#НЕСТ
Explore tagged Tumblr posts
Text
Об'єднані для змін: девелоперська революція в архітектурному просторі!
Дивовижна історія, яку вам захочеться вивчити. Великі імена архітектурного світу об'єднались в українській асоціації девелоперів. Разом ми будуємо майбутнє! 🔨🏙️
#Девелопмент#Архітектура#РеволюціяУБудівництві#ЗміниМайбутнього#ТворчийПростір#БудівництвоМайбутнього#АрхітектурнаМагія#СтроїмоРазом#Uadevelopers#StolitsaGroup#KANDevelopment#ІнтергалБуд#УкрбудІнвест#UDP#Русанівкаінвест#PerfectGroup#РІЕЛ#ДІМ#Познякижилбуд#Taryangroup#Українськібудівельнісистеми#SAGADevelopment#FuturaHata#Ковальськанерухомість#Iballiance#НЕСТ
1 note
·
View note
Text
Ё БАЛЕ, Ё БАЛО?
ва ё чанд сухан дар ҳошияи як ҳангома
Сафари Шарофиддин Гадоев ба Афғонистон аз фарти шодӣ боиси пойкӯбиву дастафшонии қариб ҳамаи ба ном мухолифони тоҷик гашт. Санохонӣ ба авҷи само расид.
Ончуноне дар ин вазъ рух медиҳад, худи «қаҳрамони рӯз» чанд изҳороте пахш кард ва мусоҳибаҳои мармузе орост, ки Самаки Айёр ҳам онҳоро наметавонад кашф кунад. Аммо мардум худашон барои худашон гузина эҷод мекарданд: Худи Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода - роҳбари Аморати исломии Афғонистон «шери нар»-и моро пазируфтааст ва барои ҷиҳод дар Тоҷикистон фатво додааст.
Шарофиддин бачаҳаки дӯстрӯ, дилёб, моҷароҷӯ (авантюрист) ба маънои мусбаташ ва каме мулоимхунук аст. Чунон бисёр дурӯғ мегӯяд, ки тасодуфан гапи рост гӯяд ҳам, ман шахсан бовар надорам.
Ва ҳолиё гуфтори ман аз ӯ нест. Ба ҷойи ӯ метавонист боз як тоҷики дигари дар Урупо овора бошад. Барои Кобул як матарсак даркор буд, ки ба Душанбе паёме бифиристад: агар…магар…аммо…мо метавонем бароятон дарди сар эҷод бикунем.
Борҳо дар бораи режими асримиёнагии Толибон гуфтаам ва боз мегӯям.
Толибон як шабакаи ихтироъкардаи истихбороти хориҷист - барои бадном сохтани дини мубини ислом. Вагарна бо 100-200 дучархасавори пойлучи аз ғорҳо бурун омада ҳукуматро намегирифт. Толибон ҳамон шогирдони Бен Лодинанд ва «Ал-Қоида»-анд.
Дар ин чанд сол Толибон чӣ кор карданд? Ба гузоришҳои расонаҳо ва созмонҳои ҳуқуқи башар бингаред, ки яке аз ҳазор бадкирдорию бадахлоқии ин низоми бенизомро менамоянд.
Баъди дубора ба ҳукумат расидани ин тӯда беш аз 3 миллион шаҳрвандони Афғонистон гуреза шуданд, ки бештарашон тоҷикон, ӯзбекҳо ва ҳазораҳоянд. Мардум дидаю дониста маргро бар зиндагӣ дар ҳукумати Толибон афзалият медиҳанд. Ёд доред саҳнаи мудҳишеро, ки чанд ҷавоне аз чархи самолёт медоштанд, то фирор кунанд ва ба замин фуруд омаданду пора-пора шуданд. Ин саҳна дунёро ба такон овард.
Дар ин мулк 90 фоизи мардум дар зери фақр зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҷо тифлакони худро барои нони шом мефурӯшанд.
Афғонистон танҳо кишваре дар ҷаҳон аст,ки духтарон ва занон иҷозаи таҳсил ва кор надоранд. Таҳсили духтарони зери 12-соларо Толибон дар бархе ҷойҳо иҷоза медиҳанд, аммо духтарони болои 12-сол иҷозаи таҳсил ва кор надоранд. Бонувонро Толибон аслан одам намешуморанд.
Толибон ҳукумати нажодпарастест, ки ҳама қуфлу калиди мудирият дар дасти паштунҳост. Махсусан, онҳо ба тоҷикон нафрат доранд. Ҳарчӣ форсист ё ҳамон дарию тоҷикӣ онҳо чашми дид надоранд. Қатли оми панҷшериҳо - меҳани кӯчаки Аҳмадшоҳи Масъуд ҷинояти нобахшиданист.
Ҳатто Наврӯзро манъ карданд.
Хиёнат ва ҷиноятҳои Толибонро ҳеч низоме дар ҷаҳон надидааст. Аз сангсор кардан то сари бонувонро тарошидан, аз таҷовузи ноболиғон то кушторҳои дастҷамъӣ, ба шаҳристону ноҳияҳо овардани паштунҳо ва соҳибони манзилҳоро рондан. Аз маъни мусиқӣ ва шикастани асбоби мусиқӣ то бидуни марди маҳрам ба кӯча баромадани бонувон.
Магар дар Мазори Шариф садҳо тоҷикон, ӯзбекҳо, ҳазораҳоро бо зарби гулӯла куштану зинда-зинда гулӯи онҳоро буридани Толибон аз ёдҳо зудуда мегардад? Ин эъдомҳо қариб панҷ рӯз идома доштанд. Ин ҳама ҷиноят алайҳи башарият нест?
То омадани Толибон дар Афғонистон садҳо расонаҳои озод буданд. Озодии сухане, ки дар ин кишвар дар 20 соли охир буд - то омадани Толибон - дар ҳеч кишвари Ховари Миёна намуна надошт.
Толибон ба андозае ҷоҳилу нодонанд, ки ҳатто аз табори эронии қавми паштун ва таъаллуқи забони пашту ба хонаводаи забонҳои эронӣ огоҳ нестанд ва бар ҳар он чи эронӣ аст, нафрат меварзанд. Ин тӯдаи ваҳшӣ нивиштаҳои порсиро аз саросари кишвари порсизабони Афғонистон зудудаанд.
