар намояд» (И. Нютон). Чунин тафсирро метавон ҳамчун намунаи ҳидояткунандаи сифатҳои олии ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ба ин равшангари орзуву ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик дар кору пайкор содиқона пайравӣ кард ва аз насл ба насл чун рӯҳи шикастнопазири миллӣ пайғом расонид.
С. ЯТИМОВ, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бознашр аз Рӯзномаи “Ҷумҳурият” №194-195 (24 050) аз 05.10.2020с.
0 notes
Text
ПИСТАИ БЕМАҒЗ АГАР ЛАБ ВО КУНАД…

Ё посухе ба Мирзои Салимпур
Дӯстам Мирзои Салимпур! Аслан, навиштанро он қадар дӯст намедорам зеро вазифаи ман нест, вале навиштаҳоятро дар робита бо филми «Хиёнат» хондаму кунҷковии касбиам боло гирифт. Дар он бисёр нуқтаҳои ҷолиберо дарёфтам. Ва тасмим гирифтам ба худат муроҷиат кунам.
Барои мо равоншиносон матраҳ аст, ки дар лаҳзаҳои истисноӣ, таҳти таассуроти воқеа ё рӯйдоди мушаххас, инсон ғайриихтиёр баъзе паҳлуҳои хислат, рӯҳия ва мушкилиҳои равонии хешро барои атрофиён фош месозад, ки дар дигар лаҳзаҳои ҳаётӣ метавонист онҳоро пинҳон дорад. Ин омил боис шудааст, ки ту таҳти таассуроти сахте аз зарбаи нишонрас, саросемавор ба ҳимояи худ шитофтаӣ. Талош баҳри сафед кардани хеш, туро ҷониби иштибоҳи сахте бурдааст, зеро бидуни дарки ҳиссиёти лаҳзаина ҷавҳари аслии рӯҳӣ-равонии худу ҳамфикронатро ифшо кардаӣ:
1. Ин далели аз ҳама асосист ва таҳрикдиҳанда ба иншои навиштаҳоят. Ту қойил шудаӣ, ки бародарат Илҳом Салимов «аз нигоҳи равонӣ нуқс дорад, ва ҳар коре фармоянд мекунад». Бемор (патсиент)-и мо Илҳом Салимов нест, мо бо ӯ кор надорем. Худат таъкид мекунӣ, ки бародарат мушкилоти равонӣ дорад. Вале шояд надонӣ, ки аз назари тиббӣ-равонӣ, агар дар хонадон як нафар гирифтори ин беморӣ бошад, пас дигар аъзои оила низ наметавонанд аз он орӣ бошанд.
Дар ин маврид, худу бародарат дар оила танҳо нестед. Худат шаҳодат медиҳӣ, ки маризӣ дар хонадонатон ирсист. Рӯ меорем ба навиштаат: «Бобои ман раиси колхоз ва Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ буд. Падари ман солҳо раиси совхоз ва муовини аввали раиси ноҳияи Ҳисор буд. Ҳарду дар ободонии он диёр саҳми беназир доранд. Он қадар сохтанду обод карданд, ки… Падари ман номашро барои он иваз кард, ки намехост ҳамноми Сангак Сафаров бошад…». Оё инсони саломат метавонад номи бо ҳазор заҳмат шуҳратёр кардаашро ба хотири каси дигар иваз кунад? Не! Яқинан чунин инсон мариз аст. Нуқси равонӣ дорад. Девона аст. Чунки бо иваз кардани ном ӯ гузаштаи худро – «раиси совхоз, муовини аввал, саҳми худро дар ободонию ғайра» хати батлон кашидааст. Барои чӣ?
Барои он, ки дар лаҳзаҳои пирӣ, зери таъсири андешаю ақидаҳои хурофотиву ифротие қарор гирифт, ки ҷаҳолату босмачигариро мепарастанд. Агар мағз солим мебуд, душмани донишу мактабу маърифат, Фузайлмахсуми босмачӣ ва қотили муаллимаҳои Рашт васф намешуд, ки: «касест, дар вақташ мардона барои озодии Ватанаш аз юғи русҳо мубориза бурд». Кадом юғ? «Юғе», ки бобоятро Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ ва падаратро то ба муовинии раиси ноҳия расонид? Ҳаққо, ки «мағз агар тира шавад, ҷаҳл бар ӯ чира шавад».
