rustambek-ahmadzoda
rustambek-ahmadzoda
Рустамбек Аҳмадзода
187 posts
📹 Рӯзноманигор ✍ Шоир 📸 Аксбардор
Don't wanna be here? Send us removal request.
rustambek-ahmadzoda · 2 years ago
Photo
Tumblr media
..... Рафту ғазалам чашм ба роҳаш нигарон шуд, Дилшӯрии мо буд, дилороми ҷаҳон шуд. Дар аввали осойишамон сақф фурӯ рехт, Ҳангоми самар доданамон буд, хазон шуд. Захме ба гили кӯҳнаи мо кошт Худованд, Инҷо, ки расидем ҳамон захм даҳон шуд. Он гоҳ ҳамон захм, ҳамон кӯраи кӯчак, Шуд қуллаи як оҳ, масири фаварон шуд. Бо мо, ки намакгири ғазал буд чунин кард, Бо халқ надонем чиҳо карду чунон шуд. Мо ҳасрати дилтанагию танҳоии ишқем, Яъқуб писар дид, Зулайхо, ки ҷавон шуд. Як ҳофизи кӯҳна, ду-сето атр, гули сар Рафту ҳамаи дилхушиям ин чамадон шуд. Бо ҳаркӣ навиштем чиҳо кард, ба мо гуфт, Мисдоқи ҳамон, вой ба ҳоли дигарон шуд! Ҳамид Аскарӣ. 🔶️⭕️🔶️⭕️🔶️ https://www.instagram.com/p/CnukmLGI6BgJWcmLyosL6FE6nlLcXPDA3-wuRc0/?igshid=NGJjMDIxMWI=
0 notes
rustambek-ahmadzoda · 2 years ago
Photo
Tumblr media
Одамони танҳошуда чизе дигар барои аз даст додан надоранд. ..... Инҳо шабҳои сахтеро танҳо гузарониданд, таҳаммул карданд. .... Инҳо дурӯғ шуниданд дуруягӣ диданд вале дам назаданд. Дигар на саломе хушҳолашон мекунад на худоҳофизие нороҳат. На ин ки дил надошта бошан.! На ...дил доранд. Вале интихоб барояшон сахт мешавад. Охир суҳбат оиди эътимоди аз байн рафта аст. Танҳо ки шуди оҳиста оҳиста ошики худат мегардӣ. Барои худат зиндагӣ мекунӣ ва одамоне ки маънои ҳамоқатро намефаҳманд дурӣ мекунӣ. Худат танҳо бо худат, бале бад аст, аммо аз як ҷиҳат хуб аст. Танҳо ки бошӣ аз хиёнат дур хоҳӣ буд. Аз ҷудоӣ дард нахошӣ кашид. Ёдат наравад дустам. Худат барои худат муҳимтарин фарди зиндагии. (at Худжанд, Таджикистан) https://www.instagram.com/p/Cnn_1ZloeyE88RSIPedw-qum5wl5_uzuZBMnJg0/?igshid=NGJjMDIxMWI=
0 notes
rustambek-ahmadzoda · 2 years ago
Photo
Tumblr media
Очень трудно привыкнуть к отсутствию тех людей, которые раньше были частью твоей жизни. Тех с кем связаны самые лучшие воспоминания в твоей жизни. https://www.instagram.com/p/CnWXuglIcmXpAdgMDO4vurprbWg455q-z_6D980/?igshid=NGJjMDIxMWI=
0 notes
rustambek-ahmadzoda · 2 years ago
Photo
Tumblr media
Баъзеҳо дар замири инсони хуб будан, фақат худпарастиро мебинанд. #tajikistan #tajikistan🇹🇯 #dushanbe #dushanbecity #khujand #khujandcity #khujandofficial #khujand_info #айни #pendzhikent #panjakent #mascho #isfara #kulob #dangara #vahdat #norak #yavan #gisar #pomir #dushman #tojikonshow #tojikonholiday #пенджикент #панчакент https://www.instagram.com/p/Cm1G-9-oyksHMsBbDUI7TU7OIotIcEFuJWRElk0/?igshid=NGJjMDIxMWI=