Ин ақаллияти ситезаҷӯ тоҷикону порсигӯёнро, ки аксарияти ҷамъияти Афғонистонро ташкил медиҳанд, аз мақому маснадҳо рондаанд ва дар минтақаҳои тоҷикнишин базӯр паштунҳоро сокин кардаанд, то раванди афғонсозӣ, яъне паштунсозии Афғонистонро такмил кунанд.
Инҳо, ки муддаъии мусалмонианд, дар воқеъ, беш аз ҳар гурӯҳи дигаре ба фошизми қавмиятӣ эътиқод доранд ва сояи Эрону тоҷику порсиро аз девор метарошанд. Бо ҳар навъ намову намоди фарҳанги эронию порсӣ душманӣ меварзанд.
Ҳимояти як тоҷик аз Толибони занситезу фарҳангситезу барбар, гузашта аз ин ки хилофи тамаддуни инсонию шариъати исломист, хиёнати ошкор ба аслу насабу пешинаву имрӯзу буду набуди тоҷикон аст.
Баршумурдани ҷиноятҳои режими қурунивустоӣ вақти зиёд мехоҳад.
Гуфтори ман аз он аст, ки як бахши аъзами норозиёни тоҷик (вожаи мухолиф таҳқири вожа аст) омодаанд бо парчами Толибон вориди Тоҷикистон бишаванд.
Дар ин чанд рӯз касе нагуфт, ки шумо бо пайвастан бо Толибон на танҳо гӯри худро, гӯри оппозитсияро, балки гӯри миллати тоҷикро ҳам меканед. Ва дар сари ин гӯр касе фотиҳа ҳам намехонад.
2 notes
·
View notes
Text
э. ‒ как ты? * официант приносит еду* двое ‒ спасибо а. ‒ все хорошо. скучать не дают, готовимся к свадьбе. так много вопросов, что кажется было бы легче без нее
э. ‒ * слушает с таким лицом как будто ему больно и не в смысле "как тяжело смотреть на губы, которые не можешь поцеловать"* а. ‒ энни, я как-то не так пахну? э. ‒ …даа, точнее не ты. а то, что на тарелке перед тобой! а. ‒ ��то?? * смеется* э. ‒ ты реально не чуешь этого?? у тебя все нормально с носом?
э. ‒ нест, ты знаешь, что я приму тебя любой и если вдруг тебе нравится еда с запахов немытых носков, то я поддержу тебя, просто мой рот и руки перед тем, как мы будем общаться!
2 notes
·
View notes
Text
Ба ҷойи табрикоти Рӯзи Модар...
Модар бо будан ва ҳастиаш маънии зиндагӣ аст. Инро ҳамоне беҳтар дарк мекунад, ки модар дар канораш нест ва метавонад ҳастӣ ва мавҷудияти худашро дар ҳошияи ин ду ҳолат – яъне, будан ва набудани модар, муқоиса кунад. Дар ин ду ҳолат чашмҳо чизҳо ва рангу суратҳои тамоман дигарро мебинанд. Агар бо буданаш хона зебову пур буд, имрӯз бе ӯ хонаҳо бо будани ҳама холӣ ва сард аст. Агар бо буданаш…

View On WordPress
0 notes
Text
#artists on tumblr#batman#bucktommy#captain curly#cats of tumblr#dan and phil#anya mouthwashing#911 abc#agatha all along#agatha harkness
0 notes
Text
4
רייזעלס ביאגראפיע
Рейзелс бьяграфіє
Розка народилася маленька
ראָזקאַ איז געבוירן קלייןא
Розка із гебjорен кляйн
Ледь могла дотягнутися носом до садової ромашки, коли пішла в перший клас школи
זי האָט קוים געקענט אָנרירן איר באָבעס מאַרגעריטקע בלום מיט דער נאָז ווען זי איז געווען אין דער ערשטער קלאַס פון שולע
Зі гот койм ґекент анхігн іх бобес маґерітке блум міт дер нуз вен зі із ґевен ін дер ехште кляс фун шуле
Дідо ловив для Розки раків. Розка виросла невеличка, але розумна.
דער זײדע האט געכאפט קרעפעס פאר ראזקע. ראָזקאַ איז אויפֿגעוואַקסן קליין, אָבער קלוג.
Дер зейде хат гекафт крефес фар Розке. Ді мейделе ґеваксн кляйн, обер клуг
Райзел літала по двору, як вітер. Бабуся сказала, що Розка – пташечка.
ראיזעל איז ארומגעפלויגן אויפן הויף װי דער װינט. די באָבע האָט געזאָגט, אַז ראָזקאַ איז אַ פויגל.
Рейзеле із ахумгефлуйген айофн гойф ві дер вінт. Ді бобе хот ґезохт аз Розка із а фойгел.