Бобоят қаҳрамон, падарат коммунист, худи ту Салимпур босмачӣ! Аҷаб! Магар Фузайлмахсум барои барқарор кардани тахти амирони манғитӣ тоҷиккушӣ надошт? Чун об рӯшан аст, ки босмачиҳои баччабоз агар ғолиб мебаромаданд, Тоҷикистон имрӯз намебуд. Бобои қаҳрамону падари раисат намебуданд, худат намебудӣ. Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуровро вара�� зан! Ё аз онҳо бештар медонӣ? Магар симои ҳақиқии босмачиҳоро касе аз онҳо беҳтар кушодааст?
2. Салимпур, ту дар ин навишта ифшо сохтаӣ, ки дар палатаи беморони рӯҳӣ танҳо нестӣ. Менависӣ, ки: «Чанд сол пеш, ёдамон ҳаст, ки як бародари мушкили равонӣ доштаи Муҳиддин Кабириро ба зиддаш истифода бурда, ҳатто мусоҳибаашро дар матбуот нашр карданд».
Ҳай боракалло! Қасам мехӯрам, ки намедонистам дар авлоди Кабирӣ низ бемории рӯҳӣ реша доштааст. Яъне ин оила низ аз нигоҳи ирсӣ кафолат надорад, ки ҷунун ё девонагӣ ба дигар узвҳои он, аз ҷумла, худи Кабирӣ бетаъсир мондааст.
3. Девонагии Шарофиддин Гадоев, дигар ҳамдасту ҳамақидаи туву Кабириро натанҳо дар Тоҷикистон, ҳатто дар Аврупо ҳам медонанд, ки ҳоҷат ба шарҳаш нест.
4. Дар ин рӯйхат агар шарики собиқи ин гурӯҳ, марҳум Умаралӣ Қувватовро, ки чандин дафъа дар беморхонаи рӯҳӣ муолиҷа шуда буд, зам кунем, ба кадом натиҷа мерасем? Натиҷа якест: эй вой бар гурӯҳаки ба ном мухолиф. Дилам ба миллати тоҷик месӯзад, ки имрӯз дар Аврупо чанд ҷунунзадае ҳамроҳ бо ду майзадаю як нашъаманд онро муаррифӣ карданӣ мешаванд.
5. Салимпур, ростӣ ба ту раҳмам меояд. Хафа нашав, аз ман малол мабош. Лекин худро журналисти шинохта тарошӣ ҳам, дарк накардаӣ, ки ин филм муқобили туву дигар бечораҳои аз нигоҳи равонӣ маризу ҳамдастат нест. Магар як давлат бо ду-се девона сар ба сар мешавад? Барои ин филмбардорон туву Кабирӣ кӣ ҳастед? Ҳеҷ кас! Шумо як бечора, бозичаед дар дасти дигарон. Ва ин филм маҳз ба онҳо нигаронида шудааст, ба кишварҳои бузурге, ки шуморо лӯхтак кардаанд. Ва мехоҳанд Тоҷикистони мустақили моро туъмаи манфиатҳои худ созанд. Ором бош! Дар ин майдон туву кабириҳоят ба мӯрчае баробаред, ки аз ду-се метр он тарафтар ба назар намерасад. Бо мӯрчаҳо касеро кор нест.
6. Филмбардорон, хоҳ аз «Тоҷикфилм»-анд хоҳ аз ҷойи дигар, онҳо кори худ, вазифаи худро иҷро кардаанд.