0 notes
rustambek-ahmadzoda · 4 years ago
Photo
Tumblr media
❄#Шитоби_дил #Гуфтор ☘ 🌷 🌹 🥀 🌺 🌸 💐 🌿 🍀 #шитобидил #андешапораҳо #гуфторҳо #андарз #пандҳо #пандуандарз #гуфтор #чакидаҳо #shitobidil #shitobi_dil #шеър #байт #шоҳбайт #панд #ҳикоя
0 notes
rustambek-ahmadzoda · 4 years ago
Text
❄#Шитоби_дил #Гуфтор ☘ 🌷 🌹 🥀 🌺 🌸 💐 🌿 🍀 #шитобидил #андешапораҳо #гуфторҳо #андарз #пандҳо #пандуандарз #гуфтор #чакидаҳо #shitobidil #shitobi_dil #шеър #байт #шоҳбайт #панд #ҳикоя
0 notes
rustambek-ahmadzoda · 4 years ago
Photo
Tumblr media
Ҳар чи кунӣ, бикун, макун тарки ман ай нигори ман, Ҳар чи барӣ, бибар, мабар сангдилӣ ба кори ман. Ҳар чи ҳилӣ, биҳил, маҳил парда бар рӯйи чун қамар, Ҳар чи дарӣ, бидар, мадар пардаи эътибори ман. Ҳар чи кашӣ, бикаш, макаш бода ба базми муддаъӣ, Ҳар чи хурӣ, бихур, махур хуни ман ай нигори ман. Ҳар чи диҳӣ, бидеҳ, мадеҳ зулф ба бод эй санам, Ҳар чи ниҳӣ, бинеҳъ манеҳ пой ба раҳгузори ман. Ҳар чи кушӣ, бикуш, макуш сайди ҳарам, ки нест хуш, Ҳар чи шавӣ, бишав, машав ташна ба хуни зори ман. Ҳар чи бурӣ, бибур, мабур риштаи улфати маро, Ҳар чи канӣ, бикан, макан хонаи ихтиёри ман. Ҳар чи равӣ, бирав, марав роҳи хилофи дӯстӣ, Ҳар чи занӣ, бизан, мазан таъна ба рӯзгори ман. © ШУРИДАИ ШЕРОЗӢ ❄#Шитоби_дил #Шеър ☘ 🌷 🌹 🥀 🌺 🌸 💐 🌿 🍀 #шитобидил #андешапораҳо #гуфторҳо #андарз #пандҳо #пандуандарз #гуфтор #чакидаҳо #shitobidil #shitobi_dil #шеър #байт #шоҳбайт #панд #ҳикоя
0 notes
rustambek-ahmadzoda · 4 years ago
Photo
Tumblr media
❄#Шитоби_дил #Гуфтор ☘ 🌷 🌹 🥀 🌺 🌸 💐 🌿 🍀 #шитобидил #андешапораҳо #гуфторҳо #андарз #пандҳо #пандуандарз #гуфтор #чакидаҳо #shitobidil #shitobi_dil #шеър #байт #шоҳбайт #панд #ҳикоя
0 notes
rustambek-ahmadzoda · 4 years ago
Photo
Tumblr media
❄#Шитоби_дил #Шеър ☘ 🌷 🌹 🥀 🌺 🌸 💐 🌿 🍀 #шитобидил #андешапораҳо #гуфторҳо #андарз #пандҳо #пандуандарз #гуфтор #чакидаҳо #shitobidil #shitobi_dil #шеър #байт #шоҳбайт #панд #ҳикоя
0 notes
rustambek-ahmadzoda · 4 years ago
Photo
Tumblr media
❄#Шитоби_дил #Гуфтор ☘ 🌷 🌹 🥀 🌺 🌸 💐 🌿 🍀 #шитобидил #андешапораҳо #гуфторҳо #андарз #пандҳо #пандуандарз #гуфтор #чакидаҳо #shitobidil #shitobi_dil #шеър #байт #шоҳбайт #панд #ҳикоя
0 notes
rustambek-ahmadzoda · 4 years ago
Photo
Tumblr media