Пташечка взлетіла, гніздечко загорілось
דאָס פֿיגעלע איז אַװעקגעפֿלױגן, דאָס נעסט האָט זיך אָנגעצונדן
Дос фігеле із авеґефлойґн, дос нест гот зіг онґестунден
Ніхто не знає, коли вогонь перестане
קיינער ווייסט נישט ווען דאס פייער וועט זיך אפשטעלן
Кейнер вест нішт вен дас фейер вет зіх афштелен
0 notes
Text
youtube
Сураи Ихлос Ayah: 1 قُلۡ هُوَ ٱللَّهُ أَحَدٌ 1. Бигӯ эй Расул: «Ӯст Аллоҳи якто, дар улуҳият, рубубият ва асмо ва сифот ва касе Ӯро шарик шуда наметавонад. Arabic explanations of the Qur’an: Ayah: 2 ٱللَّهُ ٱلصَّمَدُ 2. Аллоҳе, ки бениёз, сарвар, воло ва бароварандаи умедҳо аст,[3123] [3123] Аллоҳе, ки муҳтоҷ ба ҳеҷ чиз нест Ayah: 3 لَمۡ يَلِدۡ وَلَمۡ يُولَدۡ 3. на зоида аст ва на зоида шудааст[3124] [3124] Ва ба ҳамсар ва фарзанд эҳтиёҷе надорад. Ayah: 4 وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ كُفُوًا أَحَدُۢ 4. ва на ҳеҷ кас ҳамтои Ӯст!» дар халқ ва афъол ва номҳо ва сифатҳояш. ---- Assalamualikum Warahmatullahe Wabarakatuhu, Peace be upon you JajakAllahu khairan (Thanks to Allah) to view our videos. Digital Bangla Hadith Team- DBHT established 2008 in Bangladesh. We were emphasize to developed Hadith software in 3 (Three) language which was Arabic, Bengali & English.. It is noteworthy that no matter how accurate any translation of the meanings of the Qur’an may be, it will still fall short in conveying the transcendent meanings of the miraculous Qur’anic text, and that the meanings conveyed by this translation is only the product reached by the extent of the team’s knowledge in understanding this Sacred Book. Hence, this translation cannot be error-free, as is the case with any human endeavor. Should you have any remarks or recommendations concerning the translation, please do not hesitate to write in the comment box next to each verse on the website, or send us an email via contact address in website Allah says- ﴿سَنُرِيهِمْ آيَاتِنَا فِي الْآفَاقِ وَفِي أَنفُسِهِمْ حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُ الْحَقُّ ۗ أَوَلَمْ يَكْفِ بِرَبِّكَ أَنَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدٌ﴾ [ فصلت: 53] English - Sahih International We will show them Our signs in the horizons and within themselves until it becomes clear to them that it is the truth. But is it not sufficient concerning your Lord that He is, over all things, a Witness? We are trying best to propagate the clear sign of Quran to every possible language of the world. Though it’s really hard to find related video/image specific Quranic verse but we are trying best to produce best performance. Reciter- Abdul Aziz Al Turkey If you consider for support/donation contact us free in official website- www.hadithsoftware.net [email protected] Mob-01870268226 (whatsApp) Al Ikhlas-الْإِخْلَاص-Қуръон забони-Quran translation in Tajik language-Quran in Various Language Al Quran in verious translation,beautiful quran recitation,Al quran in many language,soothing,healing frequency,positivity,peaceful,Quran healing,quran in worlds language,Quran translations,listen quran,Al quran in various language,quran translation in Tajik language,read Tajik translation of Quran,Tajik language & quran,quran recitation in Tajik translation,الْإِخْلَاص,Tajik in islam,Қуръон забони,Қуръон,quran burned,al ikhlas,Tajakistan,Сураи Ихлос
#Al Quran in verious translation#beautiful quran recitation#Al quran in many language#soothing#healing frequency#positivity#peaceful#Quran healing#quran in worlds language#Quran translations#listen quran#Al quran in various language#quran translation in Tajik language#read Tajik translation of Quran#Tajik language & quran#quran recitation in Tajik translation#الْإِخْلَاص#Tajik in islam#Қуръон забони#Қуръон#quran burned#al ikhlas#Tajakistan#Сураи Ихлос#Youtube
0 notes
Text
Муҳоҷир мегӯяд, ки Фаронса барои фарзандонаш пул медиҳад ва ӯ маҷбур нест, ки ҳар моҳ 3000 евро кор кунад. + зан аз ҳафтуми худ ҳомиладор аст. Хуб, чизе монанди ин. Ман ба Фаронса инт��хоботи хушбахтона орзумандам!
0 notes
Text
Ҷанги занҳои муҳоҷир дар метрои Маскав. Видео
“Бачат тарсид, Рухшона” – танҳо ҳамин ҷумларо фаҳмидан мумкин аст, дигар суханҳояшон умуман нофаҳмо ва аниқ маълум нест, ки бо кадом забон байни ҳам меҷанганд. Дар наворе, ки ба мо равон карданд дида мешавад, ки чигуна 3 зани муҳоҷир бо як кӯдаке дар аробачаи кӯдакона дар дохили метрои шаҳри Маскав сараввал бо ҳам сӯҳбат доранду ва пасон байни ду нафари онҳо муноқиша рӯх медиҳад. Яке аз занҳо…

View On WordPress
0 notes
Text
📙 Вторая правда ✍🏻 Кендра Эллиот 🎯 Полицейский детектив, Триллер, Детективы
📋 Аннота��ия Воспитанная семьей выживальщиков, агент ФБР Мерси Килпатрик может принять любой вызов – даже враждебный прием родни и знакомых после возвращения домой. Но она – не единственная причина волнений в Иглс-Нест. Серия поджогов, сперва воспринятая властями как подростковые шалости, обернулась убийством двух шерифов. Мерси и шеф полиции Трумэн Дейли полны решимости найти поджигателя-убийцу. Но когда расследование раскроет шокирующую тайну городка выживальщиков, охотник и жертва поменяются местами…
#книголюбы#книги#пост на русском#заметки из книг#книжный блог#книжнаяполка#книга#русские блоги#по русски#из книги
0 notes
Text
Наврӯзи шеъру шоирӣ

Наврӯзи шеъру шоирӣ
Дар дилам файзи баҳорон буду ҳаст, Ибрате аз рўзгорон буду ҳаст. Аслу насли одамӣ аз хок нест! Шўълаи Хуршеди тобон буду ҳаст. Ақли оламгири мо сеҳри ҳалол! Шўълае андар шабистон буду ҳаст. Ин ҳама ҳангомаҳои одамӣ, Гоҳ зоҳир гоҳ пинҳон буду ҳаст. Кашфи асрори ҳаёти ҷовидон, Орзуи ҷумла инсон буду ҳаст. Ин диле к-аз оташи тар беш нест! Шўълазор аз ишқи ҷонон буду ҳаст. Шод бош, эй мулки шеъру шоирӣ, Чун мақомат авҷи Кайҳон буду ҳаст! Соҳили руди Зарафшон мактабам, Минбарам Кўҳи Бадахшон буду ҳаст!