Вале ман аз дигар ҷиҳат ҳайронам. Дар як филми сесоата ту танҳо он лаҳзаеро мебинӣ, ки кирдорҳои худат ифшо шудааст. Аммо чаро дар бораи он ҳақиқате, ки собиқ аъзоёни сатҳи роҳбарии ташкилоти террористии ҲНИ Айёмиддин Сатторов, Эшони Қиёмиддин, Зарафо Раҳмонӣ ва даҳҳо шоҳидони воқеии дигар нисбат ба кирдору ҷиноятҳои наҳзат мегӯянд, хомӯшӣ ихтиёр кардӣ? Чаро он қатлу ваҳшигариҳо, ба ҷои шир макидани хуни модари тавассути қотилони наҳзатӣ кушташударо аз тарафи тифлаки маъсум намебинию наменависӣ?
7. Салимпур, маълум, ки дар синну сол аз ман хурдӣ ё калон, вале дар фаҳмиш заиф ҳастӣ. Ин филмро ман аз се канали Тоҷикистон, бо фосила, пай дар пай тамошо кардам. Бори дигар ба ту хотиррасон карданиам, малол нашав, асабонӣ набош, фоида надорад. Гаштаву баргашта ба ту мегӯям: ин филм ба туву Кабириву Гадову Сақо рабти ҷиддӣ надорад. Ба шахсияти ту додарат, фарзанди падарат ҷавоб додааст, ба Кабирӣ ҷанозаи модарашу беморхонаи сироятиву ҳазор далели дигар. Бас аст. Дар ин дунё ману туро дигар кӣ беҳтару хубтар медонад. Рӯканиву мӯканиҳоят суд намебахшанд. Об аз сар гузашт.
Мантиқи филм – марбут ба мавзӯи фурухтани Ватани аҷдодӣ аст. Мавзӯи филм фош кардани раванди иртиҷоии байналмилалие аст, ки намехоҳад ТОҶИК, ТОҶИКИСТОН вуҷуд дошта бошад. Оне, ки ту худро рӯзноманигори озод мегӯӣ, оне, ки тавре додарат мегӯяд, ки фарзандони ту забони модариашонро намедонанд, худат тасдиқ мекунӣ, ки авлоди ту ва авлоди Кабирӣ воқеан касали рӯҳӣ доред, шояд воқеият дошта бошад. Авлоди Гадоев Шарофиддин бошад, ба тарзи ҳуҷҷатӣ бемори рӯҳӣ мебошанд. Рӯҳ чӣ ҳаст? Рӯҳ амали инсон аст. Бо таъкид иброз медорам, инҳо муҳим нестанд. Ин гапҳо дар филм нест. Худатон иқрор шудед ва ин сирри тиббии оилавиатонро акнун дар тамоми дунё ифшо кардед. Ман чизи дигарро гуфтаниам, шумо дар Тоҷикистон, дар Ватанатон камбудӣ мекобед. Дидед, дар як оилаҳои худатон чӣ қадар камбудӣ ҳаст. Ҷомеа ҳам ҳамин аст, додар.
Шумову кабириҳову кузовҳову садриддиновҳову истаравшаниҳо чанд овҳои дигар як боди фалак, як хаси таги дег, як қалами шикаста, як оҳи бефоидаи бадномии авлодатон ҳастед. Каси дигаре нестед. Додаратон шумоҳоро дуруст баҳо додааст. Ин танҳо хислатномаи ту нест. Ин хислатномаи Кабириву ҳамаи шумо аст. Аз таҳлилу таърихдониву хулосабарориву шеваи гуфтору ҷумлабандиву рафторатон маълум аст. Ин айби шумо ҳам нест. Шуморо кофтанд, ёфтанд, интихоб карданд. Ба шумоҳо луқма мепартоянд, шумо давидаву парида онро мечаред, тавре худатон фармудед, 15-20-то гӯё мақола менависед. Навиштан бигиред. Навиштан гиред. Лекин заминеро, ки дар он модар шуморо таваллуд кардааст, фаромӯш накунед. Замине, ки падаратонро дар оғӯшаш гирифтааст, фаромӯш накунед. Ин Замин ҳам интизори шумоҳо аст…
Ман намехостам шуморо малол кунам. Аммо чӣ илоҷ? Воқеияти зиндагӣ ҳамин аст.
Шарипов Нуралӣ Абдуллоевич,
директори Маркази бемориҳои рӯҳии
Вазорати тандурустии Тоҷикистон
0 notes