Мурдам аз ин алам, ки намурдам барои ту, Эй хок бар сарам, ки нашуд хоки пои ту. Гар ихтиёри марг ба дастам диҳад қазо, Рӯзе ҳазор бор бимирам барои ту. Ғам нест, гар зи меҳри ту дил пора-пора шуд, Эй кош зарра-зарра шавад дар ҳавои ту. Гӯям дуову умри абад хоҳам аз Худо, То умри хеш сарф кунам дар дуои ту. Дар орзуи он, ки ба ман ошно шавӣ, Омехтам бар ҳар кӣ бувад ошнои ту. Ҷои ту дар ҳарими висол аст, эй рақиб, Эй кош будаме мани бедил ба ҷои ту. Аз подшоҳии ҳама офоқ хуштар аст Ин салтанат, ки гашт Ҳилолӣ гадои ту. © Бадриддини Ҳилолӣ ❄#Шитоби_дил #Шеър ☘ 🌷 🌹 🥀 🌺 🌸 💐 🌿 🍀 #шитобидил #андешапораҳо #гуфторҳо #андарз #пандҳо #пандуандарз #гуфтор #чакидаҳо #shitobidil #shitobi_dil #шеър #байт #шоҳбайт #панд #ҳикоя
0 notes
rustambek-ahmadzoda · 4 years ago
Photo
Tumblr media
ПАНҶ ПАНД Худованд ба яке аз Паёмғамбарон гуфт: - Субҳ аз хоб хеста, ба роҳ баро. Аввалин чизеро, ки дидӣ хӯр! Дуввуминро пинҳон кун! Сеюминро ёрӣ расон! Чоруминро ноумед макун! Аз панҷумин бигурез! Пайғамбар субҳ аз хона берун баромад ва пеш аз ҳама дар рӯ ба рӯяш як кӯҳи калони с��ёҳро дид. Ӯ камтар истода, бо худ «Худованд аввалин чизи дидаатро хӯр гуфт. Ман ин кӯҳро чӣ тавр мехӯрам?» андешид ва дар ҳайрат монд! Он гоҳ ба фикраш расид, ки Худованд чизи ғайриимконро супориш намедиҳад, албатта ин кӯҳро хӯрдан мумкин аст. Пайғамбар ҷониби кӯҳ ҳаракат кард ва ҳар қадар пеш мерафт, кӯҳ хурдтар мешуд. Ниҳоят кӯҳ ба сурати луқма намоён шуд. Вақте ки Пайғамбар онро хӯрд, фаҳмид, ки он беҳтарину лазизтарин неъмат аст. Аз он ҷо гузашта буд, тахти тиллоӣ намоён шуд. Бо худ «Худованд супориш дод, ки инро пинҳон кунам» гуфт ва чуқурие кофта, тахтро даруни он гузошт ва хокпӯш намуда, ба пеш рафт. Андаке роҳ рафта, ба қафо нигоҳ кард ва дид, ки тахт дар рӯйи замин меистад. Бо худ гуфт, ки ман ба фармони Худованд амал кардам ва тахтро пинҳон намудам. Сипас, аз пешаш паррандае баромад, ки сайёде аз пайи шикори он мегашт. Парранда омада дар атрофи Пайғамбар ду-се парвоз кард. Ӯ бо худ «Парвардгор фармон дода, ки ба ин ёрӣ расонам» гуфт ва паррандаро дар зери ҷомаи худ пинҳон кард. Ҳамин вақт сайёд омад ва гуфт: - Эй Пайғамбари Худо. Шикорамро аз ман гирифтӣ. Ман чанд рӯз аст, аз дунболаи он мегардам. Пайғамбар бо худ «Супориши чоруми Офаридгор ноумед накардан буд. Ман ин сайёдро набояд ноумед кунам», гуфт ва камтар гӯшт аз борхалтаи худ бароварда ба ӯ доду боз роҳро пеш гирифт. Дар роҳ мерафт, ногоҳ аз пешаш як