1 note
·
View note
Text
"Се сафедор дар рӯймоли сурх". Ё қатли гулдухтарони ғармӣ
sulayman.qanuni
Замони ёдоварӣ аз омӯзгороне расида, ки ба дасти каллабурҳои Фузайл Махсум афтоданд. Нашр��яи «Комсомоли Тоҷикистон» дар пайравӣ аз як романи Чингиз Айтматов онҳоро «се сафедор дар рӯймоли сурх» номидааст.
Ин се нафар Сайрамбӣ Абдуллоева, Маълумбӣ Қосимова ва Оламбӣ Гадоева ном доштанд. Ҳамроҳи онҳо раиси ҷамоат Чиллабибӣ Ҳакимова низ боздошт шуда буд. Ин бонувони ҷавон тақрибан 20 сол доштанд. Онҳо пеш аз донишҷӯйи Шӯравӣ шудан хати форсиро, ки то соли 1928 дар Тоҷикистон истифода мешуд, хонда ва навишта метавонистанд. Ҳамчунин асосҳои дониши диниро омӯхта буданд. Онҳо тақдири гуногун, вале мушкили ба ҳам монанд доштанд.
Чиллабибӣ, духтари Ҳакими заргар ба як тоҷири афғон бо номи Асадулло, ки аз ӯ 20 сол калон буд, ба шавҳар баромада буд. Афғон ба Ҳаким, ки соҳиби серфарзанд буд, маҳри калон дода, хонаводаи занашро нигоҳубин мекард ва Чиллабибиро наранҷонда, ҳатто ба тасмими омӯзгор шудани ҳамсараш мухолифат накардааст. Ӯ бо тиҷорати фаромарзӣ машғул буд ва ба Афғонистон мерафту меомад. Дар ҷараёни яке аз ин сафарҳо ғоратгарон ба корвони савдогарон ҳамла карда, Асадулло дигар ба назди ҳамсари ҳомилааш, ки он замон раиси ҷамоат буд, барнагашт.
Духтари дигарӣ Оламбӣ низ тақдири душворе дошт. Ӯ падарашро дар ёд надошт ва модарашро зуд аз даст дод. Баъди модар хоҳараш ҳам фавтид. Кӯдаки 12-соларо шавҳари хоҳари фавтидааш ба занӣ гирифт ва духтар ҳамеша аз ӯ пинҳон мешуд. Ба гуфтаи ҳамдеҳагон, ҳамаи 105 ин бонуҳо зебо буданд, вале Сайрамбӣ ҳусни фавқулодае дошт. Дар ин бора рӯзноманигор Диловари Мирзо навиштааст (Гулҳои камари кӯҳ. Садои мардум, нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Се бонуи кӯҳистонӣ баъд аз поёни курси яксолаи омӯзгорӣ дар Ғарм ба зодгоҳи худ баргаштанд, то дар мактаби ҳафтсолаи деҳаи Ҳисорак, ки соли 1925 боз шуда буд, ба кӯдакон дарс диҳанд. Кӯдакон дар ин мактаб якҷоя, яъне духтарону писарон дар як синф, дарс мехонданд.
Дар мактаб барои калонсолони зану мард ҳам курсҳои саводомӯзӣ ташкил шуда буд.
Ба ҷуз аз се омӯзгор ва раиси ҷамоат Чиллабибӣ Ҳакимова, қаҳрамони панҷуми мо, Файзиннисо Шоҳназарова, духтари Шоҳназари човандоз ва куштигиру бузкаши машҳур ҳам ҳаст. Ӯ ҳамагӣ 18 сол дошта, ба омӯзгорони деҳа мадад мекард ва барои ба курси омӯзгорӣ рафтан ба Ғарм дар тирамоҳи он сол омодагӣ медид.
Босмачиҳо Файзиннисоро рӯзи 21-уми апрели он сол дар деҳаи Тахт дастгир карда, барои қатл бояд ба Ҳоит мебурданд, аммо духтари ҷасури паҳлавон дар роҳ, дар болои пули рӯди «Оби Кабуд» худро аз асп ба об партофт. Ӯ шино карда, ба берун аз деҳаи Ҳоит, дар ҷое, ки «Оби Кабуд» ба рӯди «Сурхоб» мерезад, ба соҳил баромада, ғайб мезанад.
Он замон босмачиҳо Оламбӣ, Маълумбӣ, Сайрамбӣ ва Чиллабибиро боздошт карда, ба Қалъаи Ҳоит, ки онҷо одамони зиёд ҷамъ шуда буданд, мебурданд. Фузайл барои ҷомаи «қонунӣ» бахшидан назари эшону муллои маҳаллиро дар робита ба эъдоми бонувон тариқи ба доровезӣ мепурсад, ва онҳо зуд розигии худро баён карданд.
Файзиннисоро бо гумони он ки дар дарё ғарқ шудааст, дигар намекобанд. Чиллабибӣ Ҳакимоваро, ки он замон ҳомила буд, огоҳии қатъӣ медиҳанд, то аз хидмати ҳокимияти «кофирон» даст кашад.
Босмачиҳо пеш аз қатл мехостанд чашмони духтаронро бибанданд, аммо Маълумбӣ ба ин иҷозат надода, мегӯяд, онҳо дузд ё хоин нестанд, ки аз кардаашон шарм доранд.
Файзиннисо ва Чиллабибӣ умри дароз диданд.
Қатли омӯзгор.
Фузайл Махсум ҳамроҳи духтарон мудири шуъбаи маорифи Ҳоит Каримҷон Хусейнзода, бародари адабиётшиноси маъруф Шарифҷон Ҳусейнзодаро ба қатл расондааст. Омӯзгори 28-сола, ки аз Конибодом ҳамчун мудири шуъбаи маориф ба Қаротегин фиристода шуда буд, вақте гурӯҳи Фузайл наздик мешавад, ба Ғарму Душанбе бо изтироб менависад, ки ба ҷуз аз омӯзгорони худ ба каси дигар бовар надорад ва кумаки мусаллаҳона талаб мекунад.
Ба ӯ кӯтоҳ ҷавоб медиҳанд, ки аслиҳа нест, сарбоз нест, нигоҳ доред ва ташвиқ к��нед. Вақте гурӯҳ ҳуҷум кард, Каримҷон дар кӯҳсор ғайб зад, вале аз аҳолӣ касе хиёнат накард. Ӯро аз 21 то 27-уми апрел дар ҳабс нигаҳ дошта, сипас ба қатл расонданд. Ба гуфтаи маҳбусон, Каримҷон Ҳусейнзода худро «хеле устувор нигаҳ дошта, маргро мар-донавор қабул кардааст».
Духтаронро бо амри Фузайл дафн карданд. Маросим тибқи урфу одати мусалмонӣ набуд. Бо онҳо ҳамчун бедин муносибат карданд.
Ҷасадҳоро дар як қуттӣ партофта, дар канори деҳа ҷудо аз қабристони умумӣ ба хок супурданд.
Бо гузашти бист сол, вақте соли 1949 дар Ҳоит заминларзаи сахт сурат гирифт, офати табиӣ ба таври муъҷизавор қабрҳоро нобуд насохт. Баъди заминларза, дар наздикии Ҳоити таърихии зерихокмон��а деҳаи Ҳоити 2 бунёд карда шуд. Ҷасади духтаронро соли 1967 ба ҳудуди мактаби миёнаи ба номи Каримҷон Ҳусейнзода дар Ҳоити нав интиқол дода, онҷо муҷассамаи ёдгориеро бо ситораи сурх ва лавҳаи номҳо гузоштанд.
Баъдан (санаи дақиқ барои муаллиф маълум нест, вале тахминан панҷ сол пеш аст) вақте мактабро васеъ карданд, муҷассама дубора ба ҷойи дигар интиқол дода шуд. Ҳамдеҳагони духтарон боқимондаи ҷасадҳоро дубора кафан карда, дар қуттии нав гузоштаву дар болои қабр як муҷассамаи хоксоронатареро бо ситораи панҷгӯша монданд, вале бидуни лавҳаи номи онҳо. Каримҷон Ҳусейнзодаро ба фарқ аз духтарон дар рустои Полезаки ноҳияи Тоҷикобод, дар паҳлуи қабри диншиноси маъруф Мавлоно Нозим бо ифтихор ба хок супурданд.
Рӯзноманигор Диловари Мирзо ва таърихшинос Абдулло Ғафуров пажӯҳишҳои худро ба қисмати фоҷиавии таърихи тоҷикон бахшидаанд, ки ба эъдоми омӯзгорон марбут аст. Образи умумии аввалин муаллимонеро, ки аз тарафи мутаассибони динӣ таъқиб шуда буданд, шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода соли 1954 дар достони худ «Ҳасани Аробакаш» офаридааст. Зайнаби ӯ дар иҷрои ҳунарманди хушном Мукаррама Камолова дар филми «Ҳасани Ароба-каш»-и Борис Кимиёгаров маъруф аст, ки соли 1965 ба навор гирифта шудааст. Зайнаб дар хотираи тоҷикон бо осебпазирӣ, вале беҳамтоии «сафедор дар руймоли сурх» мемонад.
Нақши бонувон дар таърих ва дин.
Албатта, сарнавишти се зани кӯҳистонӣ, ки 95 сол пеш ба дор овехта шудаанд, ҳатто дар байни онҳое ҳам, ки имрӯз аз ҷунбиши босмачиён ва Фузайл Максум ҷонибдорӣ мекунанд, эҳсоси нороҳатиро ба вуҷуд меорад.
Ҳарчанд таърихнигорон, рӯзноманигорон ва адибон ба ин ҳодисаи ҷанги шаҳрвандӣ баҳо додаанд, дар умум имрӯз дар Тоҷикистон касе аз ин се омӯзгор ёд намекунад. Ба номи онҳо на муҷассама гузошта шудааст, на мактаб ва на кӯчае номгузорӣ гаштааст. Чаро? Шояд барои он ки суннати таърихии тоҷикон ҳамеша мардро дар маркази рӯй-додҳо қарор додааст ва сабаб нобаробарии гендерист? Занон дар миёни пешвоёни ҷомеаи мусулмонӣ набуданд ва нахоҳанд буд. Онҳоро роҳ намедиҳанд, зеро шахсияти мардон нисбат ба занон муҳимтар дониста мешавад. Дар зимн, замоне ки таърихи тоҷикон гардишҳои фоҷеабореро пеш мегирад ва шоҳиди хунрезӣ мешавад, қурбонии асосӣ заифтарин қишри ҷомеа - занҳо мешаванд. Саргузашти «сафедорҳои тоҷикӣ дар рӯймоли сурх» ва ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандии ахир далели ин гуфтаҳоянд.
Дар ҷомеаи мусулмонӣ ҳар касе, ки ба қудрат мерасад, нахуст тавассути ташкили назорат бар занон талош ме��унад, то мавқеи худро устувор созад. Қадами аввалини «бек»-и худхонда Фузайл Махсум ҳам ба қатли оммавӣ ҳамчун эътироз ба қабули занон дар соҳаи ма-ориф ва тадриси якҷояи намояндагони ҳар ду ҷинс бесабаб набуд.
Гурӯҳи «Толибон» дар Афғонистон низ ҳамин гуна рафтор карданд ва ҳоло ҳам мекунанд. Дар дин ва маориф, мардон нақши мураббӣ ва омӯзгорро инҳисор (монополия) кардаанд. Ин нобаробарии ҷинсӣ на танҳо дар Ислом, балки дар Масеҳият низ мушоҳида мешавад. Занон аз имкони ворид кардани таҷриба ва нуқтаи назари худ ба ташаккули фарҳанги расмии динӣ маҳруманд. Занон бояд чи гуна либос пӯшанд, чи гуна рафтор кунанд, барои онҳо чи иҷозат аст ва чи не, бидуни иштироки онҳо муайян карда мешавад.
Эроди дигар дар бораи воқеаҳои фоҷиавии охирҳои баҳори соли 1929 дар Қаротегин. Боис ба таассуф аст, ки касе аз наслҳои минбаъдаи ҳамватанони қаҳрамонони очерки мо ҷуръат накард, ки маросими дафни ҷасади онҳоро дуруст анҷом диҳад. Дар сари тобути мусалмонон ҳамеша барои оромиши рӯҳ дуо хонда мешавад, аммо ҷасади он духтарон имрӯз мунтазири интиқол ба қабристон ва анҷоми расму ойинҳои зарурӣ ҳастанд.