пора гӯшти гандида баромад. «Мувофиқи супориши Худованд аз ин бояд гурезам» дар ниҳод андешид ва зуд аз он манзил дур шуд. Баъд аз иҷрои супоришҳо ба хона омад ва шаб дар хобаш аз ғайб садо омад: - Супоришҳоро хуб иҷро кардӣ. Оё ҳикмати он супоришотро донистӣ? Чаро ба ту чунин вазифаҳо дода шуд? - Не, надонистам, - ҷавоб дод Пайғамбар. Гуфтанд: - Кӯҳи калони сиёҳе, ки аз рӯ ба рӯят аромад, ҒАЗАБ буд. Инсон вақте дарғазаб мешавад, худро гум мекунад ва аз ақл бегона мешавад. Вале агар худдорӣ карда тавонад ва оташи ғазабашро хомӯш созад, оқибат хурсанд мешавад ва луқмаи ширину лазизро ба даст меорад. Тахти тилло ин амали солеҳ ва кори нек аст. Вақте ки инсон онро пинҳон кунад, Худованд онро аз нав ба рӯй меорад. Парранда одами хирадманд аст, ки шуморо панду андарз медиҳад, насиҳат мегӯяд. Моро зарур аст, ки онҳоро эҳтиром кунем ва ба суханонашон амал намоем. Шикори сайёди гушна, маънои онро дорад, ки мо набояд одамонро ноумед кунем. Мақсад аз гӯшти гандида ғайбат ва бадгӯӣ аст. Бояд аз он гурезем ва набояд дигареро ғайбат кунем. ❄#Шитоби_дил #Ҳикоя ☘ 🌷 🌹 🥀 🌺 🌸 💐 🌿 🍀 #шитобидил #андешапораҳо #гуфторҳо #андарз #пандҳо #пандуандарз #гуфтор #чакидаҳо #shitobidil #shitobi_dil #шеър #байт #шоҳбайт #панд #ҳикоя
0 notes
rustambek-ahmadzoda · 4 years ago
Photo
Tumblr media
Муаллим ба бачаҳои синфаш гуфт, ки мехоҳад бо онҳо бозиеро доир кунад. Ӯ аз бачаҳо хоҳиш кард, ки фардо ҳар кадом як халта бардоранд ва даруни он ба теъдоди одамоне, ки аз онҳо бадашон меояд пиёз андозанд ва ба мактаб оваранд. Фардо бачаҳо бо халтаҳо ба мактаб омаданд. Дар халтаи баъзеҳо 2, баъзеҳо 3 ва баъзеи дигар то 5 пиёз буд. Муаллим ба бачаҳо гуфт: То як ҳафта ҳар куҷое меравед, халтаҳои пиёзро бо худ бубаред. Рӯзҳо ба ҳамин минвол гузаштанд ва кам-кам бачаҳо аз пиёзҳои пӯсидашуда ва бадбӯй шурӯъ ба шикоят карданд. Бар илова, онҳое, ки пиёзи бештар доштанд, аз вазни гарони он хаста шуда буданд. Пас аз гузашти як ҳафта билохира бозӣ ба анҷом расид ва бачаҳо роҳат шуданд. Муаллим аз бачаҳо пурсид: Аз ин, ки як ҳафта пиёзҳоро ҳамл мекардед, чи эҳсосе доштед? Бачаҳо дар посух ҳамагӣ аз бӯи бад ва вазни зиёдатии он шикоят карданд. Он гоҳ муаллим манзури худро аз ин бозӣ чунин тавзеҳ дод: Ин дуруст шабеҳи вазъияте аст, ки шумо кинаи одамҳоеро, ки дӯсташон намедоред дар дили худ нигоҳ медоред ва ҳама ҷо бо худ мебаред. Бӯи бади кина ва нафрат қалби шуморо сиёҳ мекунад. Ҳоло, ки шумо бӯи бади пиёзро натавонистед як ҳафта тоқат кунед, пас чи гуна мехоҳед бӯи бади кина ва нафратро тамоми умр дар дили худ таҳаммул кунед? ❄#Шитоби_дил #Гуфтор ☘ 🌷 🌹 🥀 🌺 🌸 💐 🌿 🍀 #шитобидил #андешапораҳо #гуфторҳо #андарз #пандҳо #пандуандарз #гуфтор #чакидаҳо #shitobidil #shitobi_dil #шеър #байт #шоҳбайт #панд #ҳикоя