Камолуддин Абдуллоев 15-уми июли соли 2024.


2 notes
·
View notes
Link
ПИСТАИ БЕМАҒЗ АГАР ЛАБ ВО КУНАД…
Ё посухе ба Мирзои Салимпур
Дӯстам Мирзои Салимпур! Аслан, навиштанро он қадар дӯст намедорам зеро вазифаи ман нест, вале навиштаҳоятро дар робита бо филми «Хиёнат» хондаму кунҷковии касбиам боло гирифт. Дар он бисёр нуқтаҳои ҷолиберо дарёфтам. Ва тасмим гирифтам ба худат муроҷиат кунам.
Барои мо равоншиносон матраҳ аст, ки дар лаҳзаҳои истисноӣ, таҳти таассуроти воқеа ё рӯйдоди мушаххас, инсон ғайриихтиёр баъзе паҳлуҳои хислат, рӯҳия ва мушкилиҳои равонии хешро барои атрофиён фош месозад, ки дар дигар лаҳзаҳои ҳаётӣ метавонист онҳоро пинҳон дорад. Ин омил боис шудааст, ки ту таҳти таассуроти сахте аз зарбаи нишонрас, саросемавор ба ҳимояи худ шитофтаӣ. Талош баҳри сафед кардани хеш, туро ҷониби иштибоҳи сахте бурдааст, зеро бидуни дарки ҳиссиёти лаҳзаина ҷавҳари аслии рӯҳӣ-равонии худу ҳамфикронатро ифшо кардаӣ:
1. Ин далели аз ҳама асосист ва таҳрикдиҳанда ба иншои навиштаҳоят. Ту қойил шудаӣ, ки бародарат Илҳом Салимов «аз нигоҳи равонӣ нуқс дорад, ва ҳар коре фармоянд мекунад». Бемор (патсиент)-и мо Илҳом Салимов нест, мо бо ӯ кор надорем. Худат таъкид мекунӣ, ки бародарат мушкилоти равонӣ дорад. Вале шояд надонӣ, ки аз назари тиббӣ-равонӣ, агар дар хонадон як нафар гирифтори ин беморӣ бошад, пас дигар аъзои оила низ наметавонанд аз он орӣ бошанд.
Дар ин маврид, худу бародарат дар оила танҳо нестед. Худат шаҳодат медиҳӣ, ки маризӣ дар хонадонатон ирсист. Рӯ меорем ба навиштаат: «Бобои ман раиси колхоз ва Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ буд. Падари ман солҳо раиси совхоз ва муовини аввали раиси ноҳияи Ҳисор буд. Ҳарду дар ободонии он диёр саҳми беназир доранд. Он қадар сохтанду обод карданд, ки… Падари ман номашро барои он иваз кард, ки намехост ҳамноми Сангак Сафаров бошад…». Оё инсони саломат метавонад номи бо ҳазор заҳмат шуҳратёр кардаашро ба хотири каси дигар иваз кунад? Не! Яқинан чунин инсон мариз аст. Нуқси равонӣ дорад. Девона аст. Чунки бо иваз кардани ном ӯ гузаштаи худро – «раиси совхоз, муовини аввал, саҳми худро дар ободонию ғайра» хати батлон кашидааст. Барои чӣ?
Барои он, ки дар лаҳзаҳои пирӣ, зери таъсири андешаю ақидаҳои хурофотиву ифротие қарор гирифт, ки ҷаҳолату босмачигариро мепарастанд. Агар мағз солим мебуд, душмани донишу мактабу маърифат, Фузайлмахсуми босмачӣ ва қотили муаллимаҳои Рашт васф намешуд, ки: «касест, дар вақташ мардона барои озодии Ватанаш аз юғи русҳо мубориза бурд». Кадом юғ? «Юғе», ки бобоятро Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ ва падаратро то ба муовинии раиси ноҳия расонид? Ҳаққо, ки «мағз агар тира шавад, ҷаҳл бар ӯ чира шавад».
Бобоят қаҳрамон, падарат коммунист, худи ту Салимпур босмачӣ! Аҷаб! Магар Фузайлмахсум барои барқарор кардани тахти амирони манғитӣ тоҷиккушӣ надошт? Чун об рӯшан аст, ки босмачиҳои баччабоз агар ғолиб мебаромаданд, Тоҷикистон имрӯз намебуд. Бобои қаҳрамону падари раисат намебуданд, худат намебудӣ. Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуровро варақ зан! Ё аз онҳо бештар медонӣ? Магар симои ҳақиқии босмачиҳоро касе аз онҳо беҳтар кушодааст?
2. Салимпур, ту дар ин навишта ифшо сохтаӣ, ки дар палатаи беморони рӯҳӣ танҳо нестӣ. Менависӣ, ки: «Чанд сол пеш, ёдамон ҳаст, ки як бародари мушкили равонӣ доштаи Муҳиддин Кабириро ба зиддаш истифода бурда, ҳатто мусоҳибаашро дар матбуот нашр карданд».
Ҳай боракалло! Қасам мехӯрам, ки намедонистам дар авлоди Кабирӣ низ бемории рӯҳӣ реша доштааст. Яъне ин оила низ аз нигоҳи ирсӣ кафолат надорад, ки ҷунун ё девонагӣ ба дигар узвҳои он, аз ҷумла, худи Кабирӣ бетаъсир мондааст.
3. Девонагии Шарофиддин Гадоев, дигар ҳамдасту ҳамақидаи туву Кабириро натанҳо дар Тоҷикистон, ҳатто дар Аврупо ҳам медонанд, ки ҳоҷат ба шарҳаш нест.
4. Дар ин рӯйхат агар шарики собиқи ин гурӯҳ, марҳум Умаралӣ Қувватовро, ки чандин дафъа дар беморхонаи рӯҳӣ муолиҷа шуда буд, зам кунем, ба кадом натиҷа мерасем? Натиҷа якест: эй вой бар гурӯҳаки ба ном мухолиф. Дилам ба миллати тоҷик месӯзад, ки имрӯз дар Аврупо чанд ҷунунзадае ҳамроҳ бо ду майзадаю як нашъаманд онро муаррифӣ карданӣ мешаванд.
5. Салимпур, ростӣ ба ту раҳмам меояд. Хафа нашав, аз ман малол мабош. Лекин худро журналисти шинохта тарошӣ ҳам, дарк накардаӣ, ки ин филм муқобили туву дигар бечораҳои аз нигоҳи равонӣ маризу ҳамдастат нест. Магар як давлат бо ду-се девона сар ба сар мешавад? Барои ин филмбардорон туву Кабирӣ кӣ ҳастед? Ҳеҷ кас! Шумо як бечора, бозичаед дар дасти дигарон. Ва ин филм маҳз ба онҳо нигаронида шудааст, ба кишварҳои бузурге, ки шуморо лӯхтак кардаанд. Ва мехоҳанд Тоҷикистони мустақили моро туъмаи манфиатҳои худ созанд. Ором бош! Дар ин майдон туву кабириҳоят ба мӯрчае баробаред, ки аз ду-се метр он тарафтар ба назар намерасад. Бо мӯрчаҳо касеро кор нест.
6. Филмбардорон, хоҳ аз «Тоҷикфилм»-анд хоҳ аз ҷойи дигар, онҳо кори худ, вазифаи худро иҷро кардаанд.
Вале ман аз дигар ҷиҳат ҳайронам. Дар як филми сесоата ту танҳо он лаҳзаеро мебинӣ, ки кирдорҳои худат ифшо шудааст. Аммо чаро дар бораи он ҳақиқате, ки собиқ аъзоёни сатҳи роҳбарии ташкилоти террористии ҲНИ Айёмиддин Сатторов, Эшони Қиёмиддин, Зарафо Раҳмонӣ ва даҳҳо шоҳидони воқеии дигар нисбат ба кирдору ҷиноятҳои наҳзат мегӯянд, хомӯшӣ ихтиёр кардӣ? Чаро он қатлу ваҳшигариҳо, ба ҷои шир макидани хуни модари тавассути қотилони наҳзатӣ кушташударо аз тарафи тифлаки маъсум намебинию наменависӣ?
7. Салимпур, маълум, ки дар синну сол аз ман хурдӣ ё калон, вале дар фаҳмиш заиф ҳастӣ. Ин филмро ман аз се канали Тоҷикистон, бо фосила, пай дар пай тамошо кардам. Бори дигар ба ту хотиррасон карданиам, малол нашав, асабонӣ набош, фоида надорад. Гаштаву баргашта ба ту мегӯям: ин филм ба туву Кабириву Гадову Сақо рабти ҷиддӣ надорад. Ба шахсияти ту додарат, фарзанди падарат ҷавоб додааст, ба Кабирӣ ҷанозаи модарашу беморхонаи сироятиву ҳазор далели дигар. Бас аст. Дар ин дунё ману туро дигар кӣ беҳтару хубтар медонад. Рӯканиву мӯканиҳоят суд намебахшанд. Об аз сар гузашт.
Мантиқи филм – марбут ба мавзӯи фурухтани Ватани аҷдодӣ аст. Мавзӯи филм фош кардани раванди иртиҷоии байналмилалие аст, ки намехоҳад ТОҶИК, ТОҶИКИСТОН вуҷуд дошта бошад. Оне, ки ту худро рӯзноманигори озод мегӯӣ, оне, ки тавре додарат мегӯяд, ки фарзандони ту забони модариашонро намедонанд, худат тасдиқ мекунӣ, ки авлоди ту ва авлоди Кабирӣ воқеан касали рӯҳӣ доред, шояд воқеият дошта бошад. Авлоди Гадоев Шарофиддин бошад, ба тарзи ҳуҷҷатӣ бемори рӯҳӣ мебошанд. Рӯҳ чӣ ҳаст? Рӯҳ амали инсон аст. Бо таъкид иброз медорам, инҳо муҳим нестанд. Ин гапҳо дар филм нест. Худатон иқрор шудед ва ин сирри тиббии оилавиатонро акнун дар тамоми дунё ифшо кардед. Ман чизи дигарро гуфтаниам, шумо дар Тоҷикистон, дар Ватанатон камбудӣ мекобед. Дидед, дар як оилаҳои худатон чӣ қадар камбудӣ ҳаст. Ҷомеа ҳам ҳамин аст, додар.
Шумову кабириҳову кузовҳову садриддиновҳову истаравшаниҳо чанд овҳои дигар як боди фалак, як хаси таги дег, як қалами шикаста, як оҳи бефоидаи бадномии авлодатон ҳастед. Каси дигаре нестед. Додаратон шумоҳоро дуруст баҳо додааст. Ин танҳо хислатномаи ту нест. Ин хислатномаи Кабириву ҳамаи шумо аст. Аз таҳлилу таърихдониву хулосабарориву шеваи гуфтору ҷумлабандиву рафторатон маълум аст. Ин айби шумо ҳам нест. Шуморо кофтанд, ёфтанд, интихоб карданд. Ба шумоҳо луқма мепартоянд, шумо давидаву парида онро мечаред, тавре худатон фармудед, 15-20-то гӯё мақола менависед. Навиштан бигиред. Навиштан гиред. Лекин заминеро, ки дар он модар шуморо таваллуд кардааст, фаромӯш накунед. Замине, ки падаратонро дар оғӯшаш гирифтааст, фаромӯш накунед. Ин Замин ҳам интизори шумоҳо аст...
Ман намехостам шуморо малол кунам. Аммо чӣ илоҷ? Воқеияти зиндагӣ ҳамин аст.