0 notes
rustambek-ahmadzoda · 4 years ago
Photo
Tumblr media
❄#Шитоби_дил #Гуфтор ☘ 🌷 🌹 🥀 🌺 🌸 💐 🌿 🍀 #шитобидил #андешапораҳо #гуфторҳо #андарз #пандҳо #пандуандарз #гуфтор #чакидаҳо #shitobidil #shitobi_dil #шеър #байт #шоҳбайт #панд #ҳикоя
0 notes
rustambek-ahmadzoda · 4 years ago
Photo
Tumblr media
❄#Шитоби_дил #Гуфтор ☘ 🌷 🌹 🥀 🌺 🌸 💐 🌿 🍀 #шитобидил #андешапораҳо #гуфторҳо #андарз #пандҳо #пандуандарз #гуфтор #чакидаҳо #shitobidil #shitobi_dil #шеър #байт #шоҳбайт #панд #ҳикоя
0 notes
rustambek-ahmadzoda · 4 years ago
Photo
Tumblr media
❄#Шитоби_дил #Гуфтор ☘ 🌷 🌹 🥀 🌺 🌸 💐 🌿 🍀 #шитобидил #андешапораҳо #гуфторҳо #андарз #пандҳо #пандуандарз #гуфтор #чакидаҳо #shitobidil #shitobi_dil #шеър #байт #шоҳбайт #панд #ҳикоя
0 notes
rustambek-ahmadzoda · 4 years ago
Photo
Tumblr media
Рӯзҳо фикри ман ин асту ҳама шаб суханам, Ки чаро ғофил аз аҳволи дили хештанам. Аз куҷо омадаам? Омаданам баҳри чӣ буд? Ба куҷо меравам, охир нанамоӣ Ватанам. Мондаам сахт аҷаб, к-аз чӣ сабаб сохт маро? Ё чӣ будаст муроди Вай аз ин сохтанам?! Ҷон, ки аз олами улвист, яқин медонам, Рахти худ боз бар онам, ки ҳамонҷо фиканам. Мурғи боғи малакутам, наям аз олами хок, Ду-се рӯзе қафасе сохтаанд аз баданам. Эй хуш он рӯз, ки парвоз кунам то бари дӯст, Ба ҳавои сари кӯяш пару боле бизанам. Кист дар гӯш, ки ӯ мешунавад овозам, Ё кадом аст, сухан мениҳад андар даҳанам?! Кист дар дида, ки аз дида бурун менигарад? Ё чӣ ҷон аст, нагӯӣ, ки манаш пирҳанам! То ба таҳқиқ маро манзилу раҳ нанмоӣ, Як дам ором нагирам, нафасе дам назанам. Майи васлам бичашон то дари зиндони абад, Аз сари арбада мастона ба ҳам даршиканам. Ман ба худ н-омадам инҷо, ки ба худ боз равам, Он, ки овард маро боз барад бар Ватанам. Ту мапиндор, ки ман шеър ба худ мегӯям, То ки ҳушёраму бедор яке дам назанам. Шамси Табрез агар рӯй ба ман бинмоӣ, Валлаҳ ин қолиби мурдор ба ҳам даршиканам. © МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ ❄#Шитоби_дил #Гуфтор ☘ 🌷 🌹 🥀 🌺 🌸 💐 🌿 🍀 #шитобидил #андешапораҳо #гуфторҳо #андарз #пандҳо #пандуандарз #гуфтор #чакидаҳо #shitobidil #shitobi_dil #шеър #байт #шоҳбайт #панд #ҳикоя
0 notes