Шарипов Нуралӣ Абдуллоевич,
директори Маркази бемориҳои рӯҳии
Вазорати тандурустии Тоҷикистон
1 note
·
View note
Text
Ду даҳан гап барои доктор Бахтибек
Ҳеҷ кас ба андозаи фарзанди падар азизу қарину наздикат нест. Махсусан, ба андозаи як хоҳар ва махсусан чени як додар. Ҳоло аз муҳаббатҳои самимӣ ба гумонам ҳамоне боқӣ мондааст, ки дар қалбу хайёлу дар вуҷуди фарзандони банангу номӯси падар аст. Ман аз додаронам ин қадар муҳаббату ихлосу самимияту ғамхориро дидаму эҳсос кардам, ки ҳатто баъзан фикр мекунам, акаи калон неву додари кенҷаашон…

View On WordPress
#Бахтибек Ҷалилов#Файзобод#бародар#додар#доктор Бахтибек#донишгоҳи Тиббӣ#духтур#духтури кӯдакон#оча#табобат
0 notes
Text
#artists on tumblr#batman#bucktommy#captain curly#cats of tumblr#dan and phil#anya mouthwashing#agatha all along#agatha harkness#911 abc
0 notes
Text
Verbs:
work - работать [rɐˈbotətʲ]
play - играть [ɪˈɡratʲ]
walk - ходить [xɐˈdʲitʲ]
run - бегать [ˈbʲeɡətʲ]
drive - ездить [ˈjezʲdʲɪtʲ]
fly - летать [lʲɪˈtatʲ]
swim - плыть [pɫɨtʲ]
go - идти [ɪˈtʲːi]
stop - остановить [ɐstənɐˈvʲitʲ]
follow - следовать [ˈslʲedəvətʲ]
think - думать [ˈdumətʲ]
speak - говорить [ɡəvɐˈrʲitʲ]
say - сказать [skɐˈzatʲ]
eat - есть [jesʲtʲ]/ кушать [ˈkuʂətʲ]
drink - пить [pʲitʲ]
kill - убить [ʊˈbʲitʲ]
die - умирать [ʊmʲɪˈratʲ]
smile - улыбаться [ʊɫɨˈbat͡sːə]
laugh - смеяться [smʲɪˈjat͡sːə]
cry - плакать [ˈpɫakətʲ]
buy - покупать [pəkʊˈpatʲ]
pay - платить [pɫɐˈtʲitʲ]
sell - продавать [prədɐˈvatʲ]
shoot {a gun} - стрелять [strʲɪˈlʲætʲ]
learn - учиться [ʊˈt͡ɕit͡sːə]
jump - прыгать [ˈprɨɡətʲ]
smell - чуять [ˈt͡ɕʉ(ɪ̯)ɪtʲ]
hear - слышать [ˈsɫɨʂətʲ]
listen - слушать [ˈsɫuʂətʲ]
taste - пробовать на вкус [ˈprobəvətʲ nɐ‿ˈfkus]/ вкушать
touch - трогать [ˈtroɡətʲ]/ касаться [kɐˈsat͡sːə]
see {a bird} - видеть [ˈvʲidʲɪtʲ]
watch {TV} - смотреть [smɐˈtrʲetʲ]
kiss - целовать [t͡sɨɫɐˈvatʲ]
burn - гореть [ɡɐˈrʲetʲ]
melt - плавить [ˈpɫɑvʲɪtʲ]
dig - копать [kɐˈpatʲ]
explode - взрывать [vzrɨˈvatʲ]
sit - сидеть [sʲɪˈdʲetʲ]
stand - стоять [stɐˈjætʲ]
love - любить [lʲʉˈbʲitʲ]/ обожать [ɐbɐˈʐatʲ]
pass by - проходить мимо [prəxɐˈdʲitʲ ˈmʲimə]
cut - резать [ˈrʲezətʲ]
fight - драться [ˈdrat͡sːə]
lie down - лежать [lʲɪˈʐatʲ]/ прилечь [prʲɪˈlʲet͡ɕ]
dance - танцевать [tənt͡sɨˈvatʲ]
sleep - спать [spatʲ]
wake up - просыпаться [prɐˈsɨpət͡sə]
sing - петь [pʲetʲ]
count - считать [ɕːɪˈtatʲ]
marry - жениться [ʐɨˈnʲit͡sːə] {to a woman}/ выходить замуж [ˈvɨxədʲɪtʲ ˈzamʊʂ] {to a man}
pray - молиться [mɐˈlʲit͡sːə]
win - победить [pəbʲɪˈdʲitʲ]
lose - проиграть [prəɪˈɡratʲ]
mix/stir - смешивать [ˈsmʲeʂɨvətʲ]
bend - сгибать [zɡʲɪˈbatʲ]
wash - мыть [mɨtʲ]
cook - готовить еду [ɡɐˈtovʲɪtʲ ɪ̯ɪˈdu]
open - открыть [ɐtˈkrɨtʲ]
close - закрыть [zɐˈkrɨtʲ]
write - писать [pʲɪˈsatʲ]
call - звонить [zvɐˈnʲitʲ]
turn - поворачивать [pəvɐˈrat͡ɕɪvətʲ]
build - строить [ˈstroɪtʲ]
teach - учить [ʊˈt͡ɕitʲ]
grow - расти [rɐˈsʲtʲi]/ растить [rɐˈsʲtʲitʲ]
draw - рисовать [rʲɪsɐˈvatʲ]/ чертить [t͡ɕɪrˈtʲitʲ]
feed - кормить [kɐrˈmʲitʲ]
catch - ловить [ɫɐˈvʲitʲ]
throw - бросать [brɐˈsatʲ]
clean - чистить [ˈt͡ɕisʲtʲɪtʲ]
find - найти [nɐɪ̯ˈtʲi]
fall - упасть [ʊˈpasʲtʲ]
push - толкать [tɐɫˈkatʲ]
pull - тянуть [tʲɪˈnutʲ]
carry - нести [nʲɪˈsʲtʲi]
break - ломать [ɫɐˈmatʲ]
wear - носить [nɐˈsʲitʲ]
hang - вешать [ˈvʲeʂətʲ]
shake - трясти [trʲɪˈsʲtʲi]
sign - подписать [pətpʲɪˈsatʲ]
beat - бить [bʲitʲ]/ ударять [ʊdɐˈrʲætʲ]
lift - поднимать [pədʲnʲɪˈmatʲ]
other lists masterpost can be found here: x
42 notes
·
View notes